Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Довари тоҷик дар Олимпиадаи Токио-2020 сабқати боксро ҳакамӣ мекунад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Мансур Муҳиддинов, довари дараҷаи байналмилалӣ дар риштаи бокс, дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 рақобатҳои муштзанҳоро ҳакамӣ мекунад. Зимнан, ин дар замони истиқлолияти Тоҷикистон бори аввал аст, ки як намояндаи ин кишвар ба Бозиҳои олимпӣ ба ҳайси довар даъват шудааст.

Мансур Муҳиддинов аз ҷониби гурӯҳи вижаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба мусобиқаҳои интихобии олимпии Африқо ва Аврупо оид ба бокс даъват шуда буд. Ӯро дар баробари 36 нафар ба рӯйхати ҳакамони бокси Олимпиадаи Токио-2020 дохил карданд.

Зимнан, аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҷуз аз Мансур Муҳиддинов, инчунин намояндагони Русия, Украина, Озарбойҷон ва Қазоқистон барои доварии мусобиқоти бокс ба Токио даъват шудаанд.

Мансур Муҳиддинов, мураббӣ ва довари 44-солаи бокс, барои бори аввал дар таърихи Тоҷикистон пас аз ҳашт соли талошҳояш дар бокси ҷаҳонӣ ситораи сеюми довари дараҷаи байналмилалиро ба даст овардааст. Ба ин унвони баланд ӯро Созмони байналмилалии бокси ҳаваскорӣ ё AIBA мушарраф гардонд.

Ин унвони баланд ба ӯ имкон дод, ки дар ҳамаи мусобиқоти байналмилалӣ, аз он ҷумла қаҳрамонии Осиё, ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ, ба ҳайси довар аз Тоҷикистон ширкат варзад.

Мансур унвони довари дараҷаи байналмилалӣ ва ситораи аввали Созмони байналмилалии бокси ҳаваскориро соли 2010 ва ситораи дувуми ин созмонро соли 2017 дар Қазоқистон ба даст овардааст.

Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки давраҳои бозомӯзии ситораи сеюм дар шоҳигарии Тайланд, пойтахти он - шаҳри Бангкок - моҳи июли соли 2018 баргузор шуд ва дар он ҷо аз 20 кишвар доварони дараҷаи байналмилалии дорандаи ду ситораи AIBA интихоб шуда буданд. "Ҳамагӣ 26 нафар будем. Ман аз имтиҳон сарбаландона гузаштам ва ситораи сеюмро ба даст овардам", - афзуд ӯ.

Мансур Муҳиддинов варзишгари ҳирфаӣ аст. Собиқаи муштзаниаш аз солҳои 90-и қарни гузашта шуруъ мешавад. Чандин дафъа қаҳрамони Тоҷикистон дар риштаи бокс шудааст, инчунин медали биринҷии Бозиҳои Осиёи Ғарбиро низ ба даст овардааст.

Ӯ мегӯяд, ки соли 1997 дар Узбекистон дар Ҷоми президенти ин кишвар ҷои дуюмро сазовор гаштааст. Боз дар Русия соли 2000-ум дар ҷоми Мономах, мусобиқаи дараҷаи баландтарини AIBA, сазовори ҷои сеюм шудааст.

Мансур Муҳиддинов ба сифати мураббии ҳирфаии бокс аз вазъи феълии ин намуди олимпӣ дар Тоҷикистон чандон қаноатманд нест. "Бокси имрӯза дар Тоҷикистон ба сармоягузории ҷиддӣ ва ба мураббиҳои ҳирфаӣ ниёз дорад. Фикр мекунам дастгирӣ зиёдтар шавад, натиҷаҳо баландтар мешаванд", - иброз дошт Мансур Муҳиддинов.

Ихтисоси аввали Мансур таърихшинос аст. Баъдан Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро ғоибона хатм кардааст. Аммо ӯ мегӯяд, касби аслиаш муштзанӣ ва акнун доварӣ дар бокс аст. Вай хушҳол аст, ки дар Бозиҳои олимпӣ ба сифати нахустин довар аз Тоҷикистон даъват шудааст ва ҳамин тавр ҳунари довариашро муаррифӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG