Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олимпиадаи Токио-2020 оғоз шуд


Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ, ки 23-юми июл дар шаҳри Токио оғоз шуд, дар пойтахти Ҷопон то рӯзи 8-уми август идома хоҳад кард. Маросими ифтитоҳи ботантанаи Олимпиада рӯзи ҷумъа дар Варзишгоҳи миллии Токио доир гардид.

Олимпиадаи Токио-2020, ки бо сабаби пандемияи COVID-19 барои як сол мавқуф гузошта шуд, дар шароити ғайримуқаррарӣ баргузор мешавад.

Дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ кишвари мизбон – Ҷопон - оламро бо фарҳанги худ ошно сохт, шаҳри Токиоро муаррифӣ кард, ки дар он ҷо тамоми ҷаҳон рӯйдодҳоро дар ду ҳафтаи оянда пайгирӣ хоҳанд кард.

Аммо ин маросими ҷолибу пуршукӯҳ бе ҳузури тамошогарон сурат гирифт. Дар маросим императори Ҷопон Нарухито ҳузур дошт.

Нахуст парчами давлатии Ҷопонро беҳтарин варзишгарони ин кишвар – ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ ва мусобиқоти ҷаҳонӣ – таҳти садои Суруди миллӣ барафрохтанд.

Дар варзишгоҳ ҳунарманд ва раққоси ҷопонӣ Мирай Мориама саҳнаеро барои гиромидошти хотираи ҳамаи онҳое, ки аз бемории CОVID-19 аз олам чашм пӯшидаанд, намоиш дод. Лаҳзаи хомӯшӣ эълон шуд.

Дар варзишгоҳ ҳалқаҳои олимпӣ пайдо шуданд, ки аз чӯб сохта шудаанд, ҳама чизро рақс ва мусиқӣ ҳамроҳӣ мекард. Баъдан наворҳои видеоӣ дар бораи ҳунарнамоии варзишгарон дар Олимпиадаҳои қаблӣ намоиш дода шуд.

Сипас паради варзишгарон бо қадамзании ҳайати варзишии Юнон оғоз ёфт. Дар ин парад намояндагони Тоҷикистон низ иштирок карданд, ки дар байни онҳо шаш варзишгар – гуштигирони ҷудо Темур Раҳимов, Комроншоҳи Устопириён, Сомон Маҳмадбеков ва Акмал Муродов, муштзанҳо Баҳодур Усмонов ва Сиёвуш Зуҳуров буданд.

Паҳлавони маъруф Темур Раҳимов парчамбардори ҳайати Тоҷикистон буд. Зимнан, дар ҳар як ҳайат парчамбардорони кишвар дунафарӣ буданд – як зан ва як мард. Шиновар Анастасия Тюрина рӯзи 26-уми июл ҳамроҳи шиновар Олимҷон Ишонов ва даванда Илдар Аҳмадиев ба Токио сафар хоҳанд кард. Вале даванда Гулсумбӣ Шарифова ба иллати ҷаррроҳӣ шудани пояш ба Токио нарафт.

“Тезтар, баландтар, қавитар!”

Дастаи мизбон – Ҷопон - паради кишварҳоро дар маросими ифтитоҳи Олимпиадаи Токио ба поён расонд. Дар маркази варзишгоҳ калимаҳои “Тезтар, баландтар, қавитар, якҷоя!” пайдо шуданд.

Кирсти Ковентри, шиновари маъруф аз Зимбабве, аз номи варзишгарон қасам хӯрд. Баъдан саргузашти гимнасткаи Маҷористон Агнес Келети ба ёд оварда шуд, ки вай имсол 100-сола шуд. Ҳунарпешаҳо дар саҳна чарх зада, пас аз гардишҳои навбатӣ, нишони ин Олимпиадаро ташкил доданд. Суруди машҳури Imagine -и Ҷон Леннон баланд шуд.

Сейко Ҳашимото, раиси Кумитаи тадорукоти Токио-2020
Сейко Ҳашимото, раиси Кумитаи тадорукоти Токио-2020

Сейко Ҳашимото, раиси Кумитаи тадорукоти Токио-2020, дар ин маросим гуфт, "ман шуморо аз самими қалб табрик мегӯям. Мо шодем, ки ин рӯз билохира фаро расид. Тамоми ҷаҳон бо сабаби пандемияи коронавирус ба мушкилоти азим дучор омад. Пас аз муддати тӯлонӣ, Бозиҳои олимпӣ ба Токио баргашт. Мо тамоми қувваамонро ба харҷ медиҳем, ки наслҳои оянда аз ин бозиҳо ифтихор кунанд. Мо дилпурона пеш меравем, ҳоло вақти он аст, ки қудрати варзишро бори дигар нишон диҳем. Мо аз садоқати шумо ба ҳаракати олимпӣ руҳбаланд шудем. Ман итминон дорам, ки ин бозиҳо барои беҳбудӣ ба ҳама эътимод мебахшад ва ҷаҳонро муттаҳид месозад."

