Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аркадий Дубнов: "Толибон имрӯз худ Афғонистон ҳастанд"


Аркадий Дубнов
Аркадий Дубнов

Ҷангҷӯёни ҷунбиши "Толибон" дар ҳоле ки ба дарвозаҳои Кобул расидаанд ва, бино ба хабарҳо, интиқоли "сулҳомез"-и қудрат баҳс мешавад, бисёриҳо аз ояндаи кишвар ва таъсираш ба ҳамсояҳои он нигаронанд. Телевизиони "Настоящее Время" рӯзи 14-уми август аз таҳлилгари минтақаӣ, Аркадий Дубнов, пурсида буд, ки Толибон назорати пойтахти Афғонистонро кай ба даст меоранд?

- Фикр мекунам, ҳоло суол он нест, ки пойтахтро мегиранд ё не, чунки ин аллакай ногузир аст. Фаъолии Толибон ва барқарор шудани ҳукумати онҳо дар маркази вилоятҳои Афғонистон ва дар давру бари кишвар чӣ маъно дорад? Ин ба он маъност, ки Толибон мехоҳанд, ҳукуматро дар тамоми қаламрави кишвар ба даст оранд. Гирифтани Кобул танҳо факти барқарор шудани ҳукумати Толибонро собит хоҳад кард... Медонед, ҳоло ин чандон муҳим нест.

- Пас, чӣ муҳим аст?

- Муҳим он нест, ки Толибон ... пирӯз мешаванд, балки он аст, ки мо имрӯз фоҷеаро дарк мекунем, ки Толибон худ Афғонистон ҳастанд, мефаҳмед?

- Манзури Шумо ин аст, ки сокинони маҳаллӣ онҳоро ҳимоя мекунанд?

- Бале ҳаминро мегӯям, ки бубинед марказҳои вилоятҳо, қумандонҳои саҳроӣ, ҳама раисони устонҳо пеши Толибон таслим мешаванд, ҳукумат, аслиҳа, нуфуз ва назорати умурро ба ихтиёри онҳо вомегузоранд. Амалан касе дар ғами режими ҳоким дар Кобул, раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ, нест.

- Ба ҷуз аз паноҳандагон, ки ҳоло аз кишвар мегурезанд?

- Ба ҷуз аз паноҳандагон. Гап дар сари ин ки ҳукумат натавонист, амниятро барои бахши аъзами шаҳрвандони Афғонистон таъмин кунад. Ин ҳолат ба ёди ман ҳаводиси 30 сол пешро меорад. Иттиҳоди Шӯравӣ фурӯ мепошид ва пас аз декабри соли 1991, ки созишномаи қатъи кори Иттиҳод имзо шуд, касе барои ҳимоя аз он садо баланд накард. Ин ҷо ҳам ҳамин тавр: касе барои ҳимояи Кобул намехезад, ҳарчанд роҳбарони алоҳида ҳоло ҳам иддао доранд, ки онҳо муқовиматро идома дода истодаанд. Бубинед, дар Ҳирот чӣ рӯй дод: яке аз роҳбарони Иттиҳоди Шимол, ҷангсолори маъруф бо номи “Шери Ҳирот” Исмоил Хон, ба асорат афтод. Мегӯянд, ба ӯ ҳимоятгаронаш хиёнат карданд. Ин муҳим нест, асос он ки ин ҷо ба истилоҳ бо маслиҳати пешакӣ ҳама чиз ба Толибон дода мешавад. Барои он ки мефаҳманд, ин созмон баёнгари тарзи зиндагӣ барои қисмати бузурге аз сокинони Афғонистон аст. Ин бозгашт ба асли қадим, ҳарчанд бо унсури дастовардҳои тамаддуни имрӯза, ки албатта бештарашон аз ғарбанд. Аммо бовар надорам, ки ин режим то куҷо ин даствардҳоеро, ки ҳама дар борааш ҳарф мезананд, ҳифз мекунад: ҳуқуқи занон, таҳсили духтарон ва ғайра. Мутаассифона, мо дар ростои ин воқеият қарор дорем: Ғарб бори дигар шоҳиди он шуд, ки қодир нест ҷомеаеро, ки дар сатҳи дигари рушди таърихӣ қарор дорад, маданӣ кунад.

- Оё мешавад тахмин зад, ки Ғарб ба ин раванд мудохила мекунад?

- Мудохила мекунад, яъне чӣ? Ғарб 20 сол пеш мудохила кард. Гап дар сари ҳамин аст. Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам талош кард дар он ҷо сотсиализмро бор кунад. Натиҷа чӣ шуд? Маҳз ҳамон вақт ҳаракати ҷиҳодӣ ҳамчун як зуҳурот пайдо шуд бо номи “Ҳафтгонаи Пешовар”, муқовимат ба мудохилаи низомӣ маҳз пас аз ҳуҷуми Шӯравӣ ба Афғонистон пайдо шуд. Ҳоло ҳам ҳамин.

- Агар Толибон назорати умурро дар тамоми қаламрави кишвар ба даст оранд, оё ба кишварҳои ҳамсоя ба мисли Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон хавф эҷод намекунанд?

- Мо дар ин бора борҳо гуфтем. Толибон худкуш нестанд, ба пойи худ тир холӣ намекунанд. Мефаҳманд, ки танҳо дар он сурате ба онҳо имкони ҳукумат рондан дар Афғонистон ва ҷорӣ кардани қоидаҳои шариатро медиҳанд, ки барои амнияти кишварҳои атрофи Афғонистон хавф эҷод накунанд. Ягон ҳолати ташкили экстремизм, терроризм бо ширкати Толибон берун аз қаламрави Афғонистон дар 27 соли арзи вуҷуд доштани Толибон сабт нашудааст... ягонто!

- Дар кишварҳое, ки паноҳандагони афғон фирор мекунанд, моҷаро сар намезанад? Он ҷо чӣ ҳолат ба вуҷуд меояд?

- Ҳоло гап дар сари паноҳандагон не, балки дар бораи одамони беҷошуда меравад. Ин дар дохили Афғонистон рух дода истодааст, ҳама ба Кобул фирор карда истодаанд. Кишварҳои дигар, Покистон ва Эронро дар назар дорам, солҳо боз миллионҳо паноҳандаи афғон дар он ҷо зиндагӣ мекунанд. Албатта, ин фактор муҳим аст. Аммо ба гумон аст, ки муҳоҷирони афғон ба шакли саросарӣ ба кишварҳои Осиёи Миёна рӯ оранд. Мо ҳоло шоҳидем, ки Узбекистон аз пазируфтани паноҳандагони афғон даст кашид, Тоҷикистон гуфт, гуё то сад ҳазор паноҳандаро аз Афғонистон мепазирад. Ин як тасмими аҷибу ғариб аст ва ба фикрам ҳоло Душанбе аз ин тасмим аллакай даст кашид. Бинобар ин, фоҷеаи саросарӣ дар кишварҳои шимоли Афғонистон бинобар пазируфтани паноҳандгон рух нахоҳад дод, на барои он ки паноҳандагон намераванд, балки онҳоро қабул намекунанд.

XS
SM
MD
LG