Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Модари Гулбиддин Зиёбеков хоҳони суҳбат бо президенти Тоҷикистон шуд

Певистамо Абдулмуминова мегӯяд, арзашро дар ҳукумати Бадахшон нашуниданд

Модари Гулбиддин Зиёбеков, ҷавони 29-сола, ки ҳангоми амалиёти мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон кушта шуд ва марги ӯ боиси эътирози чоррӯза дар Хоруғ гардид, хоҳони суҳбат бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Певистамо Абдулмуминова, модари Гулбиддин, рӯзи 1-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Бадахшон арзашро нашунидаанд ва мехоҳад, додашро ба президент расонад.

Гулбиддин Зиёбеков рӯзи 25-уми ноябри имсол дар деҳаи Тавдеми Роштқалъа кушта шуд. Мақомот гуфтанд, ӯ тақрибан як сол пеш ёвари додситони ноҳияро гаравгон гирифта буд ва бо гумони гаравгонгирӣ ва барангехтани маҳалгароӣ ҷустуҷӯ мешуд, вале дар амалиёти боздошт бо силоҳ муқобилият нишон дод ва захмӣ карда шуд. Дар хабарномаҳои расмӣ дар бораи кушта шудани ӯ чизе нагуфтанд.

Певистамо Абдулмуминова, модари Гулбуддин Зиёбеков дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Қасам ба номи Худо, қасам ба арвоҳи писари навгузаштаам, ки ӯ силоҳ надошт. Вай хидмат ҳам накарда буд, таппончаро намедонист. Бачаи ман ҳатто сигарет накашида буд. Вай ба ягон кас ягон зарар нарасонида буд.”

Баъзе аз шоҳидон мегӯянд, он рӯз дар дасти Гулбуддин Зиёбеков силоҳ надида буданд. Дар телевизиони давлатии "Бадахшон" ҳамчун далел як таппончаро бо тиру тирдонаш намоиш дода, гуфтанд, ки ӯ ба Гулбиддин Зиёбеков тааллуқ дорад.

Певистамоҳ Абдулмуминова пойфишорӣ дорад, ки писараш ҳеч гоҳ дар даст силоҳ надошт. Вай гуфт, давоми даҳ моҳи охир, баъди онки гаравгонгирии додситон рӯй дод, касе писарашро суроғ накарда ва "ҳатто барои бозпурсӣ ба ӯ даъватнома нафиристода буд".

Ба бовари ӯ, дар ҳар сурат, имкони зинда дастгир кардани писараш вуҷуд дошт, аммо барояш муаммо мондааст, ки чаро ӯ кушта шуд. Абдулмуминова мегӯяд, бо гузашти рӯзҳо ба ин ва суолҳои дигар посух наёфтааст. Мақомот ҳамвора таъкид доранд, ки Зиёбеков ҳангоми амалиёти боздошт муқобилият нишон дод ва бо тири ҷавобӣ маҷруҳ карда шуд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ бо шоҳидон, мақомот ва таҳлилгарон дар бораи ин ҳодиса суҳбат карданд.

Амалиёти боздошти Гулбиддин чӣ гуна сурат гирифт?

Чӣ тавр мардум дар майдони марказии Хоруғ ҷамъ шуданд?

Посух ба ин суолҳоро давоми рӯз дар сомонаи Радиои Озодӣ хоҳед хонд. Бозгашт ба саҳифаро фаромӯш накунед.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Мунтақиди сарсахти Кремлин аз тарафдоронаш хост, аз чизе наҳаросанд

Алексей Навалнийро 17-уми январи соли 2021 дастгир карданд

Алексей Навалний, мунтақиди сарсахти Кремлин, мегӯяд, бо гузашти як сол аз зиндонӣ шуданаш, ҳеч гуна пушаймонӣ надорад. Вай аз ҷонибдоронаш хостааст, аз чизе наҳаросанд.

Навалний рӯзи 17-уми январ аз зиндон дар як навиштааш дар Инстгарам гуфт, намехоҳад, то мардуми, ба гуфтаи ӯ, содиқ пас аз ин дар тарс ба сар баранд.

