Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё байни дастаҳои мунтахаби занона дар Душанбе


Акс аз бойгонӣ.

Шоми панҷшанбеи 23-юми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои мунтахаби миллии футболи занона дар гурӯҳи «В» оғоз ёфт.

Ба гурӯҳи "В" дастаҳои мунтахаби Ветнам, Тоҷикистон ва Молдив, ба гурӯҳи “С” тимҳои миллии Индонезия ва Сингапур шомиланд. Дар бозии даври аввал мунтахаби Ветнам ба дарвозаи дастаи Молдив шонздаҳ голи беҷавоб зад.

Мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро рӯзи якшанбеи 26 сентябр бо тими Молдив ва бозии дувумашро рӯзи чоршанбеи 29 сентябр бо дастаи Ветнам анҷом медиҳад. Юсуф Рабиев, сармураббии тими мунтахаби занонаи Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ гуфт, ки вазифаи даста ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2022 роҳ ёфтан аст.

Рӯзҳои 24-ум ва 27-уми сентябр дар Душанбе бозиҳои гурӯҳи «С» баргузор мешавад. Дар ин гурӯҳ ду даста – Сингапур ва Индонезия барои роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 мубориза мебаранд. Ғолиб аз рӯи натиҷаҳои ду бозӣ миёни ин ду дастаи мунтахаб маълум хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 20-уми январ то 6-уми феврали соли оянда дар Ҳиндустон доир мегардад, ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ роҳ пайдо мекунанд.

Се дастаи беҳтарини Ҷоми Осиё-2018 - Ҷопон, Австралия ва Чин, ки ба қаҳрамонии Осиё-2022 мустақиман роҳ ёфтаанд, аз бозиҳои интихобӣ озод карда шудаанд. Ҳиндустон низ ҳамчун мизбони Ҷоми Осиё-2022 аз ширкат дар сабқати интихобӣ озод гаштааст.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои мунтахаби занона

Гурӯҳи "В"

Иштироккунандагон: Ветнам, Тоҷикистон, Молдив.

Даври 1-ум

23 сентябр (панҷшанбе)

Молдив – Ветнам – 0:16

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Ветнам

1

1

0

0

16-0

3

2

Тоҷикистон

0

0

0

0

0-0

0

3

Молдив

1

0

0

1

0-16

0

Даври 2-юм

26 сентябр (якшанбе)

Оғози бозӣ соати 18:00

Тоҷикистон – Молдив

Даври 3-юм

29 сентябр (чоршанбе)

Оғози бозӣ соати 18:00

Ветнам – Тоҷикистон

Гурӯҳи «С»: Сингапур, Индонезия.

Даври 1-ум

24 сентябр (ҷумъа)

Оғози бозӣ соати 18:00

Сингапур – Индонезия

Даври 2-юм

27 сентябр (душанбе)

Оғози бозӣ соати 18:00

Индонезия – Сингапур

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 18:00 оғоз меёбанд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG