Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ бо 14 медал мақоми ҳафтумро касб кард


Дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил), ки дар шаҳри Қазони Тотористони Русия ба поён расид, варзишгарони тоҷик 14 медал – 7 нуқра ва 7 биринҷӣ – гирифтанд. Тоҷикистон дар байни 9 кишвари ширкаткунандаи бозиҳо ҷойи ҳафтумро соҳиб шуд.

Дар сабқати гуштии юнониву румӣ Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни то 60 кило соҳиби медали нуқра, Асламҷон Азизов дар вазни то 55 кило барандаи медали биринҷӣ шуда буданд.

Дар сабқати гуштии озод Муҳаммад Икромов дар вазни то 61 кило ва Мустафо Аҳмадов дар вазни то 70 кило сазовори медалҳои нуқра гардиданд.

Медали дигари нуқраро Нурланбек Эрматов дар намуди бокс дар вазни то 75 кило ба даст овард.

Дар сабқати гуштии камарбандӣ Фирӯзҷон Зиёев дар вазни то 68 кило ва Дилшод Қурбонов дар вазни то 82 кило соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.

Дар сабқати гуштии кураш Хуршедшоҳ Каримзода дар вазни то 60 кило ва Ҳоҷиакбар Тошмуродов дар вазни то 80 кило медалҳои нуқра, инчунин Қурбоналӣ Охунов дар вазни то 75 кило медали биринҷӣ гирифт.

Дар сабқати самбо Ҷаҳонафрӯз Сулаймонов дар вазни то 71 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Дар сабқати бокси тайландӣ Бибинишастамо Холова дар вазни то 60 кило миёни занон бо медали нуқра ва Амонҷон Даминов дар вазни то 71 кило миёни мардон бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Дар сабқати тенниси рӯи миз Аминҷон Мавлонов ва Ҷамшед Ҳасанов дар рақобатҳои ҷуфти мардона медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ беш аз 1100 варзишгар аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат варзиданд. Синну соли варзишгарон аз 14 то 23-сола буд. Онҳо барои 182 маҷмӯи ҷоизаҳо дар 11 иншооти варзишии Қазон мубориза бурданд.

Ба барномаи мусобиқот, ки дар Қазон аз 2-юм то 11-уми сентябр идома кард, 16 намуди варзиш дохил буд: бадминтон, баскетбол (3х3), бокс, гуштии камарбандӣ, ҷудо, каратэ, кураш, тенниси рӯи миз, тирпарронӣ, самбо, гуштии варзишӣ, камонварӣ, муайтай, рақси варзишӣ, футзал ва гимнастикаи бадеӣ.

Тоҷикистонро дар ин бозиҳо 51 варзишгар дар 11 риштаи варзиш намояндагӣ карданд.

Баъди натиҷагирии даҳ рӯзи мусобиқот дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Қазон, ки таҳти сарпарастии Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд, аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо Русия бо касби 215 медал, аз он ҷумла 114 нишони тилло, ҷойи аввалро азони худ кард.

Узбекистон бо касби 91 медал, минҷумла 23 медали тилло, дар ҷойи дувум ва Қазоқистон бо касби 106 медал, аз ҷумла 18 нишони тилло, дар ҷойи севум қарор доранд.

Тоҷикистон баъди Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Беларус ва Қирғизистон дар мақоми ҳафтум қарор дошт ва аз Арманистону Молдова пеш гузашт.

Намояндагони се кишвар – Тоҷикистон, Арманистон ва Молдова –медали тилло надоранд. Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи охирин аст. Зимнан, дар ин бозиҳо Туркманистон иштирок накард.

Мавқеи дастаҳои мунтахаб баъди натиҷагирии мусобиқот дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Қазон

Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ

1

Русия

114

42

59

215

2

Узбекистон

23

32

36

91

3

Қазоқистон

18

35

53

106

4

Озарбойҷон

15

16

29

60

5

Беларус

8

32

29

69

6

Қирғизистон

3

10

25

38

7

Тоҷикистон

0

7

7

14

8

Арманистон

0

5

8

13

9

Молдова

0

2

11

13

Бояд гуфт, ки ғояи гузаронидани аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ аз ҷониби Федератсияи Русия пешниҳод шуда буд. Пешниҳоди мазкур дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ дар Душанбе 28-уми сентябри соли 2018 дастгирӣ ёфт. Қарор оид ба баргузор кардани аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Қазон 25-уми октябри соли 2019 қабул шуд.

Дар ибтидо баргузории аввалин Бозиҳои ИДМ моҳи августи соли 2020 ба нақша гирифта шуда буд, аммо баъдтар бо сабаби пандемияи COVID-19 ба таъхир андохта шуд. Қарор аст, ки бозиҳо ҳар ду сол дар ҳар як кишвари ИДМ баргузор шаванд.

XS
SM
MD
LG