Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти се паҳлавони тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқаи ҷудо "Abu Dhabi Grand Slam 2021"


Акс аз бойгонӣ.

Се паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо бо номи “Grand Slam” ё “Тоскӯлоҳи бузург”, ки имрӯз, 26-уми ноябр, дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб - шаҳри Абу Забӣ – шуруъ шуд, ноком шуданд.

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо хабар додааст, дар ин мусобиқа беш аз 220 варзишгар аз 41 кишвари панҷ қитъаи олам ширкат доранд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон 10 варзишгар шомиланд, ки дар сабқати мардон иштирок мекунанд.

Дар рӯзи аввали мусобиқа – 26-уми ноябр – се паҳлавони тоҷик дар аввалин рақобаташон шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуданд. Шаҳбоз Саидаброров дар вазни то 60 кило аз Седрик Револ аз Фаронса, Алиҷон Сафаралиев дар вазни то 66 кило аз Петр Жуков аз Руминия ва Баҳром Сӯфиев дар ҳамин вазн аз Реда Седдуки аз Фаронса мағлуб шуданд.

Чаҳор намояндаи дигари Тоҷикистон рӯзи шанбеи 27-уми ноябр вориди рақобат мешаванд. Муҳаммадраҳим Сарахонов дар вазни то 73 кило бо Халифа Ал-Ҳусайнӣ аз Имороти Муттаҳидаи Араб, Сомон Маҳмадбеков дар ин вазн бо ғолиби ҷуфти Абдулло Мусобоҳ аз Имороти Муттаҳидаи Араб/ Юс Мечилосек аз Словения, Ҳақназар Назаров дар вазни то 81 кило бо Тизи Гнамйен аз Фаронса ва Хушвақт Идиев дар ин вазн бо Зебеда Рехвиашвили аз Сербия ба рақобат мепардозанд.

Се паҳлавони маъруфи тоҷик дар рӯзи охирини мусобиқа - 28-уми ноябр – ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 90 кило бо Муҳоб Элнаҳас аз Канада, Комроншоҳи Устопириён дар ин вазн бо Ҷамол Петгрейв аз Бритониёи Кабир ва Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило бо Эмил Маттссон аз Шведсия вориди рақобат мешаванд.

Коршиносон аз Темур Раҳимов, ки чанд рӯз пеш дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Тоскулоҳи бузург” (“Baku Grand Slam 2021”) дар пойтахти Озарбойҷон дар вазни беш аз 100 кило медали нуқра гирифт, натиҷаи баландро чашмдоранд. Худи Темур дар як мусоҳибааш гуфт, ки кӯшиш мекунад дар Абу Забӣ медали тилло ба даст биёрад.

Ба ҷуз аз медал, ба ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ мукофоти молӣ супурда мешавад: барои ҷойи аввал - 5000 доллари ИМА, барои ҷойи 2-юм - 3000 доллар, барои ҷойҳои 3-юм - 1500-долларӣ.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG