Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

UNHCR гуфт, бо Тоҷикистон дар бораи боз кардани марз ба рӯи паноҳандагони афғон музокира доранд


Муҳоҷирони афғон дар Хоруғ. Тобистони соли ҷорӣ.
Муҳоҷирони афғон дар Хоруғ. Тобистони соли ҷорӣ.

Дафтари Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) мухолифи баста шудани марзҳои Тоҷикистон ба рӯи паноҳандагони афғон аст. Ҷараёни расидагӣ ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон рӯзи 23-юми ноябр дар як нишасти хабарии раҳбарияти UNHCR дар Душанбе матраҳ шуд.

Ханс Фридрик Шоддер, намояндаи UNHCR дар Осиёи Миёна дар ин нишасти хабарӣ гуфт, ки феълан дар Тоҷикистон 12 ҳазор паноҳҷӯи афғонистонӣ қарор доранд, ки шаш ҳазори онҳо дар аввали сол тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон омаданд.

Ин масъули UNHCR афзуд, ҳоло бо мақомоти тоҷик дар бораи боз кардани марзҳо музокирот доранд, зеро тибқи муқаррароти байналмилӣ ва бар асоси қонунҳои Тоҷикистон, ҳар кишвар вазифадор аст, ки паноҳҷӯёнро бипазирад. Аммо ӯ ҳамзамон таъкид кард, ки ҳар кишвар ихтиёр дорад, ки паноҳандагонро қабул кунад ё не.

"Бо ин вуҷуд мо бо мақомоти тоҷик дар мавриди боз кардани марзҳо ва таҳияи асноди паноҳандагон музокирот дорем, зеро мақомоти тоҷик аз тобистони имсол таҳияи асноди гурезаҳоро қатъ карданд ва ва ҳамакнун паноҳандагон бидуни асноди зарурӣ монда ва зери фишор қарор мегиранд",-афзуд ӯ.

Ӯ гуфт, ки аз мақомоти тоҷик хостанд, ки аз бозгардонидани паноҳҷӯёни афғон ба кишварашон худдорӣ кунанд. UNHCR ҳафтаи гузашта хабар дод, ки мақомот дар Тоҷикистон 11 ноябр 11 нафар – мардон, занон ва кӯдаконро ба Афғонистон "зӯран баргардониданд".

Охири ҳафтаи гузашта ҳам UNHCR дар як изҳороти мухтасар гуфт, ки дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ "монеаҳои афзоянда" барои шаҳрвандони Афғонистони ҷӯёи амният ва дастрасӣ ба ҷараёни паноҳҷӯӣ мушоҳида мешавад.

Баъд аз тасарруфи Кобул аз сӯи "Толибон", садҳо шаҳрванди Афғонистон ба кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон, паноҳанда шуданд. Гуфта мешавад, даҳҳо паноҳҷӯи дигар талош доранд, ки аз роҳи заминӣ вориди Тоҷикистон шаванд, аммо комёб нагаштаанд.

Як гурӯҳи 150-нафараи халабонҳои афғон, ки 15-уми август аз Кобул ба Тоҷикистон паноҳ бурданд, бо ёрии мақомоти амрикоӣ рӯзи 10-уми ноябр аз Душанбе ба Имороти Муттаҳидаи Араб бурда шуданд ва қарор аст аз он ҷо ба ИМА бираванд. Ин паноҳҷӯён аз ҷараёни кунди баррасии қазияҳои онҳо ва кӯмакҳои нокофии башарӣ дар қароргоҳҳои паноҳҷӯён дар Тоҷикистон шикоят кардаанд. Мақомот тоҷик гуфтаанд, ки бо мусоидати созмонҳои байналмилалӣ ба ин гурӯҳ ёрии зарурӣ расонида шуд.

Рӯзи гузашта ҳам дар ҷаласаи муштараки вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, вазъи Афғонистон яке аз мавзуъҳои меҳварӣ буд. Намояндагони Иттиҳоди Аврупо гуфтанд, ки бо кишварҳо минтақа, аз ҷумла, Тоҷикистон дар масъалаи расонидани кӯмакҳо ба Афғонистон ҳамкорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG