Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷадвали мусобиқаҳои Бозиҳои XIX тобистонаи осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин муаррифӣ шуд


Бозиҳои осиёӣ. Акс аз бойгонӣ.
Бозиҳои осиёӣ. Акс аз бойгонӣ.

Аввалин нашри ҷадвали мусобиқаҳои Бозиҳои XIX тобистонаи осиёӣ, ки аз 10-ум то 25-уми сентябри соли 2022 дар Ҳангжоуи Чин баргузор мешавад, аз ҷониби ташкилкунандагон расман муаррифӣ шуд. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, барномаи Бозиҳои XIX осиёӣ 40 намуд ва 61 равияи варзиширо дар бар мегирад. Интизор меравад, дар давоми 15 рӯзи бозиҳо 482 маҷмӯи медалҳо супурда мешавад.

Бозиҳо бояд чор рӯз пеш аз маросими ифтитоҳ – 6-уми сентябр бо мусобиқаи футболи мардона - оғоз шаванд. Аввалин медалҳо дар якчанд намуди варзиш, аз ҷумла шиноварӣ, панҷҳарбаи муосир, қайиқронӣ ва гимнастикаи бадеӣ рӯзи 11-уми сентябр тақдим мегардад. Мусобиқаҳои камонварӣ ва шиноварӣ дар рӯзи охирини бозиҳо – 25-уми сентябр - баргузор хоҳад шуд.

Варзиши сабук бо 48 мусобиқа аз намуди варзиши сермедал хоҳад буд, шиноварӣ аз 41 мусобиқа ва камонварӣ аз 33 мусобиқа иборатанд.

Созмондиҳандагон иддао мекунанд, ки нашри аввал бар асоси "шумораи тахминии довталабон" асос ёфтааст ва мегӯянд, ки ният доранд нусхаи ниҳоиро пеш аз бозиҳо дар соли оянда нашр кунанд.

Дар охири соли равон дар Ҳангжоу мусобиқаҳои санҷишӣ оид ба варзиши сабук, баскетбол, қайиқронӣ, шиноварӣ, велосипедронӣ дар роҳ, тирандозӣ, регби, тенниси рӯи миз, ҷудо ва таэквондо баргузор мешаванд.

Ҳангжоу пас аз Пекин дар соли 1990 ва Гуанжоу дар соли 2010 сеюм шаҳри Чин хоҳад буд, ки мизбони Бозиҳои осиёӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки аз 18-уми август то 2-юми сентябри соли 2018 дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор шуд, варзишгарон барои 465 маҷмӯи медалҳо оид ба 40 намуди варзиш рақобат карданд.

Дар ин бозиҳо 81 варзишгари тоҷик дар мусобиқот оид ба 16 намуд ширкат варзида, се медали нуқра (гурзандозӣ, гуштии кураш ва қайиқронӣ дар каноэ) ва се медали биринҷӣ (ҷудо-2-то ва самбо) гирифтанд.

XS
SM
MD
LG