Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теҳрон иттиҳоми Исроилро рад кард; Беннет "буздилона" хонд


Саид Хатибзода
Саид Хатибзода

Теҳрон иттиҳоми Исроилро дар мавриди даст доштан дар ҳамлаи ҳафтаи гузашта ба як киштии нафткаш дар обҳои Умон рад кард. Ин киштӣ аз Танзания ба сӯи бандари Фуҷайра дар ҳаракат буд. Дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин ду тан аз ҳайати хадамаи киштӣ ҷон бохтаанд. Саид Хатибзода, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, рӯзи 1-уми август ба хабарнигорон гуфт, Исроил дар минтақа ноамнӣ ва террору хушунат эҷод кардааст. Вай иттиҳоми Исроилро беасос хонд. Нахуствазири Исроил мегӯяд, Теҳрон аз масъулият шона холӣ мекунад. Нафталӣ Беннет ин кори Эронро “буздилона” номид.

XS
SM
MD
LG