Дар чанд ҷумла
Бозори "Султони Кабир"-ро дар Душанбе мебанданд
Шаҳрдории Душанбе гуфтааст, бар асоси "Генплан" ё нақшаи куллии пойтахти Тоҷикистон, аз якуми марти соли 2022 бозори "Султони Кабир"-ро баста, соҳибкоронро "дар маҳалли дигар" ҷобаҷо хоҳад кард.
Қарор дар ин бора рӯзи 24-уми ноябр қабул шуд.
Мақомот гуфтанд, бо ин кор се кӯчаи пойтахтро ба "талаботи меъморию шаҳрсозии муосир" мувофиқ карда, "ҳаракати бемамониати мошинҳо"-ро таъмин мекунанд.
Бино бар қарори нав, кори ҷамъияти "Файзи Саид" - "Осиё" ва маркази савдои "Мадад" низ бас хоҳанд шуд.
"Бунёди шаҳраки тиббӣ, марказҳои солимгардонӣ бо минтақаи сабзазоркунии истифодаи умум ҳанӯз дар нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар соли 1983 таҳия ва тасдиқ шуда буд," -- омадааст дар баёнияи шаҳрдорӣ.
Назари тоҷирон ва моликони бозору марказҳои савдо ҳанӯз маълум нест. Мақомоти Душанбе дар гузашта бо баҳонаи "Генплан" бозори "Шоҳмансур"-ро вайрон карда буданд. Он замон даҳҳо савдогар шикоят доштанд, ки бе ҷойи кор монда, дар пардохти қарзҳои бонкӣ бо мушкил дучор шудаанд
"Султони Кабир" яке аз бозорҳои асосии фурӯши маҳсулоти сохтмонӣ дар Тоҷикистон аст. Онро соли 2000 сохтаанд ва дар онҷо 1700 нафар кор мекунанд. Бозор чанд дафъа оташ гирифтааст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
“Ғарқ шуд.” Марги як марзбони дигари тоҷик дар канори дарёи Панҷ
Як афсари Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳангоми оббозӣ дар канори дарёи Панҷ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ғарқ шуда, ҷон додааст.
Мақомот дар ин бора ҳеч иттилоъ намедиҳанд.
Як манбаи Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои интизомии вилояти Хатлон 12-уми август бо шарти фош нашудани номаш гуфт, “капитан Ҷаҳонгир Давлатов 26 сол дошт”.
Ба қавли мусоҳиби мо, ҳодиса рӯзи 6-уми август дар дараи Зарбузи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рух дода, ҷасади афсарро баъди ташхис ба наздиконаш дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт додаанд.
“Ҷаҳонгир Давлатов ва ҳамкоронаш ба кӯли як корхонаи тило барои оббозӣ рафтаанд. Кӯл чуқур будааст. Ӯ ғарқ шудааст. Ҳамкорон пайкарашро аз об берун оварда, ба мақомот хабар доданд,” -- афзуд манбаъ.
Дараи Зарбуз дар лаби дарёи Панҷ ва дар сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст. Ҳоло дар ин минтақа ду ширкат ба заршӯйӣ машғуланд.
“Ин ширкатҳо барои шустани сангу шағал кӯлҳои калон сохта, об ҷамъ кардаанд,” – гуфт мусоҳиби мо дар ниҳодҳои интизомии Хатлон.
Дар ду моҳи охир ин бори чорум аст, ки афсару сарбозони Нерӯҳои марзбонӣ дар вилояти Хатлон ғарқ шуда, ҷонашонро аз даст медиҳанд.
Мирзобобур Мирраимови 20-сола моҳи июни имсол дар Қубодиён ба дарёи Ому афтод. Дар Идораи ҳолатҳои фақулодаи вилояти Хатлон рӯзи 3-юми август ба хабарнигорон гуфтанд, ки то кунун ҷасади ӯро наёфтаанд.
Дар охири моҳи июл афсари 23-сола Ёраҳмад Қурбоналиев ва марзбони қаторӣ Билол Каримови 19-сола дар наздикии дидбонгоҳе дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба рӯдхонаи сероби Панҷ даромада, ҷасадашон баъди чанд рӯз пайдо шуд.