Томас Бах, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ
Томас Бах, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ

Томас Бах, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ, зимни суханрониаш гуфт, “имрӯз замони умед аст. Бале, мо ин ҳамаро ба тариқи дигар тасаввур мекардем, аммо биёед аз ин лаҳза лаззат барем. Ин нерӯи муттаҳидкунандаи варзиш аст. Варзишгарон бо мушкилоти азим дучор меоянд, шумо намедонистед, ки кай ба тамрин баргаштан мумкин аст, намедонистед, ки оё ин мусобиқа баргузор мешавад, шумо мубориза бурдед, ҳеҷ гоҳ таслим нашудед, имрӯз орзуи шумо амалӣ мешавад ва ба мо илҳом бахшид, ки мисли шумо мубориза барем ва барои шумо мубориза барем, то ин лаҳзаро имконпазир созем.Ҳамаи ин моро ҷомеаи ҳақиқии олимпӣ месозад. Миллионҳо одамон рақобатро пайгирӣ хоҳанд кард. Ҷамъияти мо фаҳмид, ки мо танҳо дар якҷоягӣ мушкилотро ҳал карда метавонем. Хуш омадед ба ҷомеаи олимпии мо! Мо дар ин ҷомеа баробарҳуқуқем, ҳамон қоидаҳоро эҳтиром ва риоя мекунем. Мо ҳамеша якҷоя қавитарем."

Императори Ҷопон Нарухито Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпиро кушода эълон кард.Ба варзишгоҳ парчами олимпӣ бароварда шуд. Онро варзишгароне бароваранд, ки ҳангоми пандемия ба сокинони минтақаҳои худ, кӯмак кардаанд. Зери суруди олимпӣ дар иҷрои як хор иборат аз 20 нафар парчами олимпӣ дар паҳлӯи парчами Ҷопон барафрохта шуд. Дар Бозиҳои олимпии Токио ҳудуди 12 ҳазор варзишгар аз 204 кишвари ҷаҳон ва ҳамчунин тими паноҳандагон иштирок намуда, барои 339 маҷмуи медалҳо дар 33 риштаи варзиш тули 16 рӯз рақобат мекунанд.

Даҳ варзишгари тими Тоҷикистон

Дар Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ Тоҷикистонро даҳ варзишгар намояндагӣ мекунад. Се нафари онҳо – паҳлавон Комроншоҳи Устопириён, шиноварон Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов бори дуюм аст, ки ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ мушарраф шудаанд. Ҳарсе дар Олимпиадаи Рио-2016 иштирок карда буданд. Ҳафт нафари дигар бори аввал дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунанд.

Рӯзи 24-уми июл муштзани тоҷик Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 кило вориди сабқат мешавад. Сиёвуш Зуҳуров бошад, 25-уми июл дар вазни беш аз 91 кило қувваозмоиро аз даври ҳаштякниҳоӣ шуруъ мекунад. Баҳодур Усмонов дар вазни то 63 кило 27-уми июл ба сабқат мепардозад.

Аз миёни паҳлавонони тоҷик нахустин шуда, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило рӯзи 26-уми июл ба сабқати ҷудо мепардозад. Баъдан Акмал Муродов дар вазни то 81 кило 27-уми июл ба рақобат сар мекунад. Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило 28-уми июл ва Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило 30-юми июл вориди рақобат мешаванд. Дар намуди дигар - шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов 30-юми июл ба рақобат мепардозанд. Илдар Аҳмадиев оид ба варзиши сабук дар давидан ба масофаи 100 метр миёни мардон рӯзи 31-уми июл рақобат хоҳад кард.

Хона дар шаҳри Душанбе ва ҷоизаи пулӣ

Ёдовар мешавем, дар асоси низомномаи Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ба варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ ҷойҳои аввал, дуюм ва сеюмро сазовор мешаванд, мутаносибан 300 000 сомонӣ, 250 000 сомонӣ ва 200 000 сомонӣ супурда мешавад.

Инчунин шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба варзишгароне, ки дар Олимпиадаи Токио медал ба даст меоранд, дар пойтахти кишвар хона туҳфа мекунад. Аз ҷумла, барои медали тилло хонаи чорҳуҷрагӣ, барои медали нуқра хонаи сеҳуҷрагӣ ва барои медали биринҷӣ хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим мегардад.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG