Дар чанд ҷумла
Сӯхтор дар бозори "Баракат". ВИДЕО, АКС
Ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ, шоми 21-уми октябр бозори масолеҳи сохтмонии "Баракат" дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сӯхтааст.
Бозор дар шоҳроҳи Хуҷанд-Конибодом ҷойгир аст. Иллати оташ гирифтанаш ҳанӯз маълум нест. Масоҳати сӯхторро беш аз як гектар тахмин мезананд. Дар ин бозор соли 2018 низ сӯхтор сар зада буд.
"Чанд мошини оташнишонӣ аз минтақаҳо омадаанд. Баъзе аз савдогарон низ ба онҳо ёрӣ мекунанд ва борҳояшонро аз дохили дӯконҳо берун мекашанд. Асосан растаҳои тахтафурӯшӣ ба коми оташ рафтанд", -- иттилоъ дод хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақа.
Оташ гирифтани бозорҳо дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон солҳои охир зиёд иттифоқ меуфтад.
Мақомот дар чанд ҳолат гуфтанд, ки риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо шудааст, аммо дар ҳама ҳолат ҷуброни зиёни расида ба соҳибкорон ва барқарор кардани тиҷорати онҳо аз масъалаҳои баҳсбарангез мондааст.
Тоҷирон дар баъзе маврид ҳолатҳои барқасдона оташ зада шудани бозорҳоро аз эҳтимол дур намедонанд.
Акс аз ҷои ҳодиса:
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Шумори қурбониёни селобҳо дар Афғонистон ба 17 тан расид
Шумори қурбониёни селобҳо дар пайи борандагиҳо дар Афғонистон ба ҳабдаҳ тан расид. Дар миёни қурбониён панҷ узви як хонавода ҳастанд, ки рӯзи 1 январ дар натиҷаи фурӯ рехтани боми хонаашон дар вилояти Ҳирот ҷон бохтанд.
Идораи миллии мубориза бо ҳодисаҳои табииӣ ҳукумати Толибон рӯзи 1 январ дар як эъломия гуфтааст, ки дар баробари талафоти ҷонӣ, дар натиҷаи борандагиҳо ва селобҳо беш аз 270 хона ба таври комил ва наздик ба 1560 хона қисман вайрон шудаанд.
Дар чаҳор рӯзи гузашта гузоришҳое аз талаф шудани ҳудуди 1200 сар ҳайвон дар натиҷаи борандагиҳо дар Афғонистон нашр шудааст.
Ду узви баландпояи ҲНИТ аз ҳизб ва исломи сиёсӣ даст кашиданд
Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ хуруҷи ду узви баландпояшро тасдиқ кард ва гуфт, дар пайи ислоҳоти фарогири ин созмон мебошад.
Охири моҳи декабр Маҳмудҷон Файзраҳмонов ва Бобоҷон Қаюмов, ду узви Раёсати олии ҲНИТ эълон карданд, ки аз "исломи сиёсӣ канорагирӣ" мекунанд ва дигар ҳеч робитае бо Ҳизби наҳзат надоранд. Файзраҳмонов ва Қаюмов ҳамчунин гуфтанд, "исломи сиёсӣ дар ниҳоят ба бунбаст мерасад".
Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ дар баёнияе гуфт, 9-уми декабри соли 2025 гуруҳи корие иборат аз 6 узви Раёсати олии ин ҳизбро созмон дод, то "тарҳи ислоҳоти роҳбурдӣ ва фикрии ҲНИТ"-ро дар муддати се моҳ омода кунанд. Маҳмудҷон Файзраҳмонов ва Бобоҷон Қаюмов ҳам узви ин гуруҳи корӣ будаанд, ки ба навиштаи Ҳизби наҳзати исломӣ мунтазири анҷоми тарҳи ислоҳот нашуда, "канор рафтани худ эълон намуданд". Аммо номбурдагон дар як мусоҳибаи катбӣ рӯзи 1 январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, раванди тасмимгирии онҳо хеле пештар аз талоши ислоҳот, "тақрибан ду сол пеш" сар шуда, "натиҷаи арзёбии тӯлонӣ мебошад."
Намояндагони Ҳизби наҳзати исломӣ бидуни овардани ҷузъиёти мушаххас гуфтаанд, дар доираи ислоҳоти нав бояд "муносибати ҳаракат бо масоиле чун давлат, миллат, дин ва сиёсат" бознигарӣ шавад.
Ҳанӯз маълум нест, ки Ҳизби наҳзати исломӣ, ки аз соли 2015 фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ аст, чӣ тағйиротеро дар кори худ роҳандозӣ мекунад, вале тарки сафҳои он кардани аъзои шинохтааш ва қаблан дар як ҷунбиши дигар муттаҳид шудани чанде аз аъзои саршиноси онро мунтақидон нишонаҳои буҳрони амиқ дар ин созмон номиданд. Бархе аз мубоҳисони ин воқеа, ба монанди Мавлавӣ Муҳиддин Аҳмадов истеъфои Файзраҳмонов ва Қаюмовро ба буҳрони мудирият аз ҷониби раиси ҳизб Муҳиддини Кабирӣ нисбат медиҳанд. Вале ҳарду узви ҳамакнун собиқи раёсати ҳизб мегӯянд, тарки созмон кардани онҳо ба шахсиятҳо бастагӣ надорад.
Маҳмудҷон Файзраҳмонов ва Бобоҷон Қаюмов ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "дар даҳаи навадуми асри гузашта, замоне ки ҳанӯз дар синни наврасӣ қарор" доштанд, узи ҲНИТ шуданд ва сабаби тасмими ахири "душвор ва сарнавиштсоз"-и онҳо "тағйир ё адами тағйири равиш ва хати машйи Ҳизби наҳзати исломӣ нест, балки ба қаноат ва ҷамъбасти фикрии мо дар бораи худи исломи сиёсӣ бозмегардад."
Хадамоти махсуси ИМА: Украина ба қароргоҳи Путин ҳамла накардааст
Хадамоти махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба хулосае расидааст, ки Украина кушиши ҳамла ба қарорҳои Владимир Путинро накардааст. Дар ин бора чанд расона, аз ҷумла CNN, Ню-Йорк Таймс ва The Wall Street Journal бо такя ба манобеашон гузориш додаанд.
Ба гузориши ин расонаҳо, Ҷон Рэтклифф, роҳбари Хадамоти иктишофии Амрико ё СРУ ба Доналд Трамп гузориш додааст, ки истихборот изҳороти мақомдорони Русия дар бораи ҳамла ба қароргоҳи Путинро боварбахш намеҳисобад.
Ба гуфтаи манобеи The Wall Street Journal, СРУ парвози бесарнишинҳои украинӣ ба вилояти Новгородро тасдиқ кардааст, аммо гуфтааст ҳадафи ин паҳподҳо як маркази низомӣ буд, ки қаблан ҳам ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.
Мақомоти Русия, аз ҷумла вазири корҳои хориҷии ин кишвар мегӯянд, неруҳои Украина шаби 29-уми декабр ба қароргоҳи Владимир Путин дар вилояти Новгород ҳамла карданд. Аммо мақомоти Русия барои исботи гуфтаашон ягон далел наоварданд. Неруҳои Русия гуфтаанд, далелҳои худро ба Амрико ирсол мекунанд.
Президенти Украина Владимир Зеленский талоши ҳамла ба қароргоҳи Путинро рад карда, онро "дуруғи навбатии Маскав" хонд.
Ду корманди БДА дар Варзоб зери тарма монда, ҷон бохтанд
Ду корманди Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) дар ноҳияи Варзоб зери тарма монда, ҷон бохтаанд. Ҳодиса 1-уми январ рух додааст.
Ду манбаи огоҳ аз қазия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Фаррух Ҳасанзода ва Саидмурод Ғанизода барои ба танзим даровардани ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ ба минтақаи Варзоб сафарбар шуда буданд ва дар вақти иҷрои вазифаҳои хизматӣ зери тарма монданд.
Як манбаъ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар гуфт, ҷасади ду афсарро аз зери тарма бароварда, ба наздикон доданд.
Дар назар аст, ки 2-юми январ маросими видоъ бо Фаррух Ҳасанзода дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва ҷанозаи Саидмурод Ғанизода дар зодгоҳаш ноҳияи Файзобод баргузор шавад.
Намояндагони ширкати IRS, ки масъули нигоҳбини роҳи Душанбе-Чаноқ ҳастанд, то ҳол қазияро шарҳ надодаанд.
Давоми як ҳафтаи ахир ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ, ягона масир миёни пойтахт ва шимоли кишвар мушкил шудааст.
Ширкати IRS мегӯяд, боридани барфи зиёд ва фаромадани тарма ҳаракати нақлиётро мушкил кардааст. Дар наворҳое, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, дида мешавад, ки мошинҳои зиёде дар роҳ дармондаанд.
Масъулияти нигоҳбонии роҳи Душанбе-Чаноқ ба ӯҳдаи ширкати IRS аст ва ширкат барои ин кораш аз ронандагон маблағ мегирад. Молики ширкат маълум нест.
Тоҷикистону Узбекистон кори як гузаргоҳи асосиро васеътар мекунанд
Тоҷикистон ва Узбекистон ба созиш расидаанд, ки фаъолияти як гузаргоҳ дар марзи ду кишварро васеътар кунанд, то мошинҳо зиёд мунтазир намонанд.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар хабарномае гуфт, бар асоси созиш дар назди гузаргоҳи "Ҷартепа-Саразам" маркази нави логистикӣ таъсис дода мешавад, ки метавонад дар як шабонарӯз то 100 мошини боркашро бо сабти зуди санадҳо гузаронад.
Гузаргоҳи "Ҷартепа-Саразм" дар минтақаи марзии шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон ва ноҳияи Ургути Узбекистон ҷойгир шудаанд.
Ба иттилои Вазорати нақлиёт, ду тараф имкониятҳои зиёд кардани шумораи рухсатномаҳо барои ҳамлу нақли байналмилалӣ ва интиқоли онҳоро ба шакли электронӣ баррасӣ доранд.
Пештар ронандагони мошинҳои боркаш аз Тоҷикистон шикоят доштанд, ки рухсатнома барои интиқоли молу колоро саривақт гирифта наметавонанд.
Гузаргоҳи "Ҷартепа-Саразам" яке аз масирҳои асосии равуо миёни Тоҷикистону Узбекистон ба шумор мешавад. Қаблан ронандагони мошинҳои боркаш дар инҷо ва ҳам гузаргоҳи "Ойбек-Фотеҳобод" аз зиёд будани навбатпоӣ шикоят доштанд.
Даҳҳо кушта ва сад захмӣ дар сӯхторе дар Швейтсария
Мақомоти Швейтсария рӯзи 1-уми январ хабар доданд, ки бар асари сӯхтор дар ҷанубу ғарби ин кишвар даҳҳо кас ҷон бохта ва 100 нафар захмӣ шудаанд.
Ҳоли аксари маҷруҳон “вазнин” гуфта мешавад.
Хабаргузории Reuters гузориш дод, ки ҳодиса ҳангоми таҷлил аз Соли нав дар як клуби серодам соати 1:30-и шаб рӯй дод.
Ба иттилои Би-би-сӣ, ба ҷойи ҳодиса даҳ чархболу чиҳил мошини Ёрии таъҷилӣ фиристода шуд.
Сабаби сӯхтор ҳанӯз маълум нест.
Пулис дар аввал гуфта буд, ки таркиш рух додааст.
Мақомоти Швейтсария гуфтаанд, ҳодиса бештар ба як тасодуф монанд аст, на ба ҳамлаи барқасдона.
Путин аз бовараш ба пирӯзӣ гуфт, Зеленский аз сулҳу истодагарӣ
Раисҷумҳури Русия бахши асосии паёмашро дар шаби соли нав ба ширкатдорони “амалиёти махсуси низомӣ” бахшид. Маскав ҷанги густурдаашро дар Украина расман чунин меномад.
Владимир Путин рӯзи 31-уми декабри 2025 низомиёни Русияро "қаҳрамон" хонд ва иддао кард, ки онҳо барои “ҳақиқат ва адолат” мубориза мебаранд.
Вай бо ибрози боварияш ба пирӯзӣ, аз мардум хост, бо сухан ва амал низомиёнро дастгирӣ кунанд, аммо дар бораи сулҳ ва поён додан ба ҷанг дар Украина ҳарфе ба забон наовард.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, дар паёми солинавии худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз истодагарӣ ва заҳмати украиниҳо, бавижа низомиён, ситоиш кард.
Ӯ гуфт, сокинони Украина "қобилияти ҳамкорӣ ва инсондӯстӣ"-ро бо худ ба соли 2026 мебаранд. "Мо ба сулҳ бовар дорем, барои он мубориза мебарем ва барои он кор мекунем," – навишт ӯ.
Паёми раҳбарони Русия ва Украина дар ҳоле садо дод, ки вазъ дар майдони ҷанг душвор мемонад ва ҳарду ҷониб ба якдигар бо мушаку паҳпод зарба мезананд.
Русия аз моҳи феврали соли 2022 ба ҳамлаи густурдааш дар хоки Украина беист идома медиҳад.
Ба хонаводаи афсари кушташуда дар Хоруғ хона доданд
Мақомот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эълон карданд, ки ба хонаводаи Зиреҳбон Наврӯзбеков, афсари кушташудаи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон хона доданд. Наврӯзбеков ҳафтаи гузашта дар даргирӣ бо афроди мусаллаҳ дар марз бо Афғонистон кушта шуд.
Тибқи хабаре, ки ҳукумати ВМКБ дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кард, ба хонаводаи ин афсари кушташуда дар шаҳри Хоруғ хонаи дуҳуҷрагӣ дода шудааст. Дар хабар омадааст, ки мақомот дар оянда ба хонаводаи афсари кушташуда кумак хоҳанд кард.
Зиреҳбон Наврӯзбеков ва Исматулло Қурбонов, ду афсари Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ рӯзи 24 декабр дар даргирӣ бо афроди мусаллаҳ дар наздикии мавзеи Қавоқ дар ноҳияи Шамсиддин кушта шудаанд. Мақомоти тоҷик ҳамлаваронро гурӯҳи террористӣ ном бурданд.
Бар пояи иттилои манбаъҳои Радиои Озодӣ, Зиреҳбон Наврӯзбекови 33-сола бо зарби шаш тир ба ҳалокат расидааст. Ӯ зодаи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст ва пайкарашро баъди ташхису шиносоӣ ба зодгоҳаш фиристоданд.
Исматулло Қурбонови 28-сола дар ин ҳодиса ба ҷуқурии 200-метрии яке аз ғорҳои минтақа афтода буд ва як рӯз баъд ҷасади ӯро берун оварданд ва дар зодгоҳаш ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ба хок супурданд.
Ҳардуи ин афсарон дар қисми марзбонии "Саричашма" адои хидмат мекарданд.
"Толибон" мегӯяд, шумори нерӯҳояшро дар соли 2025 бештар кард
Ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон гуфтааст, дар соли 2025 шумори нерӯҳои амниятӣ ва дифоии омӯзишдидааш дастикам 300 ҳазор тан расидааст.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати "Толибон", рӯзи 31-уми декабр дар гузориши солона дар шабакаи Х навишт, дар соли гузашта Вазорати дифои онҳо шумори нерӯҳои омӯзишдидаи амниятиро ба 181 ҳазору 84 тан расонд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунон дар ҷараёни як сол 100 ҳазору 300 пулис дар бахшҳои амниятӣ, ҷиноӣ, марзӣ ва дигар соҳаҳо омӯзиш дида ва фориғуттаҳсил шуданд.
