Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҳир Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ даргузашт


Тоҳир Азиззода.
Тоҳир Азиззода.

Тоҳир Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ шоми 14-уми сентябр даргузашт. Наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Азиззода се рӯз пеш дар Беморхонаи "Истиқлол"-и Душанбе аз ноҳияи сараш ҷарроҳӣ шуда буд.

Як масъули ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, Тоҳир Азиззода аз оғози моҳи сентябр дар ҷойи кор набуд ва табобат мегирифт. "Якбор бемор шуда, беҳтар шуда буданд, аммо аввали моҳ дубора саломатиашон бад шуд ва барои табобат ба Душанбе рафтанд",-гуфт масъули ҳукумати Мастчоҳ.

Дар назар аст, ки маросими видоъ бо Тоҳир Азиззода имрӯз 15-уми сентябр дар зодгоҳаш деҳаи Пастиғави ноҳияи Мастчоҳ баргузор шавад. Азиззода 41-сол дошт ва аз моҳи январи соли 2020 раиси ноҳияи Мастчоҳ буд. Пештар аз ин дар мансаби муовини якуми раиси ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ кор мекард.

Даргузашти ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамдардии зиёд ба бор овард. Бисёриҳо аз иқдоми Тоҳир Азиззода ҳангоми оғози низоъ дар марз ба Қирғизистон ёд карданд, ки бо гуруҳе аз ҷавонон ба изҳори ҳамрайъӣ ба Исфара рафт ва ҳам ҷавонмарг шуданаш мояи таслиятҳои бешумор гардид.

XS
SM
MD
LG