Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгари тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон оид ба муҳорибаи тан ба тан пирӯз шуд


Камолиддин Боймирзоев, варзишгар аз Тоҷикистон, дар Ҷоми ҷаҳон оид ба муҳорибаи тан ба тан, ки рӯзҳои 11-13-уми ноябр дар шаҳри Маскави Русия, дар Қасри гимнастикаи Ирина Винер-Усмонова, доир гардид, дар вазни сабук ғолиб шуд.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии муҳорибаи тан ба тан, дар Ҷоми ҷаҳон беш аз 300 варзишгар аз 30 кишвар ширкат дошт. Ба барномаи мусобиқа ду намуд - «муҳориба» ва «худмудофиа» - дохил буд.

Дар рӯзи охирини мусобиқа рақобатҳои ниҳоӣ баргузор шуд.

Дар сабқати мардон ба ҷуз аз Камолиддин Боймирзоев аз Тоҷикистон, Азамат Сомгунов, Темирхон Гасанов ва Николай Киселёв (ҳарсе аз Русия), Шаҳбоз Турсунов ва Оғобек Қодиров (ҳарду аз Узбекистон), Сауран Арапбой ва Ойбек Саметаев (ҳарду аз Қазоқистон) ва Ҷесси Ҷей Смит (ИМА) дар вазни худ ғолиб шуданд.

Инчунин дар сабқати занон дар вазни то 55 кг Мафтуна Қувондиқова аз Узбекистон мақоми аввалро касб намуд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия ҷойи аввалро соҳиб шуд. Ҷойи дуюм насиби варзишгарони Узбекистон гардид. Дастаи Қазоқистон ҷойи сеюмро азони худ кард.

Ҷоми ҷаҳон оид ба муҳорибаи тан ба тан аввалин бор дар Русия доир гардид. Ба ғайр аз медал, ғолибони мусобиқа бо унвонҳои Устоди шоистаи варзиш ва Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ сарфароз шуданд.

Федератсияи байналмилалии муҳорибаи тан ба тан имсол 15-солагии таъсисёбиашро таҷлил менамояд. Дар айни ҳол ин намуди варзиш дар 40 кишвар рушд меёбад. Вазифаи аввалиндараҷаи федератсия ҳоло ба рӯйхати намудҳои олимпии варзиш шомил кардани муҳорибаи тан ба тан мебошад.

XS
SM
MD
LG