Бо ин ҳол, ӯ мушаххас накардааст, ки дар ҳоли ҳозир шумори умумии нерӯҳои мусаллаҳи ҳукумати "Толибон" ба чӣ теъдод мерасад.
Фасеҳуддин Фитрат, сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи ҳукумати "Толибон", баҳори соли 2024 дар гуфтугӯ бо телевизиони "Тулӯъ" иддао карда буд, ки шумори умумии нерӯҳои мусаллаҳи онҳо ба 500 ҳазор тан мерасад.
Ҳамчунин Кумитаи назорат бар таҳримҳои Шӯрои амнияти СММ дар навтарин гузориши худ дар нимаи моҳи декабр эълон кард, ки дастгоҳи амнияти "Толибон" байни 380 то 450 ҳазор фард дорад. Ҳудуди 150 ҳазор тани он нерӯҳои дифоӣ ва наздик ба 200 ҳазор тани дигар пулис ва нерӯҳои истихборотӣ будаанд.
Дар ин гузориш омада буд, ки дар нимаи нахусти соли молии 2025 хароҷоти "Толибон" дар бахши амниятӣ ба 55,2 миллиард афғонӣ (беш аз 830 миллион доллар) расидааст, дар ҳоле ки 64,2 миллиард афғонӣ дар дигар бахшҳо харҷ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, шуморе аз таҳлилгарон ва сокинони ин кишвар мегӯянд, дар шароите ки фақр, тангдастӣ ва бекорӣ дар Афғонистон рӯз ба рӯз афзоиш меёбад, бештар кардани нерӯҳои амниятии "Толибон" авлавият нест, балки ба гуфтаи онҳо, бояд барои беҳбуди вазъияти мардум кор сурат бигирад.
Захмӣ шудани 4 тан дар ҳамлаи Русия ба шаҳри Одесса
Мақомҳои маҳаллӣ дар Украина рӯзи 31-уми декабр гуфтанд, ки дар пайи ҳамлаҳои Русия чаҳор нафар, аз ҷумла се кӯдак дар шаҳри Одесса захмӣ шуданд.
Раиси Идораи низомӣ дар минтақаи Одесса дар Телеграм навишт, "ҳавопаймоҳои бесарнишин ба зерсохтҳои истиқоматӣ ва энержии минтақа ҳамла карданд".
Ин ҳамлаҳо пас аз он рух дод, ки Украина ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишинро ба яке аз иқоматгоҳҳои президенти Русия Владимир Путин рад кард ва Маскавро ба пахши маълумоти нодуруст барои халалдор кардани гуфтугӯҳои поёни ҷанг муттаҳам намуд.
Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский иддаои Русияро "комилан бофта" хонд ва гуфт, ният дорад шашуми январ бо раҳбарони кишварҳои ҳампаймони Киев дар Фаронса мулоқот кунад.
Кремл рӯзи 30-юми декабр нерӯҳои Украинаро муттаҳам кард, ки гуё шаби 29-уми декабр ба қароргоҳи Владимир Путин дар вилояти Новгород бо паҳпод ҳамла кардаанд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико охири ҳафтаи гузашта гуфт, созиш барои поёни ҳамлаи Русия ба Украина аз ҳамеша наздиктар аст, аммо ҳеч пешрафти мушаххасе дар бораи вогузории қаламрав пас аз гуфтугӯҳои нав бо раҳбарони кишварҳои даргир гузориш нашуд.
Вокуниши Раҳмон ба ҳодисае, ки Русия танқид кард, вале Украина “дурӯғ” хонд
Дар ҳоле ки мақомоти Украина хабари ҳамла бо ҳавопаймоҳои бесарнишинро ба қароргоҳи президенти Русия дар вилояти Новгород напазируфтанд, раисҷумҳури Тоҷикистон ин ҳодисаро маҳкум кардааст. Вокуниши Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 31-уми декабр дар гуфтугӯйи телефонӣ бо Владимир Путин садо додааст.
