Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди унвони "пешвои миллат" ба Шавкат Мирзиёев. Поёни "демократия" дар Узбекистон?


Шавкат Мирзиёев соли 2016 ба қудрат расид
Шавкат Мирзиёев соли 2016 ба қудрат расид

Ду вакили порлумони Узбекистон пешниҳод кардаанд, ки ба президенти он кишвар, Шавкат Мирзиёев, унвони "пешвои миллат" дода шавад. Чунин унвонро раҳбарони собиқ ва ҳозираи аксар кишварҳои Осиёи Марказӣ доранд. Ҷонибдорони "пешво"-ҳо аз чунин “қадрдонӣ” ситоиш, аммо мухолифон ҳамчун бахше аз шахспарастӣ танқид мекунанд.

Пешниҳоди додани унвони “пешвои миллат” ба Мирзиёев бори аввал аз забони узви Сенати Узбекистон, Қудратилло Рафиқов, садо дод. Вай рӯзи 19-уми августи имсол дар мақолае аз хидматҳои раиси ҷумҳурии Узбекистон ситоиш карда, гуфт, "дар табиат ва хислати Шавкат Мирзиёев чизи ғайриоддие нуҳуфтааст. Мардум низ дар ҳайратанд, ки оё ӯ боре хоб меравад ва ё истироҳат мекунад ё не."

Рафиқов илова кардааст, ки Мирзиёев дар байни раҳбарони минтақа низ аз эҳтироми хос бархурдор аст ва аз ин рӯ месазад, ӯро “сардори миллат” ё “пешвои миллат” биноманд.

Баъд аз ин, вакили дигари порлумони Узбекистон, Акмал Саидов, мақолаеро ба нашр расонда, дар баробари номи Шавкат Мирзиёев аз ибораи "сарвари миллат" истифода намуд. Ӯ ҳангоми тавсиф аз хидматҳои Мирзиёев дар рушди Узбекистон, ӯро "юртбошӣ" ё "сарвари кишвар" низ номид.

Ин унвони ғайрирасмиро аллакай баъзе аз расонаҳо ва ҷомеаи Узбекистон ҳамчун нишони эҳтиром ва кӯшиши хушомадгӯйӣ нисбат ба Мирзиёев истифода мебаранд. То кунун Мирзиёев ба ин гуна пешниҳодҳо вокуниш накардааст, аммо дар гузашта гуфта буд, ки чунин хушомадгӯйиро дӯст намедорад.

Вай соли 2016, пас аз марги раиси ҷумҳурии нахустини Узбекистон Ислом Каримов ва тағйири шубҳаноки қудрат ба сари ҳукумат омад.

Мақбараи Ислом Каримов дар Самарқанд
Мақбараи Ислом Каримов дар Самарқанд

Пешниҳоди додани унвони “пешвои миллат” ба раиси ҷумҳурии Узбекистон дар замоне садо медиҳад, ки ӯ бори дувум барои ба даст овардани курсии президентӣ дар интихоботи 24-уми октябри имсол иштирок мекунад. Пешбинӣ мешавад, ки дар ин интихобот низ ба мисли маъракаҳои гузаштаи сиёсӣ на рақобати воқеӣ хоҳад буд ва на нозирони ғарбӣ. Бисёриҳо ин ҷараёнро ба таври расмӣ дароз кардани муҳлати президентии Шавкат Мирзиёев медонанд.

Агар ба президенти Узбекистон ба таври расмӣ унвони “пешвои миллат”-ро диҳанд, сафи “пешвоён” дар Осиёи Марказӣ хоҳад афзуд.

Чунин унвонгузорӣ аз президенти пешини Туркманистон, Сафармурод Ниёзов, оғоз ёфтааст, ки ҳанӯз соли 1993 ба худ унвони “Туркманбошӣ” ё “Раҳбари ҳамаи туркманҳо”-ро гирифта буд.

Ниёзов, ки то дами марг бо панҷаҳои оҳанин кишварро идора мекард, бо фармонҳои аҷибу ғариб ва парастиши аз ҳад зиёди шахсияташ шинохта буд. Порлумони Туркманистон соли 1999 ба ӯ ҳақ дод, ки умрбод раҳбари ин кишвар бимонад.

Сафармурод Ниёзов ва Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов
Сафармурод Ниёзов ва Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов

Вориси тахташ, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, соли 2011 ба худ унвони расмии “Арқадаг” (Муҳофиз)-ро гирифт. Бердимуҳаммадов соли 2010 бо вайрон кардани муҷассамаи Сафармурод Ниёзов дар Ишқобод бисёриҳоро барои аз байн бурдани шахспарастӣ дар Туркманистон умедвор кард, аммо ин вазъ дер напоид. “Арқадаг” пас аз панҷ сол парда аз рӯйи пайкараи тиллоияш бардошт, ки дар болои асп тасвир ёфтааст.

Телевизионҳои Туркманистон пайваста ӯро ҳангоми аспсаворӣ, сурудхонӣ, навиштаниу китобу варзиш ва мошинсаворӣ нишон медиҳанд, дар ҳоле ки аҳолии кишвар солҳои охир бо буҳрони молӣ даст ба гиребон ҳастанд ва аз норасоии ғизо ранҷ мекашанд.

Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон, дар давоми сӣ соли раҳбарӣ ба ин кишвари саршор аз нафту гази минтақа шахстпарастиро рушд дод. Вай соли 2019 аз мансаби президент истеъфо дод, аммо раиси ниҳоди пурнуфузи Шӯрои амният ва ҳизби ҳокими “Нур Отан” монд.

Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев

Порлумони Қазоқистон соли 2010 ба Назарбоев унвони “пешво”-ро дод. Соли 2019 пойтахти ин кишвар, шаҳри Остона ба Нурсултон, номи Нурсултон Назарбоев, табдил шуд. Ба ифтихори ӯ номи чанд донишгоҳи бонуфуз ва мактабу кӯчаҳои бешумореро гузоштаанд.

Дар Тоҷикистон панҷ сол пеш ба раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон расман унвони “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”-ро доданд. Ҳамроҳ бо ин, президент Раҳмон ва хонаводааш умрбод аз дахлнопазирӣ бархурдоранд.

Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Қонун

Дар бораи "Пешвои миллат" соли 2016 қабл шуда, ба президенти ҳозираи Тоҷикистон иҷозат медиҳад, ки пас аз канор рафтан аз қудрат низ шахси аввали ҷумҳурӣ бимонад. Ин қонун дар умум вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ, салоҳият, дахлнопазирӣ, бунёди осорхона, бойгонӣ, китобхона, амният ва кафолатҳои иҷтимоиву иқтисодии Эмомалӣ Раҳмонро муқаррар мекунад. Мақомот қабули ин қонунро хосту эҳтироми мардум ва мунтақидон "хилоф бо меъёрҳои як кишвари демократӣ" донистанд.

Ягона кишваре дар Осиёи Марказӣ, ки “пешво” надорад, Қирғизистон аст. Аз замони барканории президенти аввалини Қирғизистон, дар пайи инқилоби соли 2005, раҳбарони он кишвар дар ҳукумат дер намепоянд.

XS
SM
MD
LG