Алексей Навалний акси муштараки худ ва ҳамсарашро дар ҳоле ки дар либоси зиндониён дида мешавад, низ нашр кард.

Созмони Афви Байнулмилал дар нахустин солгарди боздошт ва ҳабси Навалний аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, то садояшонро барои раҳоии ӯ баланд кунанд.

Навалний моҳи августи соли 2020 заҳролуд шуда, барои муолиҷа ба Олмон рафта буд. Вай моҳи январи соли 2021, ҳангоми бозгашт ба Русия, дар фурудгоҳи Маскав дастгир шуд. Додгоҳ ӯро дуним сол аз озодӣ маҳрум кард.

Дар робита ба ҳаводиси Қазоқистон 695 парванда кушодаанд

Алмаато, 12-уми январи 2022

Ёвари додситони кулли Қазоқистон Азамат Сергазин рӯзи 18-уми январ дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки дар робита ба ҳаводиси моҳи январи ин кишвар ҳудуди 700 парванда боз шудааст.

"Тафтиши пеш аз додгоҳии 695 парванда дар бораи ҷиноятҳои махсусан вазнин, аз ҷумла терроризм, куштор, таблиғ ва даъват ба ғасби ҳокимият дар Қазоқистон оғоз шудааст," – гуфт Сергазин.

Пештар додситонии кулли Қазоқистон хабар дода буд, ки роҷеъ ба ҳаводиси моҳи январ 546 парванда тафтиш мешавад. Ин ниҳод гуфт, 100 шаҳрванди Қазоқистон, ки "беасос дастгир шуда буданд", озод гаштаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар миёни онҳое, ки дар натиҷаи эътирозҳои оммавии Қазоқистон дар аввали моҳи январ дастгир, бедарак ё кушта шудаанд, шахсони бегуноҳ низ ҳастанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи байнулмилалӣ ва маҳаллӣ аз мақомоти Қазоқистон даъват карданд, ки иштирокдорони тазоҳуротҳои осоиштаро ба ҷавобгарӣ накашанд.

Қирғизистон мехоҳад, шаҳрвандони зиндонияшро аз Тоҷикистон барад

Акс аз бойгонӣ

Идораи Омбудсмени Қирғизистон оид ба ҳуқуқи инсон аз Додситонии кулли ин кишвар дархост кардааст, ки имкони истирдоди ду маҳбуси қирғизистониро аз Тоҷикистон ба ватан баррасӣ кунад.

Ба огаҳии идораи омбудсмен, сокини ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон ба ин ниҳод муроҷиат карда, гуфтааст, шавҳари ӯ - Нооман Самадов ҳамроҳи Саидакмат Артиков аз сӯи мақомоти интизомии Тоҷикистон дастгир ва ба зиндон маҳкум шудаанд. Самадов 2 сол ва Артиков 18 сол аз озодӣ маҳрум гаштаанд.

"Худи маҳкумшудаҳо айбҳои эъломшударо беасос ва дорои ангезаи сиёсӣ медонанд. Аз шикоят ба зинаҳои болоии додгоҳӣ ҳам даст кашидаанд," - гуфтанд дар идораи омбудсмен.

Наздикони Самадов ва Артиков аз мақомоти Қирғизистон дархост кардаанд, ки онҳоро аз маҳбаси Тоҷикистон ба ватан истирдод кунанд. Бинобар ин, Идораи Омбудсмени Қирғизистон аз Додситонии кулли он кишвар дархост кардааст, ки имкони истирдоди қирғизистониҳоро аз маҳбаси Тоҷикистон ба ватан баррасӣ намояд.

Ба гуфтаи наздикони Самадов ва Артиков, ин ду шаҳрванди Қирғизистон, ки моҳи сентябри соли 2021 дастгир гаштаанд, дар Тоҷикистон нахуст ба убури ғайриқонунии марз ва дертар ба ҷосусӣ гунаҳкор шудаанд.

