Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон як театри Қирғизистонро бо $5 млн бозсозӣ мекунад


Бозсозии Театри давлатии узбекии драмавӣ-мусиқии ба номи Бобури шаҳри Ӯши Қирғизистон 13-уми сентябр оғоз шудааст.

Ба огаҳии шаҳрдори Ӯши Қирғизистон, комиссияи махсус бо раҳбарии муовини раиси шаҳр Ҷасур Азимов аз театри мазкур боздид карда, бо рафти корҳои бозсозӣ аз наздик шинос шудааст.

Ин театр дар доираи созишномаи ҳосилшуда миёни Узбекистон ва Қирғизистон барои тақвияти робитаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ бозсозӣ мешавад.

Қарор аст, бозсозии театр ибтидои соли оянда ба поён бирасад. Барои бозсозии он 5 миллион доллар ҷудо шудааст.

Театри узбекии Ӯш яке аз нахустин театрҳо дар Осиёи Марказӣ аст. Он соли 1918 (бино ба баъзе маълумотҳо соли 1914) бунёд гаштааст. Соли 2005 ба он мақоми академикӣ дода шудааст.

XS
SM
MD
LG