Дуохонӣ бо иҷозаи расмӣ. Тартиби нав дар Тоҷикистон
Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон тартиби нави дуохониро муайян кардааст.
Дар Тоҷикистон, ки беш аз навад дарсади аҳолияш мусалмон аст, гоҳе барои табобат, дурӣ аз чашми бад ё ҷинбарорӣ дуо мехонанд.
То кунун ҳар рӯҳонӣ метавонист, ки ба беморон дуо хонад.
Аз ин ба баъд чунин маросимро танҳо рӯҳониёни расмӣ метавонанд анҷом диҳанд. Яъне, аъзои Шӯрои уламо, сархатибҳо, имомхатибҳо, имомҳои масҷидҳои панҷвақта, муовинони онҳо ва муаззинҳо.
Маросими дуохонии занон ва кӯдакон бе ҳузури шахсони маҳрами онҳо, яъне мардони хонавода, ба мисли падару бародар ва шавҳар манъ шудааст.
Тартиби нави гузаронидани дуохонӣ моҳи июни имсол аз ҷониби раиси Кумитаи дин ба имзо расида, онро хабаргузории "Азия-Плюс" 11-уми август нашр кард.
Афшини Муқим, сухангӯйи Кумитаи дин, рӯзи 12-уми август ҳадаф аз қабули тартиби навро "пешгирӣ аз муроҷиати сокинон ба муллоҳои ғайрирасмӣ" донист.
"Вақтҳои охир сокинон ба ном муллову фолбинҳое муроҷиат мекарданд, ки бо амалҳои худ шаъну эътибори рӯҳониёнро паст мезаданд. Ҳамчунин, танзими маросими дуохонӣ аз сӯи рӯҳониён ва ходимони динӣ дар сатҳи қонунгузорӣ буд," – афзуд ӯ.
Дар ҳоле ки мақомот ин қоидаҳоро барои ҳифзи шаҳрвандон аз ифротгароӣ ва қаллобӣ муҳим медонанд, нозирони ҳуқуқи башар онҳоро маҳдудияти шадиди навбатӣ ба озодии дин мешуморанд.
Покистон аз созиш миёни Эрон ва ИМА дар рӯзҳои наздик хабар дод
Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири дифои Покистон мегӯяд, Эрон ва Амрико ба "шакле аз созиш", наздик шудаанд.
Ин мақомдори баландпояи покистонӣ рӯзи 13 август дар гуфтугӯ бо "Bloomberg" афзуд, "нишонаҳои мушоҳидашуда тайи 2-3 рӯзи ахир далели наздик шудан ба як созиш аст".
Ҳамзамон Муҳсин Нақавӣ, вазири корҳои хориҷии Покистон, "дар чорчӯби ҳамкориҳои дуҷониба", ба Теҳрон сафар кард.
Ӯ бо шуморе аз мақомоти эронӣ, аз ҷумла, Искандар Муъминӣ, вазири корҳои дохилии Эрон дидор кардааст.
Як муовини Рамазон Раҳимзодаро иваз кардаанд
Дар ҷараёни як тағйироти кадрӣ рӯзии 1 август Ҷамшед Машрабзода, писари Хол Машрабов, раиси собиқи Кумитаи андоз, муовини Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, таъйин шудааст.
Генерал Машрабзода аз моҳи январи имсол то кунун раёсати дастгоҳи Вазорати корҳои дохилиро бар уҳда дошт.
Ӯ 48-сола аст ва хатмкардаи Академияи андоз ё молиёти Русия, Донишгоҳи соҳибкорӣ ва Академияи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Пештар дар Раёсати умури дохилии Душанбе ва баъзе аз ноҳияҳои он ва инчунин дар мақоми раиси Бюрои “Интерпол” ва сардори Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилӣ кор кардааст.
Ҷамшед Машрабзода дар мансаби наваш полковник ё сарҳанг Илҳомиддин Вализодаро иваз кардааст. Вализода низ 48-сола аст ва рӯзи 11-уми август сардори Раёсати умури дохилии минтақаи Рашт таъйин гашт.
Вай аз моҳи апрели соли 2025 муовини вазири корҳои дохилӣ буд.
Дар гузашта дар мақоми сардори Шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Файзободу Вахшу Бобоҷон Ғафуров ва муовини сардори Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон кор кардааст.
Рӯзи 11-уми август дар чанд ниҳоди вобаста аз ВКД низ дигаргунии кадрӣ анҷом гирифтааст. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон онҳоро "кадрҳои соҳибтахассусу варзида" номид. Баъзе аз намояндагони мухолифон онро ҷойивазкунии кадрҳое донистаанд, ки на аз нигоҳи шоистасолорӣ, балки бештар бар асоси хидмату садоқат ба режим таъйин мешаванд.
Додгоҳи Сурия Башор Асадро дар ғайбаш ба қатл маҳкум кард
Додгоҳе дар шаҳри Димишқ раисҷумҳури сарнагуншудаи Сурия Башор Асадро дар ғайбаш ба эъдом ё қатл маҳкум кард.
Ҳукм рӯзи 11-уми август содир шуд.
Башор Асадро ба "ҷинояти ҷангӣ" ва "ҷиноят алайҳи башарият" гунаҳкор донистаанд.
Дар ин рӯз ҳукми қатли Моҳир Асад, бародари Башор Асад ва чанде аз чеҳраҳои ҳукумати пешини Сурия низ содир шуд.
Додгоҳ дар бораи Отиф Наҷиб, писари холаи Башор Асад, гуфтааст, ӯ "шуморе аз боздоштшудагонро шиканҷа карда, масъули марги бисёре аз онҳо аст" ва ба иттиҳоми куштори барқасдона ва шиканҷа ба қатл маҳкум мешавад.
Ҳукумати 51-солаи Ҳофиз ва писараш Башор Асад дар Сурия моҳи декабри соли 2024 дар пайи пешравии чандрӯзаи шӯришиён бо раҳбарии Аҳмад Аш-Шаръ поён ёфт.
Башор Асад ва ҳамсару фарзандонаш он замон ба Маскав паноҳ бурданд ва зери ҳимояти ҳукумати Русия қарор доранд.
Ҳукумати Башор Асад наздик ба 12 сол бо мухолифонаш ҷангид. Дар натиҷаи ҷангҳои дохилии Сурия зиёда аз 600 ҳазор нафар кушта ва миллионҳо нафар овора шуданд.
Ҳалокати як ҷавон бар асари ҳамлаи гуроз дар Хатлон
Дар ҳамлаи хуки ёбоӣ ё гуроз дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, Давлаталӣ Каримови 33-сола ҷон бохтааст.
Ҳодиса рӯзи 25-уми июл рӯй дода, Радиои Озодӣ ҷузъиётро нав дастрас кард.
Як манбаъ дар Идораи корҳои дохилии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рӯзи 11-уми август гуфт, "воқеа замоне рӯй дод, ки Давлаталӣ ҳамроҳи падараш ба кишоварзӣ машғул буд".
"Хук аз пушт ҳамла карда, ба рони пой ва аъзои дигари бадани Давлаталӣ осеби сахт расондааст. Падараш кӯшиш кардааст, ки монеи хунравии зиёд шавад, аммо ӯро наҷот дода натавонистааст," - афзуд мусоҳиби мо. Ӯ нахост, ки номаш навишта шавад.
Гурозҳо дар гузашта ба сокинони гӯшаҳои дигари вилояти Хатлон низ ҳамла ва ё киштзорони онҳоро нобуд кардаанд. Онҳо соли 2015 дар ноҳияи Восеъ як духтари даҳсоларо куштанд.
Ҷангалбонҳо мегуянд, теъдоди хукҳои ваҳшӣ ё гурозҳо дар минтақаи Кӯлоб ба ҳашт ҳазор сар мерасад. Ду сол пеш ин рақам ба панҷ ҳазор баробар буд.
Шикори гуроз дар Тоҷикистон иҷоза дода шудааст, вале бисёре аз сокинон гӯшти онро ҳаром шумурда, шикор намекунанд.
Тасдиқи кушта шудани шаҳрванди Тоҷикистон дар Нижнекамск
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки як шаҳрванди кишвар дар ҷараёни ҳамлаи паҳподӣ ба Нижнекамски Тотористон кушта шудааст.
Як манбаъ, дар Вазорати корҳои хориҷӣ рӯзи 11-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, фарди кушташуда Рамазоналӣ Басиров, сокини 30-солаи вилояти Суғд буд.
Дар Вазорат гуфтанд, давоми рӯз маълумоти бештар дар бораи ин нафар пахш хоҳад шуд.
Ҳамла ба Нижнекамск шаби 9 ба 10-уми август рух дод. Мақомоти Русия иддао карданд, ки паҳподҳои украинӣ иншооти мулкӣ ва саноатии Нижнекамскро ҳадаф қарор додаанд.
Ситоди кулли артиши Украина мегӯяд, нерӯҳои ин кишвар ба корхонаи истеҳсоли нафти "Танеко" зарба заданд.
Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар дод, ки дар ин ҳамла асосан шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла 8 узбекистон ва як тоҷикистонӣ кушта шуданд.
Дар ин ҳодиса ҳамчунин ҳудуди 20 шаҳрванди дигари хориҷӣ захмӣ шудаанд. Шахсияти онҳо маълум нест.
Сурия: Бо Русия дар бораи ду пойгоҳи низомӣ ба созиш расидем
Вазорати корҳои хориҷии Сурия эълон кард, ки Димишқ ва Маскав пас аз ҳудуди якуним сол гуфтугӯ, дар бораи сарнавишти ду пойгоҳи низомии Русия дар хоки Сурия ба созиш расиданд.
Хабаргузории расмии Сурия рӯзи 10-уми август ба нақл аз Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар гузориш дод, ки пойгоҳи ҳавоии "Ҳумаймим" ва пойгоҳи баҳрии "Тартус" бар асоси тартиботи нав ба "Маркази муштараки омӯзиш ва такмили ихтисос" табдил хоҳанд ёфт.
Ба иттилои Димишқ, бар асоси тартиботи нав, манфиатҳои ҳам Русия ва ҳам Сурия ҳифз хоҳад шуд.
Бар асоси ин гузориш, дар тафоҳумномаи ду тараф дастикам се моҳ барои такмили раванди иҷрои созиш дар назар гирифта шудааст ва дар ин байн иншооти ғайринизомии мавҷуд дар ҳар ду пойгоҳ ба ҳукумати Сурия супурда хоҳанд шуд.
Русия ҳанӯз ба таври расмӣ дар бораи ин созиш изҳори назар накардааст.
Асъад Аш-Шайбонӣ, вазири корҳои хориҷии Сурия, рӯзи 9-уми август аз ду пойгоҳи "Ҳумаймим" ва "Тартус" боздид кард, то иншооти шомили ин тафоҳумномаро баррасӣ кунад.
Русия дар ҷараёни ҷанги дохилии Сурия аз муҳимтарин пуштибонҳои президент Башор Асад буд ва ҳузури низомии он дар "Ҳумаймим" ва "Тартус" нақши муҳиме дар ҳимоят аз ҳукумати ӯ дошт.
Сарнагунии ҳукумати Башор Асад дар соли 2024 зарбае ба нуфузи минтақавии Маскав ворид кард, аммо Владимир Путин аз он замон барои ҳифзи робита бо ҳукумати нави Сурия ва нигаҳ доштани ин ду пойгоҳи Русия дар ин кишвар талош кардааст.
Аҳмад Аш-Шаръ, раисҷумҳури Сурия аз замони ба қудрат расидан то кунун ду бор дар Маскав бо Владимир Путин дидор кардааст. Бо ин ҳол, Димишқ борҳо аз Русия хостааст Башор Асадро, ки пас аз сарнагунии ҳукуматаш ҳамроҳ бо ҳамсараш ба Маскав рафтааст, ба Сурия бозгардонад.
Кушта шудани як шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳамла ба Нижнекамск
Бар асари ҳамлаи паҳподӣ ба Нижнекамски Тотористон дар Русия ба камияш сездаҳ нафар, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистон, кушта шудаанд.
Мақомот дар Душанбе то кунун иттилое надоданд.
Мария Захарова, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Русия, рӯзи 10-уми август гуфт, дар натиҷаи ин ҳамла, ки Маскав кори дасти Киев медонад, "асосан шаҳрвандони хориҷӣ кушта шуданд".
"Тибқи маълумоти ибтидоӣ, дар миёни онҳо 8 шаҳрванди Узбекистон ва 1 шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд," – афзуд ӯ.
Захарова ҳувияти қурбониёнро ошкор накард, аммо илова намуд, ки "ҳудуди 20 шаҳрванди дигари хориҷӣ захмӣ шудаанд."
Ин ҳамла шаби 9 ба 10-уми август иттифоқ уфтод.
Мақомоти Русия иддао карданд, ки паҳподҳои украинӣ иншооти мулкӣ ва саноатии Нижнекамскро ҳадаф қарор додаанд.
Ситоди кулли артиши Украина мегӯяд, нерӯҳои ин кишвар ба корхонаи истеҳсоли нафти "Танеко" зарба заданд.
Кумитаи тафтишотии Русия дар пайванд ба ҳамла бо иттиҳоми “терроризм” парванда боз кард.
Дар Тотористон рӯзи мотам эълон шудааст.
Русия дар моҳи феврали соли 2022 ба хоки Украина таҷовуз кард ва аз он замон даргирӣ идома дорад.
Украина тайи моҳҳои охир ва дар посух ба ҳамлаҳои Маскав корхонаҳои коркарди нафти Русияро ҳадаф қарор дода, сабаби буҳрони сӯзишворӣ дар ин кишвар гаштааст. Тоҷикистон ҳам, ки беш аз навад дарсади маводи сӯхтро аз Русия меовард, акнун дар ҷустуҷӯйи роҳҳои алтернативист.
Трамп гуфт, Амрико дар фикри фишори иқтисодии бештар ба Эрон аст
Раисҷумҳури Амрико мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида бо Эрон тамоси маҳдуд дошта, ба ҷойи амалиёти низомии нав дар фикри афзоиши фишори иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Исломӣ аст.
Доналд Трамп рӯзи 9-уми август дар мусоҳиба бо нашрияи Axios гуфт, Эрон аз назари иқтисодӣ “дар вазъияти бисёр бад” ҳаст ва барои пардохт ба нерӯҳояш пуле надорад.
Трамп таъкид кардааст, ки нархи маводи сӯхт поинтар шуда, фишори ҷанг ба мардуми Амрико коҳиш ёфтааст. Вале Аxios хотирнишон мекунад, ки тибқи назархоҳии идораҳои гуногун мардуми Амрико дар бораи ин ҷанг назари фавқулода манфӣ доранд.
Ин изҳорот дар ҳоле аст, ки Иёлоти Муттаҳида ҳафтаи пеш, бинобар боз накардани оброҳаи Ҳурмуз, дар остонаи азсаргирии ҳамлаҳои густурдаи низомӣ алайҳи Эрон буд. Аxios мегӯяд, Доналд Трамп дар ин мусоҳибааш бо нашрия, ҳеч таҳдиди низомии наве матраҳ накард.
Аз оғози амалиёти Амрикову Исроил бар муқобили Эрон дар таърихи 28-уми феврали соли равон, Трамп борҳо иброз доштааст, ки созиши доимӣ бо Ҷумҳурии Исломӣ ногузир аст, аммо Теҳрон ин иддао ва ба таври муназзам ахбори пешрафт дар музокиротро рад мекунад.
Президенти Амрико рӯзи 9-уми август дар шабакаи иҷтимоии Truth Social навишт, ки Эрон ва кишварҳои Ховари Миёна дархост намудаанд, ки ҳамлаҳо ба таъхир андохта шаванд, зеро чорчӯби созиш муқаррар шудааст.
Ба қавли раҳбари Амрико, музокирот бо Эрон мисли бозии шоҳмот аст, аммо роҳи ҳалли он ҳам пайдо хоҳад шуд. Бар пояи он, ба нақли Трамп, равуои бидуни маҳдудият дар гузаргоҳи Ҳурмуз барқарор шуда, таҳдидҳои ҳастаӣ аз тарафи Эрон пурра қатъ хоҳанд шуд.
Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон рӯзи 9-уми август гуфт, равуои озод дар Ҳурмуз танҳо баъд аз қабули шартҳои Эрон аз сӯйи Амрико танзим хоҳад шуд. То оғози ҷанг тахминан 20 дарсади маводи сӯхти олам тавассути Ҳурмуз ба бозорҳои ҷаҳонӣ интиқол меёфт.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
13 кушта ва даҳҳо захмӣ дар Нижнекамск. Тоҷикон ҳам ҳастанд
Дар ҳамлаи паҳподӣ ба шаҳри Нижнекамски Тотористон дар Русия 13 кас, аз ҷумла як кӯдак, кушта шудаанд.
Ҳодиса рӯзи даҳуми август рӯй дод.
Консулгарии Узбекистон дар Русия гуфт, ҳафт нафар аз ҷонбохтагон шаҳрванди ин кишвар ҳастанд.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тотористон хабар дод, ки дар миёни қурбониён зодагони Тоҷикистон низ ҳастанд. Вале дар ҳоли ҳозир дар бораи онҳо маълумоте дар даст нест.
Шумораи захмиён беш аз ҳафтод нафар эълон шуд.
Мақомоти Русия иддао карданд, ки паҳподҳои украинӣ ба иншооти мулкӣ ва саноатии Нижнекамск зарба задаанд.
Ситоди кулли артиши Украина мегӯяд, нерӯҳои ин кишвар корхонаи истеҳсоли нафти "Танеко"-ро дар Нижнекамск нишон гирифтанд.
Дар Тотористон рӯзи мотам эълон шудааст.
Кумитаи тафтишотии Русия дар пайванд ба ин ҳамла бо иттиҳоми терроризм парванда боз кард.
Русия моҳи феврали соли 2022 ба хоки Украина таҷовуз кард ва аз он замон даргирӣ идома дорад.
Украина тайи моҳҳои охир ва дар посух ба ҳамлаҳои Русия корхонаҳои коркарди нафти ин кишварро ҳадаф қарор дода, сабаби буҳрони сӯзишворӣ гаштааст.
Тоҷикистон ҳам, ки беш аз навад дарсади маводи сӯхтро аз Русия меовард, акнун дар ҷустуҷӯйи роҳҳои алтернативист.
Шарҳи мақомот дар бораи афтидани мошин ба дарёи Варзоб
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи ба дарёи Варзоб сарозер шудани нақлиёт, як нафар ғарқ шуда, ду каси дигар наҷот ёфтанд. Ҳодиса субҳи барвақти 10-уми август дар ҳудуди ҷамоати Варзобқалъа рух додааст.
Ориф Нозимиён, сухангӯйи Кумита, ба Радиои Озодӣ гуфт, Шероз Бобоев, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳангоми ҳаракат аз самти Хуҷанд ба Душанбе “аз канори роҳ берун баромада ба дарёи Варзоб сарозер шудааст”.
Дар дохили мошин ба ғайр аз ронанда ду мусофири дигар будааст.
Сухангӯи Кумита афзуд, ронанда ва як мусофири 18-сола аз дохили мошин берун баромада, аммо мусофири сеюм, ки зани 42-сола будааст, ғарқ шуд.
Мақомот мегӯянд, ҷустуҷӯи пайкар ё ҷасади ин зан идома дорад.
Ҳар тобистон дар рӯдхонаву кӯлҳои Тоҷикистон даҳҳо нафар ғарқ мешаванд.
Навор дар Инстаграм:
Ширкати чиниро барои коркарди партовҳо ба Тоҷикистон меоранд
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, барои ҳалли мушкили партовҳои маишӣ, бо як ширкати чинӣ гуфтугӯ кардаанд.
Вазорати энержӣ ва захираҳои об гузориш додааст, ки вазир Далер Ҷумъа ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода бо роҳбарони ширкати чинии "Wangneng Environment" бархат ё онлайнӣ гап заданд.
Дар ин вохӯрӣ, масъалаи "бунёди корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Душанбе ва истеҳсоли нерӯи барқ тавассути сӯзондани партовҳо", баррасӣ шудааст.
Дар хабарномаи расмӣ гуфта нашудааст, ки мақомот бо ин ширкати чинӣ ба чӣ тавофуқ расиданд.
Тибқи гузоришҳои расмӣ, дар Тоҷикистон хадамоти кашондани партовҳо асосан дар шаҳрҳои бузург амал мекунад.
Масъалаи партовҳо борҳо нигаронии ҳомиёни ҳифзи муҳити зист ва сокинонро ба миён оварда буд.
Мақомот соли 2024 ҷазоро барои андохтани партов дар ҷойҳои манъшуда сахттар кардаанд.
Навор дар Инстаграм:
Трамп: "Ба дунболи афзоиши фишори иқтисодӣ ба Эрон ҳастем"
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико мегӯяд, ИМА тамоси маҳдуде бо Эрон дорад ва ба ҷойи дастур додан ба як амалиёти низомии нав, ба дунболи афзоиши фишори иқтисодӣ ба Эрон аст.
Раисҷумҳури Амрико рӯз 9 август дар гуфтугӯ бо вебсайти Axios гуфт, Эрон аз назари иқтисодӣ "дар вазъияти бисёр баде" қарор дорад ва пуле барои пардохт ба нерӯҳояш надорад.
Ӯ таъкид кард, ки муҳосираи баҳрии Амрико бӯҳрони иқтисодии ҳукумати Эронро сахттар кардааст.
Раисҷумҳури Амрико гуфт, ки ният дорад ба ҷойи дастур додан барои як амалиёти низомии нав, фишори иқтисодӣ бар Эронро афзоиш диҳад.
Ин изҳорот дар ҳоле аст, ки ИМА ҳафтаи пеш дар остонаи азсаргирии ҳамлаҳои густурдаи низомӣ алайҳи Эрон бинобар боз накардани тангаи Ҳурмуз буд.
Аxios мегӯяд, Трамп дар ин мусоҳиба бо ин вебсайт, ҳеч таҳдиди низомии наве матраҳ накард.
Ӯ ҳамчунин аз ин, ки Эрон эълони созиш бо Умон барои бозкушоии тангаи Ҳумрузро ба таъхир андохтааст, ибрози хашм ва норозигӣ накард.
Мақомоти Эрон рӯзи 8 август феҳристи наве аз хостаҳоро барои иҷозаи убури киштиҳо аз тангаи Ҳурмуз нашр карданд.
Мӯҳсин Ризоӣ дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон шуд
Расонаҳои Эрон рӯзи 9 август ҳукми Муҷтабо Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломиро нашр карданд, ки дар он Муҳсин Ризоӣ ба унвони намояндаи ӯ дар Шӯрои олии амнияти миллӣ таъйин шудааст.
Чанд соат баъд, Масъуд Пизишкиён Муҳсин Ризоиро дабири ин Шӯро таъйин кард. Ӯ дар ин мақом ҷойгузини Муҳаммадбоқир Зулқадр шуд. Зулқадр дар пайи кушта шудани Алии Лориҷонӣ дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон таъйин шуда буд.
Муҳсин Ризоӣ фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Эрон дар даврони ҷанги ҳашсолаи Эрон ва Ироқ буд. Ӯ дар гузашта дабири Маҷмаи тахшиси маслиҳати низом ва мушовири Алии Хоманаӣ буд.
Муҷтабо Хоманаӣ баъд аз интихоб шуданаш ба унвони раҳбари Ҷумҳурии исломӣ, Муҳсин Ризоиро мушовири низомии худ таъйин кард.