Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳиҷоб пӯшед", "таҳқир накунед". Дастурҳои нави "Толибон" дар Афғонистон


Занони афғонистонӣ моҳҳо боз аз маҳдуд шудани ҳуқуқи худ норозиянд. Акс аз 21-уми октябри соли 2021. Кобул
Занони афғонистонӣ моҳҳо боз аз маҳдуд шудани ҳуқуқи худ норозиянд. Акс аз 21-уми октябри соли 2021. Кобул

Гуруҳи "Толибон" маҷмӯи дастурҳоеро қабул кард, ки ба қавли бисёре аз хабарнигорон озодии расонаҳоро дар Афғонистон маҳдуд мекунад.

Бино ба ин дастурҳо, ки аз ҳашт банд иборат буда, 21-уми ноябр тасвиб шуд, хабарнигорони зан бояд ҳиҷоб бипӯшанд ва шабакаҳо пахши намоишномаҳоро бо иштироки занони ҳунарманд бас кунанд.

Ин гуруҳи ҳоким дар кишвари ҳамсояи Тоҷикистон, инчунин, хостааст, телевизионҳои Афғонистон филмҳоеро, ки дар он пайомбари ислому саҳобаҳо зуҳур менамоянд, нишон надиҳанд.

Дастурҳоро Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари ҳукумати "Толибон" нашру паҳн кард. Ин гуруҳ ба шабакаҳои телевизионӣ дастур дод, дар филму барномаҳои ҳаҷвӣ касеро "таҳқир" накунанд ва силсилафилмҳоеро, ки ба гуфтаи онҳо хилофи арзишҳо ва шариатанд, низ нашр нанамоянд.

Бисёре аз хабарнигорони афғон, ки дар ҳоли ҳозир дар хориҷ аз Афғонистон ба сар мебаранд, эъломияи "Толибон"-ро маҳдудияти озодии расонаҳо хондаанд.

Акиф Муҳоҷир, сухангӯи Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари "Толибон", рӯзи 21-уми ноябр ба Радиои Афғонистони Озод гуфт, "ин маҳдудият бар озодии баён нест, балки чанд асли содда аст, ки фарҳангу арзишҳои мо ҳамон тавр мехоҳад."

Гуруҳи "Толибон" моҳи августи имсол, пас аз вожгунии ҳукумати Кобул, дигарбора қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт. Ин гуруҳ аз соли 1996 то 2001 низ ҳокими Афғонистон буд. Он замон духтарон аз таҳсил ва занон аз кору варзиш маҳрум буданд.

Толибон иддао доранд, ки нисбат ба ҳокимияти пешинаашон муътадилтар ҳастанд. Аммо дар сад рӯзи даври дувуми ҳокимияташон аллакай қоидаи пӯшидани либоси занонро дар донишгоҳ ҷорӣ карда, монеи таҳсили қисме аз духтарон дар мактаби миёна шудаанд.

Бо гузашти бештар аз се моҳ, ҳукумати "Толибон" аз ҷониби ҳеч кишваре ба расмият шинохта нашудааст.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои дигар гуфтаанд, ба шарте ҳукумати навро дар Афғонистон эътироф хоҳанд кард, ки ба ҳуқуқи инсон эҳтиром гузорад, кафолати озодии расонаҳоро бидиҳад ва низоми фарогири сиёсӣ созад.

XS
SM
MD
LG