Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо Баҳрайн ба Манама расид


Tajikistan, Dushanbe city, Tajikistan national football team U-23.
Tajikistan, Dushanbe city, Tajikistan national football team U-23.

Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон, ки барои баргузор кардани ду бозии дӯстона бо тими ҷавонони Баҳрайн (U-23) субҳи имрӯз, 1-уми сентябр, тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе - Дубай - Манама сафар кард, ба пойтахти Баҳрайн расид. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон Фаридун Солиев хабар дод.

Ба иттилои ӯ бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) ва Баҳрайн (U-23) рӯзҳои 3-юм ва 6-уми сентябр дар Манама баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки бозиҳои дӯстонаи футболбозони ҷавони тоҷик бо ҳамсолонашон аз Баҳрайн дар доираи омодагии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 доир мегарданд.

То парвоз ба Манама мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар варзишгоҳи бошгоҳи футболи ССКА-и Душанбе се машғулияти тамринӣ анҷом дод.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар шомиланд. Ҳамлагари бошгоҳи «Торпедо-БелАЗ»-и Беларус Шаҳром Самиев ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Манама ҳамроҳ мешавад.

Бинобар омодагии дастаи «Истиқлол» ба бозии 1/8-ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 муқобили тими «Персеполис»-и Эрон бозигарони бошгоҳи Душанбе ба дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон даъват нашуданд.

Ба ғайр аз ин, ба иллати маҳдудиятҳо дар бастагӣ бо пандемияи COVID-19 дар Малайзия ҳамлагари бошгоҳи «Пенанг» Шериддин Бобоев дар бозиҳои дӯстонаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон иштирок намекунад.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 27-ум то 31-уми октябри имсол дар Душанбе барпо мегардад, дар гурӯҳи «В» рақобат хоҳад кард. Футболбозони ҷавони тоҷик 27-уми октябр бо мунтахаби Лубнон, 29-уми октябр бо дастаи Непал ва 31-уми октябр бо тими Эрон бозӣ мекунанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) дар бозиҳои дӯстона муқобили мунтахаби Баҳрайн:

Дарвозабонҳо: Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Аҳлиддин Ҳабибуллоев («Кӯктош»), Муҳаммадрабӣ Раҳматуллоев («Барқчӣ»);

Ҳимоятгарон: Наимҷон Иброҳимзода («Хуҷанд»), Муҳаммад Саломзода («Кӯктош»), Ҳусейн Нурматов («Истаравшан»), Муҳаммадҷон Насков, Фирдавс Алиназаров (ҳарду аз «Хатлон»), Шоҳрух Сангов («Файзканд»), Алиҷон Кароматуллозода (ССКА), Исроил Холов («Регар-ТадАЗ»);

Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Кароматулло Саидов, Абдулмуъмин Забиров, Далер Ёдгоров (ҳарсе аз «Хуҷанд»), Сорбон Авғонов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов (ССКА), Хуршед Абдуллоев («Душанбе»), Эмомалӣ Аҳмадхон, Шуҳрат Элмуродов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Торпедо-БелАЗ», Беларус), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Истаравшан»).

Сармураббӣ – Мубин Эргашев.

XS
SM
MD
LG