Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Мурғоб. Як ҳизби сиёсии Тоҷикистон ба даъвои Содир Ҷабборов вокуниш кард


Ноҳияи Мурғоб, акс аз бойгонӣ
Ноҳияи Мурғоб, акс аз бойгонӣ

Як ҳизби сиёсии Тоҷикистон даъвои раиси ҷумҳурии Қирғизистонро дар мавриди гуё дар гузашта ба онҳо тааллуқ доштани ноҳияи Мурғоб бепоя донист.

Ҳизби демократи Тоҷикистон 26-уми октябр дар изҳороте гуфт, "аз нигоҳи сиёсӣ, ин ҳуҷум ба марзу буми Тоҷикистон аст. Зеро аз замони ташкили Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии худмухтор ва ҷумҳурии мухтори ИҶШС ноҳияи Мурғоб дар қаламраваш буд."

Ноҳияи Мурғоб дар ҳудуди вилояти Бадахшони Тоҷикистон ҷойгир буда, тақрибан ҳазор километр аз пойтахти кишвар масофа дорад.

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон, рӯзи 23-юми октябр дар нишасти матбуотӣ дар Бишкек ба масъалаи баҳси сарҳад бо Тоҷикистон дахл кард. Ӯ аз ҷумла гуфт: "Ман гуфтам, мо соли 1924 ба Шумо (Тоҷикистон) Мурғобро бо масоҳати 3 миллион гектар додем. Биёед, онро ба мо баргардонед. Онҳо розӣ нестанд."

Мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳол вокуниш накардаанд. Маълум нест, ки оё дар музокироти марзӣ масъалаи Мурғоб матраҳ будааст ё не.

Ҷабборов ҳам нагуфт, ки баҳси ӯ дар мавриди Мурғоб дар куҷо ва дар чӣ шароит сурат гирифтааст. Ӯ моҳи июни имсол, пас аз ду моҳи низои хунин дар сарҳад, ба Душанбе омад ва чанд соат паси дарҳои баста бо президенти Тоҷикистон мулоқот кард. Ин дидор бо имзои чаҳор санаде, ки масоили марзиро дар бар намегирифтанд ва изҳороти сулҳхоҳонаи дипломатӣ ба поён расид.

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва вакили порлумони Тоҷикистон, рӯзи 26-уми октябр даъвои нави Қирғизистонро барои ҳалли баҳси марзӣ "фишор" донист.

Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода

"Боиси таассуф аст, ки сиёсати пешгирифтаи раҳбарияти Қирғизистон боиси мухолифатҳои миллӣ шудааст ва метавонад, оқибати фоҷеабор дошта бошад. Ба раиси ҷумҳур ва сиёсатмардони Қирғизистон пешниҳод мекунем, дар ин айёми хушунатбор аз иқдоми мухолифатбарангез даст бикашанд... Ҷанг роҳи ҳалли мушкилот нест", -- афзуд ӯ.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марз дорад, ки аз ин танҳо 519 километр мушаххас ва нишонагузорӣ шудааст. Ҳамасола дар минтақаҳои баҳсии марзи ду кишвар бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла бар сари тақсими обу замин ва истифода аз чарогоҳҳо муноқиша сар мезанад.

Дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи 28-29-уми апрели имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф 55 кас кушта ва даҳҳо кас захмӣ шуданд.

Нерӯҳои ду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг гунаҳкор мекунанд. Додситониҳои кулли ду кишвар дар пайванд ба ҳодиса парванда кушода, таҳқиқро оғоз карда буданд, аммо то ҳанӯз натиҷаи онро эълон накардаанд.

XS
SM
MD
LG