Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳолии Тоҷикистон аз бебарқӣ ранҷ мебаранд. Содироти барқ ба хориҷ идома дорад


Тоҷикистон ҳар сол аз тирамоҳ то охири зимистон муҳтоҷи нерӯи барқ мешавад.
Тоҷикистон ҳар сол аз тирамоҳ то охири зимистон муҳтоҷи нерӯи барқ мешавад.

Дар ҳоле, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз қатъ шудани барқ шикоят мекунанд ва ширкати "Барқи тоҷик" онро ба "корҳои таъмирӣ" рабт медиҳад, содироти он ба хориҷ бештар мешавад.

Сокинони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон шурӯъ аз моҳи октябр аз қатъ шудани барқ шикоят мекунанд. Радиои Озодӣ дар тӯли моҳҳои ахир дар ин маврид чанд матлаб нашр карда буд. Мардум дар ин матолиб аз иҷро нашудани ӯҳдадориҳои дарҷшуда дар қарордод бо "Барқи тоҷик", камбуд ва нархи гарони василаҳои дигари гарм кардани хонаҳо ва монеаҳои бархоста аз ин вазъ, изҳори норизоиятӣ карданд.

Ин шикоятҳо дар ҳоле шунида шуданд, ки ширкати "Барқи тоҷик" 15-уми ноябр дар як мактуб ба "Радиои Озодӣ" далели қатъ шудани барқро корҳои таъмирӣ шарҳ дод. Дар он гуфта шуд, ки корҳои таъмирӣ ҳамасола дар шурӯъи зимистон анҷом мешаванд. Ба қавли масъулони ширкат, дар ҳоли ҳозир бахшҳое аз нерӯгоҳҳои "Норак", "Сарбанд" ва "Қайроқум" низ таъмир мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни як ҷаласаи корӣ санаи 2-юми ноябр ба мақомоти масъул барои омодагӣ ба зимистон дастур дода буд. Ӯ аз ҷумла, таъкид дошт, ки мардум ва муассисаҳои иҷтимоӣ бояд аз барқ ва гармӣ таъмин шаванд ва инчунин маҳсулоти ғизоӣ ва маводи сӯхт захира шавад. Аммо, ба назар мерасад, ки дар амалӣ шудани дастурҳои раиси ҷумҳур таъхир сурат мегирад.

Тардиди коршиносон

Коршиносони мустақил рабт додани қатъи барқ ба корҳои таъмириро зери суол мебаранд. "Аз замони Шӯравӣ корҳои таъмирӣ маъмулан дар моҳи сентябр ва дар ҳар ҳавза ба таври ҷудогона анҷом мешуданд. Дар доираи он хатҳои барқ ва трансформаторҳо тафтиш шуда, шохаҳои дарахтон дар сурати лозим бурида мешаванд. Барои анҷом додани ин кор ҳамагӣ 2 ҳафта лозим мешавад. Ҳоло далели аслӣ кофӣ набудани захираи об аст",-мегӯяд як коршиноси масоили энержӣ бо шарти ифшо нашудани номаш. Ба қавли ӯ, Тоҷикистон ба далели содир кардани об ба Узбекистон ва Қазоқистон, ба захира кардани ҳаҷми зарурии он фурсат наёфт.

"Ғайр аз ин, Тоҷикистон ба пули хориҷӣ ниёз дорад, дар ҳоле дар бозори тавлид чизе надорад. Аз ин рӯ, содироти барқ дар авлавият аст",-мегӯяд коршинос.

Гапи Озод: Чаро имсол ҳам нерӯи барқ хомӯш мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:24:59 0:00

Тибқи иттилои Оҷонси омори Тоҷикистон, аз моҳи январ то сентябри соли ҷорӣ Тоҷикистон бар ивази содироти барқ 89,4 миллион доллар ба даст овардааст, ки дар қиёс ба соли гузашта 36,1 миллион доллар бештар аст.

Узбекистон ва Афғонистон аз харидорони аслии барқи Тоҷикистон мебошанд. Тибқи қарордод, Тоҷикистон бояд ба ин ду кишвар 1,5 миллиард киловат соат барқ содир кунад. Узбекистон барои ҳар киловати барқи Тоҷикистон 2 сент ва Афғонистон 3-4 ва ҳатто то 5 сент пардохт мекунад.

Расонаҳои қирғизӣ моҳи октябр бо такя ба роҳбарияти идораи барқи ин кишвар навишта буданд, ки Тоҷикистон аз 1-уми октябр ба содир кардани барқ ба Қирғизистон шурӯъ мекунад. Аммо Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон ин хабари Қирғизистонро таъйид накард.

Буҳрони доимӣ

Бори охир дар Тоҷикистон маҳдуд шудани барқ 5-уми янавар эълон шуда буд. Он замон ширкати "Барқи тоҷик" гуфт, ки маҳдудият дар барқрасонӣ танҳо дар рустоҳо сурат мегирад. Таъмини сартосарии барқ танҳо 4-уми май аз сар гирифта шуд.

Ҳанӯз соли 2017 мақомоти Тоҷикистон эълом доштанд, ки масъалаи камбуди барқ дар ояндаи наздик ҳал мешавад. Ҳамин тавр, моҳи ноябри соли 2018 чархаи аввали нерӯгоҳи "Роғун" ба истифода дода шуд. Интизор мерафт, ки пас аз итмоми сохти ин нерӯгоҳ тавлиди барқ дар Тоҷикистон ду баробар зиёд-то 3600 мегават афзоиш меёбад, ки ба таъмини барқи арзон мунҷар шуда, Тоҷикистон ба содиркунандаи барқ дар минтақа табдил меёбад.

Соли гузашта дар ҷараёни корзори интихоботи раисҷумҳурӣ маросими ифтитоҳи як чархаи “Роғун” ба унвони абзори таблиғи чеҳраи Эмомалӣ Раҳмон ба кор рафта буд. Аммо, бо гузашти як сол мушкилоти арсаи барқ ҳамоно боқӣ мондааст.

Саидҷафар Умонзода, роҳбари Ҳизби демократии Тоҷикистон дар барномаи "Гапи Озод" таъкид кард, ки аҳолӣ бар ин андеша аст, ки ба кор андохтани 1-2 нерӯгоҳ мушкили барқ ҳал мешавад. Онҳо фаромӯш мекунанд, ки нерӯгоҳ тоза сохта шудааст ва фаъолияти пурраи он аз омилҳои дигар вобаста аст.

Буҳрон дар минтақа

Имсол буҳрон дар арсаи барқ дар саросари минтақа мушоҳида мешавад. Мақомоти қирғиз ошкоро камбуди захираҳои обу барқро дар ҳаҷми миллиардолларӣ эълом карданд. Ба қавли Доскул Бекмурзаев, Узбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон содир кардани барқ ба Қирғизистонро ба далели камбуди барқ дар худи ин кишварҳо қатъ карданд.

Дар Тоҷикистон вуҷуди мушкилот дар заминаи барқро эътироф намекунанд. Тибқи омори расмӣ, дар тӯли моҳи январ-сентябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 15,9 миллиард киловат-соат барқ тавлид шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 7,4 дарсад бештар аст.

Назари мардум дар бораи омодагӣ ба зимистон ва рӯзҳои бебарқиро инҷо бубинед?

"Пул нест, ҳезум нест, хунук хӯрда, мехобам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00

XS
SM
MD
LG