Ба навиштаи дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, “чунин амалҳои таҳдидкунанда ба иншооти давлатӣ ва амнияти роҳбарияти кишвар (Русия) ғайри қобили қабул аст ва онҳо ба раванди музокирот барои ноил шудан ба сулҳу субот монеа эҷод менамоянд.”
Вазири корҳои хориҷии Русия нерӯҳои Украинаро муттаҳам кард, ки гуё шаби 29-уми декабр ба қароргоҳи Владимир Путин дар вилояти Новгород бо паҳпод ҳамла кардаанд. Сергей Лавров гуфт, дар ин ҳамла 91 паҳпод истифода шуд, аммо ягон талафот ва зараре дар пай надошт.
Президенти Украина Владимир Зеленский изҳороти вазири корҳои хориҷии Русияро “дурӯғи навбатии Маскав” хонд. Ба гуфтаи Зеленский, Русия талош дорад ба раванди музокироти сулҳ халал расонда, барои ҳамла ба биноҳои ҳукуматӣ дар Киев баҳонае омода кунад.
Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷии Русия таҳдид кардааст, ки артиши Русия макон ва замони ҳамлаи ҷавобиро дақиқ кардааст. Сергей Лавров гуфтааст, Маскав аз раванди музокирот бо Амрико бар сари поёни ҷанг дар Украина берун намешавад, аммо мавқеи худро бозбинӣ хоҳад кард.
Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури Русия гуфтааст, дар гуфтугӯи охири телефонии Владимир Путин ва Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мавзӯи ҳамла ба қароргоҳи президентӣ дар Новгород баррасӣ шуд.
Дар ҳоле ки Кохи Сафед дар ин бора чизе нагуфтааст, ёвари президенти Русия мегӯяд, Трамп аз хабари ин ҳамла ҳайратзада шудааст. Ба гуфтаи Ушаков, Владимир Путин ба Трамп гуфтааст, ҳамла бепосух намемонад ва Русия мавқеи худро бозбинӣ хоҳад кард.
Сухангӯи Кохи Сафед дар шабакаи X навишт, Доналд Трамп бо Путин дар бораи Украина “суҳбати муфид” дошт, аммо ҷузъиёт надод. Худи Трамп дар суҳбат ба хабарнигорон гуфт, аз талоши ҳамла ба қароргоҳи Путин “хашмгин” шудааст, чун “феълан замони муносибе барои чунин кор нест”.
Имзои санад миёни Хадамоти алоқа ва як ширкати чинӣ
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳамкориро бо як ширкати чинӣ дар бахши мухобирот оғоз кардааст, ки солҳо боз барои суръати сусти интернет танқид мешавад. Ёддошти тафоҳум дар ин бора 29-уми декабр имзо шуд.
Дар хабарномаи Хадамоти алоқа омадааст, ки ҳадаф аз имзои санад бо ширкати Jinda Anbang (Beijing) Technology Development, ҳамкорӣ "дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, навсозии инфрасохтори рақамӣ ва пешбурди иқтисоди рақамӣ" дар Тоҷикистон аст.
Ҷузъиёти бештари ёддошти тафоҳум ва шарту шароити ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкати чинӣ маълум нест.
Намояндагони Хадамоти алоқа пештар гуфта буданд, барои беҳтар кардани сифат ва суръати интернет аз Чин таҷҳизот ворид мекунанд.
Ҳомиёни ҳуқуқ аз эҳтимоли такрори таҷрибаи Чин дар мавриди маҳудияти сокинон дар дастраси ба интернет нигаронанд.
Тибқи эълони намояндагони Хадамоти алоқа, қарор аст то соли 2028 дар тамоми кишвар 7600 пойгоҳҳои чинӣ насб шавад.
Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳое бо заифтарин суръат ва хадамоти интернетӣ дохил мешавад.
