Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кадомашон ба Афғонистону мардумаш ишқи воқеӣ доштанд?" Паёми як овозхони афғон аз Амрико


Рамша Шафо. Акс аз саҳифаи расмияш дар Фейсбук
Рамша Шафо. Акс аз саҳифаи расмияш дар Фейсбук

Пас аз ишғоли минтақаҳои Афғонистон аз ҷониби "Толибон", даҳҳо овозхон ва навозандаи машҳури ин кишвар аз ватан рафтаву бархе дар хонаҳояшон пинҳон мондаанд. Баъзе аз овозхонҳои афғонистонӣ дар хориҷа тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба вазъи ҳоким дар кишвари худ эътироз мекунанд.

Як овозхони афғонистонии муқими Амрико таҳаввулоти охирро дар кишвараш ҳосили "фасоду фақр, манфиатхоҳӣ, қудратталабӣ ва нажодпарастиву бемасъулиятӣ"-и раҳбарон дар баробари хоку мардуми Афғонистон номидааст.

Рамша Шафо рӯзи 21-уми август дар паёми видеоӣ дар Фейсбук гуфт, "кадом якеашон ишқу масъулияти воқеӣ дар муқобили Афғонистону мардумаш доштанд? Кадом якеашон ватанро нафурӯхтанд? Кадом якеашон ҷайбҳоро пур накарданду фирор накарданд?"

Вай дар идома афзудааст: "Дар таърихи Афғонистон як нафар пайдо нашуд, ки ишқ ва масъулият дар баробари хоку мардуми Афғонистон дошта бошад. Ҳар кадомаш омад, Афғонистонро як ҷойи муваққатӣ донист. То вақт доранд, бояд ҷайбҳоро пур кунанд. Як зарра, ки ба сарашон фишор ояд, ватанро дар оташ мегузоранду худашон фирор мекунанд."

Ишораи охири ӯ зоҳиран ба Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон аст, ки рӯзи 15-уми август, замоне ки ҷангҷӯёни "Толибон" дар паси дарвозаҳои Кобул буданд, аз кишвараш рафт. Ғанӣ гуфтааст, фирори ӯ аз Афғонистон ба хотири пешгирӣ аз хунрезии зиёд буд.

Аммо ин ягона чизе нест, ки президентро танқид мекунанд. Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, Муҳаммад Заҳири Ағбар, рӯзи 18-уми август ӯро ба бурдани "169 миллион доллари мардум" гунаҳкор кард. Ашраф Ғанӣ, ки мегӯяд, феълан дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аст, ҳамагуна бурдани пулро рад кард ва иддао намуд, ки бо як пироҳан аз кишвар берун шуда, ҳатто барои иваз кардани пойпӯшҳояш фурсат наёфт.

Рамша Шафо, ки ба гуфтаи худаш овозхони паштузабон аз Қандаҳор асту дар Амрико ба сар мебарад, хоҳони муттаҳиддӣ ва нуқта гузоштан ба ҷангу парокандагӣ дар Афғонистон шудааст.

"Дар тамоми таърихи Афғонистон ба як нафар эҳтиром қоил ҳастам, ки он ҳам доктор Наҷиб аст. Вале бибинед. Як доктор, як рӯшанфикр, як мағзи мутафаккир то дами марг истод шуд, худашро ба куштан дод, вале нагузошт, ки тоҷик ҳукумат кунад... Чаро? Тоҷик афғон нест? Дақиқан чӣ балое бояд ба сари мо биояд, то бедор шавем? Аз нафрату кинаву нажодпарастӣ даст кашем? Дарди мо чӣ аст? Фикр намекунам, ки аз ин бадтар шавад", -- хулоса кардааст ӯ.

Навору навиштаи Рамша Шафо дар инҷост:

Афғонистон пас аз тақрибан бист сол дигарбора зери назорати гурӯҳи "Толибон" даромад. Ин ҷунбиш, ки ҳукуматашро Аморати Исломӣ меномад, аз соли 1996 то 2001 низ бар Афғонистон ҳоким буд, вале дар пайи амалиёти нирӯҳои байналмилалӣ сарнагун шуд.

Ҳоло "Толибон" минтақаҳои Афғонистонро, ба ҷуз аз Панҷшер, зери назорат дорад. Намояндагонаш мегӯянд, дар фикри ташкили ҳукумати ҳамашумул ҳастанд ва озодии мардумро замонат медиҳанд, вале бисёриҳо ба ваъдаи "Толибон" бовар надоранд. То кунун чанд хабарнигори зан шикоят карданд, ки Толибон онҳоро кор кардан намемонанд.

XS
SM
MD
LG