Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Агар Толибон биёянд..." Ояндаи норӯшани занони афғон – бо ё бе озодӣ? ВИДЕО


Баъд аз суқути Толибон дар соли 2001 зиндагии зиндагии занони афғон дигару беҳтар шуд
Баъд аз суқути Толибон дар соли 2001 зиндагии зиндагии занони афғон дигару беҳтар шуд

Бо идомаи ҳамлаву ҷанги Толибон, ки қаламравҳои васеи Афғонистонро гирифта, ба марзи Тоҷикистон ҳам расидаанд, нигаронии як табақаи ҷафокашида, яъне занони афғон зиёдтар мешавад. Онҳо, ки дар замони ҳукмронии Толибон зулму беҳуқуқии зиёде дидаанд, мегӯянд, метарсанд, ки дигарбора он даврон бармегардад.

Баъд аз суқути Толибон дар соли 2001, ки занони афғонро аз ҳама ҳуқуқ маҳрум карда буданд, зиндагии ин табақаи ранҷкашида дигару беҳтар шуд. Онҳо ҳоло кору таҳсил мекунанд, дар порлумон ҳастанд ва мақомҳои баланди сиёсӣ доранд. Дар 20 соли гузашта дар ҳукумати Афғонистон чанд зан ҳам вазир буд.

Зуҳро Фаёзӣ Афғон, мураббии тими миллии волейболи Афғонистон, мегӯяд, "насли ҷадид дигар он насли гузаштае нест, ки бихоҳад, он тафаккури хеле шадиди Толибонро бипазирад. Ман мутмаин ҳастам, ки мо насли ҷавони бедоре дорем, ки таваққуашон аз зиндагӣ хеле боло рафтааст.”

Наворро дар инҷо тамошо кунед:

Ояндаи норӯшани занони афғон. Бо ё бе озодӣ?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:38 0:00

Аммо воқеият ин аст, ки нерӯҳои Амрико то моҳи сентябр аз Афғонистон мераванд. Музокироти сулҳи ҳукумату Толибон ба ҷое нарасидааст ва дар гуфтугӯҳои гузашта занон ҳам бисёр кам буданд.

Охири моҳи июн мақомоти Толибон бо нашри як баёния қавл доданд, ки занони Афғонистонро аз ҳаққи таҳсилу кор маҳрум намекунанд. Аммо аз он минтақаҳое, ки Толибон гирифтаанд, гузориш мерасад, ки ҳуқуқи занон зери по мешавад ва ин мардуми зиёдеро нигарон кардааст.

Ҳабиба Содиқӣ, намояндаи ҳукумати шаҳри Кобул, гуфт, "мо тарс аз ин дорем, ки Толибон бо ҳамон афкори собиқи худ наёянд. Бо ҳамон ваҳшияту барбарияте, ки солҳо пеш омада буданд, бо ҳамон наёянд."

Ҳукмронии Толибон, ки аз соли 1995 то соли 2001 дар Афғонистон идома кард, як аҳди тираву торе барои занон буд. Толибон бо такя ба қонунҳои иртиҷоии шариат, занонро аз ҳаққи кору таҳсил маҳрум карданд. Онҳо бояд ҳиҷоб ё бурқа мепӯшиданд ва ҳақ надоштанд, танҳо аз хона берун оянд, ҳатто агар муҳтоҷи кумаки табиб буданд. Бонувон дар асл ҳеч ҳаққе дар бораи таъйини сарнавишти сиёсӣ ва ё иҷтимоии кишварашон надоштанд ва дар инзиво буданд.

"Бузургтарин дағдаға ва ё нигаронии занон гирифтани ҳаққи интихоб аз онҳост. Ин ҳаққи интихоб метавонад, дар тамоми арсаҳо бошад, аз берун рафтан аз хона то интихоби ҳамсар, интихоби таҳсил, кор ва соири маворид. Ин бузургтарин нигаронии занон аст, ки агар Толибон биёянд, онҳо дар хонаҳояшон маҳбус мешаванд ва метавонам, бигӯям, ҳаққи дидани рӯи офтобро нахоҳанд дошт", -- нигаронӣ кард Розия Дониш аз Донишгоҳи Котиби Кобул.

Ҳатто агар музокироти сулҳ дар Афғонистон натиҷа бидиҳад, ҳомиёни ҳуқуқи занон метарсанд, ки Толибон бо истифода аз қудрати афзояндаашон ҳаққу ҳуқуқи занони афғонро аз онҳо мегиранд ва ё маҳдуд мекунанд.

XS
SM
MD
LG