Туркия аз боздошти садҳо тан ба гумони узвият дар ДОИШ хабар дод
Вазири корҳои дохилии Туркия эълон кард, ки пулиси ин кишвар рӯзи 30 декабр дар амалиёти сартосарӣ алайҳи гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ, 357 гумонбарро боздошт кардааст.
Ин амалиёт як рӯз пас аз он анҷом шуд, ки дар ҷараёни як даргирии мусаллаҳона дар шимол-ғарби Туркия, се афсари пулис ва шаш фарди мусаллаҳ кушта шуданд.
Алӣ Ерликая, вазири корҳои дохилии Туркия гуфт, ки нерӯҳои амниятӣ дар 21 вилояти ин кишвар амалиёт анҷом додаанд.
Пеш аз ин, дафтари Додситонии Истанбул эълон карда буд, ки пулис ба 114 мавқеъ дар Истанбул ва ду вилояти дигар юриш бурда, миқдори зиёде санад ва маводҳои дигиталиро мусодира кардааст.
Як ҳафта пеш низ беш аз 100 гумонбар ба узвият дар ДОИШ бинобар тарҳрезии эҳтимолии Крисмас ва Соли Нав, боздошт шуда буданд.
Даргузашти Холида Зиё, аввалин нахуствазири зан дар Бангладеш
Холида Зиё, нахустин сарвазири зан дар таърихи Бангладеш ва рақиби аслии Шайх Ҳасина, раҳбари барканоршудаи ин кишвар, пас аз бемории тӯлонӣ дар сини 80-солагӣ даргузашт.
Ҳизби миллигарои Бангладеш (BNP) ба раҳбарии Холида Зиё рӯзи 30 декабр эълон кард, ки ӯ соати шаши субҳ даргузаштааст.
Холида Зиё қасд дошт дар моҳи феврали оянда барои савумин бор низ ба унвони нахуствазир номзад шавад.
Ин интихобот нахустин интихобот пас аз он хоҳад буд, ки дар натиҷаи инқилоби мардумӣ дар соли 2024, Шайх Ҳасина аз қудрат барканор шуд.
Холида Зиё пас аз он дар соли 1991 ба мақоми нахуствазирии Бангладеш расид, ки шавҳараш Зиёурраҳмон, раисҷумҳури вақти он кишвар, ба қатл расид.
Ӯ давраҳоеро дар зиндон ва низ дар ҳабси хонагӣ сипарӣ карда буд. Пас аз барканории Шайх Ҳасина аз қудрат, Холида Зиё аз иттиҳомоти фасод сафед шуд ва иҷоза ёфт барои табобат ба Лондон сафар кунад.
Ёрии башардӯстонаи Саудӣ ба 7 ҳазор оилаи камбизоати тоҷик
Як маркази имдодии Арабистони Саудӣ барои ҳафт ҳазор оилаи камбизоат дар Тоҷикистон ёрии башардӯстона медиҳад.
Намояндагони Маркази имдоди Шоҳ Салмон 30-юми декабр зимни ҳамоише дар Душанбе гуфтанд, ба 35 ҳазор кас 7060 сабади хӯрока тақсим карда мешавад.
Дар хабарномаи расмӣ омадааст, маблағи кӯмакҳо 350 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Қарор аст ин ёриҳо дар арафаи моҳи Рамазон аз тариқи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ба камбизоатон тақсим карда шавад.
Моҳи Рамазон дар нимаи дуюми моҳи феврали соли 2026 фаро мерасад.
Маркази имдоди Шоҳ Салмон аввали соли 2025 ҳам ба 7 ҳазор хонаводаи камбизоати Тоҷикистон 490 тонна ёрии башардӯстона дода буд. Ба ҳар хонавода қариб 70 кило орду равған ва лубиёву макарону шакар.
Аммо сифати ин маҳсулот интиқоди баъзе хабарнигоронро ба миён овард, ҳарчанд намояндагони Сафорати Арабистон гуфтанд, онҳо пул медиҳанд ва маҳсулотро ширкатҳои тоҷикистонӣ интихоб мекунанд.