Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандагони ҷоизаҳои Юсуф Абдусаломов маълум шуданд


Акс аз сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоыикистон.
Акс аз сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоыикистон.

Рӯзҳои 18-19-уми сентябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии озод миёни ҷавонон барои дарёфти ҷоизаҳои барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпӣ Юсуф Абдусаломов баргузор шуд. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар мусобиқа, ки миёни ҷавонони солҳои таваллудашон 2001-2003 сурат гирифт, 80 варзишгар аз ҳамаи манотиқи кишвар иштирок карданд.

Қувваозмоиҳо тибқи қоидаҳои Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ (UWW) дар 10 вазн доир гардид.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа:

57 кг
1. Ҳусейн МАЛИКОВ (Душанбе-2)
2. Муҳаммад МИРЗОКАРИМЗОДА (ШНТМ)
3. Сафаралӣ АБДУЛҲАҚОВ (Душанбе-2)
3. Умед КАЛОНОВ (Душанбе-2)

61 кг
1. Қаюмҷон ҲАЛИМОВ (Душанбе-2)
2. Умед ВАЛИЕВ (Душанбе-2)
3. Маҳмадшариф ЗАЙНИДДИНОВ (Хатлон-1)
3. Ҳасан МАЛИКОВ (Душанбе-2)

65 кг
1. Фотеҳҷон ОЛИМОВ (Суғд)
2. Меҳроб ШАРИПОВ (Душанбе-2)
3. Спартак БАҲРОМОВ (Душанбе-2)
3. Шоҳбахт РАҲМАТЗОДА (Суғд)

70 кг
1. Магамед ТАЙҒУНОВ (Душанбе-2)
2. Шаҳром МАҚСУДОВ (Душанбе-2)
3. Фаридун СОҲИБОВ (Душанбе-2)
3. Шаҳбоз ФАЙЗЗОДА (Душанбе-2)

74 кг
1. Муҳаммад НАЗАРОВ (Душанбе-1)
2. Акмал ТОИРОВ (Душанбе-2)
3. Ибод САЪДУЛЛОЕВ (Душанбе-2)
3. Улуғбек ҚОДИРОВ (Душанбе-2)

79 кг
1. Пулодҷон БУРҲОНОВ (Суғд)
2. Абдубашир БОБОХОНОВ (Душанбе-2)
3. Саидҷон САМИЕВ (Хатлон-2)
3. Шоҳзод МУЗАФФАРЗОДА (Душанбе-2)

86 кг
1. Раҳматҷон ИСМАТОВ (Душанбе-2)
2. Шаҳриёри РУСТАМ (Хатлон-2)
3. Саидҷон АБДУЛЛОЕВ (Душанбе-2)
3. Ҷаҳонгир ОҚИЛОВ (Душанбе-2)

92 кг
1. Муҳаммад ГИЁЕВ (Хатлон-2)
2. Қосим ХУШБАХТЗОДА (Хатлон-1)
3. Эҳсон ВОҲИДОВ (Хатлон-1)
3. Қобилҷон ЗАЙНИЕВ (Суғд)

97 кг
1. Маъруфҷон ҶӮРАЕВ (Душанбе-2)
2. Мақсудҷон ЮСУФЗОДА (Хатлон-1)
3. Афзалшоҳ НОРМАҲМАДОВ (Хатлон-1)
3. Раҳимҷон МИРЗОЕВ (Хатлон-2)

125 кг
1. Комрон МАҲМАДАЛИЗОДА (Душанбе-2)
2. Шоҳрух ДАВЛАТЗОДА (Душанбе-1)
3. Бахтиёр ДАВЛАТХОНОВ (Хатлон-1)
3. Анушервон РОЗИҚОВ (Хатлон-2)

Маълумотнома

Юсуф Абдусаломов 8-уми ноябри соли 1977 дар Доғистони Русия таваллуд шудааст. Факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Доғистонро хатм кардааст.

Аз соли 2002 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон буд ва соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин сазовори медали нуқра гардид. Ӯ ҳамчунин медали нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон, медали нуқраи Бозиҳои осиёӣ ва медали тиллои қаҳрамонии Осиёро ба даст овардааст.

Устоди шоистаи варзиш Юсуф Абдусаломов соли 2008 бо мукофоти давлатӣ - Ордени Шараф дараҷаи I - сарфароз гардидааст.

Фаъолияти варзишиашро соли 2012 анҷом дод. Аз соли 2013 сармураббии дастаи мунтахаби Лаҳистон оид ба гуштии озод мебошад. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд – 3 духтар, 1 писар.

XS
SM
MD
LG