Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роберт Левандовски бо ҷоизаи "Бутсаи тиллоӣ" сарфароз шуд


Ба ҳамлагари лаҳистонии бошгоҳи футболи “Бавария”-и Мюнхени Олмон Роберт Левандовски ҳамчун беҳтарин голзани мусобиқоти қаҳрамонии Аврупо дар мавсими 2020-21 "Бутсаи тиллоӣ" («Кафши тиллоӣ») супурда шуд.

Левандовски дар мавсими гузашта дар бозиҳои Бундеслига дар 29 бозӣ 41 гол задааст. Зимнан, дар таърихи Бундеслига ӯ пас аз Герд Мюллер (солҳои 1970 ва 1972) дувумин бозигаре шуд, ки соҳиби ин ҷоиза гардид.

"Ман хеле шодам, ин шарафи бузург аст. Мехоҳам ба ҳамдастаҳоям, ситоди мураббиён ва ба ҳамаи аъзои бошгоҳи “Бавария” миннатдорӣ баён кунам. Бе дастгирии онҳо ман наметавонам чунин ҷоизаҳоро ба даст орам. Дар варзиш, чун дар ҳаёт, қадр кардани якдигар, дастгирии якдигар, ҳамеша бо якдигар ростқавл будан ва кӯшиши намуна будан ба дигарон хеле муҳим аст. Барои ҳамин ман ин ҷоизаро ба ҳамаи одамоне мебахшам, ки ҳар рӯз дар канори ман ҳастанд. Ман аз он чизе, ки мо ҳамчун як даста ба даст овардаем, хеле шодам. Ташаккури зиёд аз шумо", - гуфт Левандовски.

Ёдовар мешавем, Роберт Левандовски, ҳамлагари “Бавария”-и Мюнхени Олмон ва мунтахаби Лаҳистон, аз рӯи натиҷаҳои назарсанҷии нашрияи Goal, инчунин World Football Summit (Саммити ҷаҳонии футбол) миёни корбарони сомонаи As.com ва ҳакамони вижа беҳтарин футболбози соли 2020 эълон шуда буд.

Ҳамчунин Анҷумани байналмилалии матбуоти варзишӣ (AIPS) Роберт Левандовскиро беҳтарин варзишгари соли гузашта дар байни мардон дониста буд.

Ҷоизаи “Бутсаи тиллоӣ” аз соли 1968 инҷониб ҳар сол аз ҷониби “Расонаҳои варзишии Аврупо” тақдим карда мешавад. Дар баробари Герд Мюллер, футболбозони барҷаста, ба мисли Лионел Месси, Криштиану Роналду, Франческо Тотти, Терри Анри, Роналду, Марко ван Бастен, Христо Стойчков ва Эйсебио барандаи ин ҷоиза шудаанд.

Бозигарони собиқи “Бавария”-и Мюнхен Рой Макай ва Лука Тони низ ин ҷоизаро гирифтаанд, аммо мутаносибан бо “Депортиво Ла-Коруня” ва “Фиорентина”.

XS
SM
MD
LG