Нурсултон Назарбоев аз худ дарак ва гуфт, дар Қазоқистон аст

Нурсултон Назарбоев соли 2019 аз мансаби президенти Қазоқистон истеъфо дод, вале дар қудрат монд

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури собиқи Қазоқистон, ки аз 28-уми декабр ба ин сӯ аз мазҳари ом дур шуда буд, рӯзи 18-уми январ аз худ дарк дод ва дар як суханрониаш гуфт, ки миёни элитаҳои сиёсии кишвар ҳеҷ ихтилофоте вуҷуд надорад. Ӯ гуфт, дар замони ҳукуматдориаш дар Қазоқистон, ба дастовардҳои зиёде ноил шудааст ва аз мардум хост, ки раиси ҷумҳури феълӣ Қосимҷомарт Тоқаевро дастгирӣ кунанд.

Нурсултон Назарбоев, ки се даҳсола Қазоқистонро раҳбарӣ мекард, ду сол пеш аз мансаби президенти канор рафта буд, вале ҳамчун “Элбаси” (Пешвои миллат) раиси Шӯрои амниятро бар душ дошт. Бо оғози нооромиҳои аввали январ, Нурсултон Назарбоев вазифаи раиси Шӯрои амнияти миллиро бо ихтиёри худ ба Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии ин кишвар супурд.

Пас аз оғози тазоҳурот дар ин кишвар, Назарбоев дар хомӯшӣ ба сар мебурд ва шоеаҳое ҳам паҳн шуд, ки ӯ бо наздиконаш аз Қазоқистон берун рафтааст.

Аз оғози моҳи январ бо сабаби гаронии гази моеъ дар Қазоқистон мардум эътироз карданд. Ин эътироз дар Алмато ба хушунат печид ва дар даргириҳо даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шудаанд. Президенти Қазоқистон гуфт, ки "террористон" ба ин кишвар ҳамла кардаанд. Кишварҳои узви СПАД, аз ҷумла Тоҷикистон барои назорати вазъ бо даъвати Қазоқистон ба ин кишвар нерӯ фиристоданд.

NYT: Русия хонаводаи дипломатҳояшро аз Украина берун мебарад

Намояндагии расмии Русия дар Украина

Дипломатҳои ду консулгарии Русия дар Украина амр гирифтаанд, ки барои тарк кардани қаламрави ин кишвар омодагӣ бинанд. Дар ин бора нашрияи "The New York Times" бо истинод ба як масъули баландпояи Хадамоти махсуси Украина хабар додааст.

Ҳамсуҳбати нашрия гуфтааст, 18 нафар, асосан занону кӯдакони дипломатҳои рус 5-уми январи имсол Украинаро тарк карданд. Ҳамчунин, ҳудуди 30 кас давоми рӯзҳои охир аз сафорати Русия дар Киев ва консулгарии он кишвар дар Лвов рафтанд.

Намояндаи расмии Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, Вашингтон аз ин "омодагиҳо" хабар дорад. "Мо дар бораи он ки ҳукумати Русия барои берун бурдани аъзои хонаводаи дипломатҳои худ дар Украина дар охирҳои моҳи декабр ва аввали моҳи январ омодагӣ медид, хабар дорем," -- афзудааст ӯ.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Русия дар шарҳи хабари берун рафтани хонаводаи дипломатҳо аз Украина ба "Интерфакс" танҳо гуфтаанд, ки сафорати ин кишвар дар шаҳри Киев ба таври муқаррарӣ кор мекунанд.

Рӯзноманигори қазоқ Махамбет Абжан "то ҳол бедарак аст"

Махамбет Абжан

Рӯзноманигор Махамбет Абжан, ки дар авҷи эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон бедарак гашта буд, то ҳол пайдо нашудааст. Наздикони рӯзноманигор мегӯянд, ӯ аз 6-уми январи имсол ба ин сӯ беному нишон гаштааст.

"Вакили дифоъ ба Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон муроҷиат кард. Дар онҷо гуфтанд, ки рӯзноманигорро дастгир накардаанд. Мо мехоҳем, дар ин бора расман посух диҳанд. Қадамҳои минбаъдаи мо низ аз он чи дар посух гуфта мешавад, вобастааст," - изҳор дошт ҳамсари рӯзноманигор Гулзира Дуйсембоева.

Ба гуфтаи Дуйсембоева, як рӯз пеш аз бедаракшавии шавҳараш кормандони пулис дар либоси мулкӣ ба хонаи онҳо омада, талаб карданд, ки дарро кушоянд. Рӯзноманигор дарро накушодааст. Кормандони пулис гуфтаанд, ҳамсояҳо шикоят кардаанд, ки гуё аз хонаи рӯзноманигор сарусадои баланд шунида мешавад.

Абжан эътирозҳои оммавии 4-уми январ дар пойтахти Қазоқистонро бозтоб медод ва субҳи 6-уми январ аз хона берун шуда, то ҳол бедарак аст. Номи ӯ дар рӯйхати расмии бедаракшудаҳо дида намешавад. Пулис 12-уми январ гуфтааст, ки рӯзноманигорро дастгир накардаанд.

"Салла пӯшед, ришро қайчӣ накунед." Дастури нави Толибон ба мардон

Толибон дар Урузгон

Толибон дар вилояти Урузгони Афғонистон ба мардон дастур додаанд, ки қайчӣ кардани ришашонро бас кунанд ва ба ҷойи кор бо салла оянд.

Дар моҳи августи соли гузашта, вақте Толибон Афғонистонро ишғол карданд, бо ҳадафи дарёфти эътирофи байналмилалӣ исрор меварзиданд, ки аз ифрот даст кашида, роҳи муътадилро пеш мегиранд. Аммо бисёре аз ҳомиёни ҳуқуқ бо ишора ба расонаҳои маҳаллии афғон мегӯянд, сухани Толибон як ва амалашон дигар аст.

Рӯзи 16-уми январ дар як ҷамъомад Мавлавӣ Таййиб, намояндаи баландпояи Толибон дар вилояти Урузгон гуфтааст, мардум мехоҳад, бар пояи шариати исломӣ зиндагӣ кунад.

Ӯ гуфтааст: "Тамоми кормандон бояд сиёсати Аморати исломии Афғонистонро, ки тибқи шариати исломӣ асос ёфтааст, дарк кунанд." Ва афзудааст, ки тамоми кормандон бояд аз қайчӣ кардани ришашон даст кашида, салла дар сар ба кор ҳозир шаванд.

Чин фурӯши билетро ба Бозиҳои олимпии Пекин мутаваққиф кард

Коргарон дар парки олимпӣ. Пекин, 4-уми январи 2022

Чин бо ишора ба пандемияи коронавирус фурӯши билетро барои тамошои бозиҳои олимпии Пекин боздошт. Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар пойтхати Чин 4-уми феврали имсол ифтитоҳ меёбанд.

Тибқи барнома, масъулони бозиҳои олимпӣ ва гурӯҳи мунтахаби бинандагон ба тамошои бозиҳо даъват шуда, бар пояи дастурҳои пешгирӣ аз сирояти COVID-19 мусобиқаҳоро пайгирӣ мекунад.

Пештар Чин эълон кард, ки ҳаводорони бозиҳои олимпӣ аз кишварҳои дигар имкон нахоҳанд дошт, ки ба Пекин рафта, олимпиадаро бинанд.

Варзишгарон ва мураббиён бояд тибқи дастури зидди коронавирус амал кунанд. 15-уми январ дар Чин аввалин мавриди гирифторӣ бо навъи Омикрони коронавирус ташхис шуд.

Боздошти як зани тоҷикистонӣ дар Украина

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Украина як зани 32-соларо аз Тоҷикистон бо гумони узвият дар созмонҳои террористӣ дар фурудгоҳи шаҳри Одесса дастгир кардаанд.

Аз зан ном бурда намешавад. Ба иттилои расмӣ, ӯро Интерпол ё пулиси байнулмилалӣ меҷуст.

Хадамоти давлатии марзбонии Украина гумонбарро ба кормандони пулиси миллӣ супурдааст ва “масъалаи истирдодаш дар ҳоли баррасист”.

Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Қазони вилояти Тотористони Русия як зани 43-солаи тоҷикистониро бо иттиҳоми таблиғи гурӯҳи террористӣ боздошт карданд. Ин зан, ки дар Қазон ба сар мебурд, бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир гардидааст.

Додгоҳи шаҳри Қазон 14-уми январи имсол ӯро барои як моҳ ба ҳабс гирифт. Эҳтимол ин зан ба Тоҷикистон истирдод шавад. Дар ватан ба ӯ аз 12 то 20 сол зиндон таҳдид мекунад.

Ба сабаби маълум набудани номи гумонбарон мавқеи онҳо ва ё наздикону вакилони мудофеашон низ дастрас нест.

Ба Тоҷикистон 1 миллион дона ваксинаи Moderna додаанд

Фурудгоҳи Душанбе, 26-уми июли соли 2021. Як бахши воксинаҳои ширкати Moderna вориди Тоҷикистон шуд

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба Тоҷикистон як миллион воя ваксинаи сохти ширкати Moderna додааст. Бунёди кӯдакони Созмони Милал гуфт, ин миқдор ваксинаи зидди коронавирус рӯзи 17-уми январ ба Душанбе оварда шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон узви барномаи COVAX-и Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ – ниҳоди вобаста ба Созмони Милал – аст ва дар як соли охир аксар ваксинаҳои зидди коронавирусро маҳз тавассути ҳамин барнома гирифтааст.

Аз 3-юми июли соли 2021 дар Тоҷикистон эмшавии зидди коронавирус барои сокинони аз 18-сола боло ҳатмӣ аст ва мақомот дар бораи нишондодҳои баланди эмшавӣ гузоришҳо медиҳанд. Вале ҳамоно эҳсоси нобоварӣ ва майли сарди сокинон ба ваксинагирӣ мушоҳида мешавад.

Ба навиштаи хабаргузориҳои русӣ, то оғози ҳафтаи ҷорӣ дар Тоҷикистон наздик ба 69% калонсолон воксинаи аввал ва 57% ваксинаи дуюмро дастрас кардаанд.

Дар як соли охир тавассути барномаи COVAX ба Тоҷикистон беш аз 9 миллион ваксина ворид карда шудааст.

Дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон панҷ навъи ваксинаи зидди коронавирус – AstraZeneca-и сохти Ҳинд, CoronaVac-и сохти Чин, Moderna ва Pfizer/BionTech-и сохти Амрико ва Олмон ва "Спутник V"-и Русия дастрас мебошанд.

Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, ки аз замони шурӯи пандемияи коронавирус 17 ҳазору 95 мавриди гирифторӣ ба COVID-19 сабт шуда, 124 нафар аз ин вирус ҷон бохтаанд. Омори ғайрирасмии беморону қурбониёни коронавирус ба маротиб бештар гуфта мешавад.

Шурӯи машқҳои нирӯҳои пиёданизоми пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон

Акс аз октябри соли 2021

Нирӯҳои пиёданизоми пойгоҳи 201-уми Русия рӯзи 18-уми январ дар майдонҳои Лоҳуру Сумбулаи Тоҷикистон машқҳои низомии навбатиро шурӯъ карданд. Ба навиштаи Ҳавзаи марказии низомии Русия, дар машқҳои низомӣ тӯпхонаву чархболҳо ҳам истифода шудааст. Мақомоти низомии Русия ин машқҳоро тактикӣ номида хабар доданд, ки дар майдонҳои кӯҳии Лоҳуру Сумбула дар маҷмӯъ 1 ҳазор нирӯи пиёданизом ҷалб мешаванд. Дар изҳорот ҳадафи асосии баргузории тамринҳо санҷиши омодагии ҳарбии воҳидҳои пиёданизом ва ҳамоҳангии кори онҳо ба ҳангоми иҷрои вазифаҳои низомию ҳарбӣ мебошад. Пойгоҳи 201-уми Русия аз 7 ҳазор низомӣ иборат буда, дар қаламрави Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст.

Пойгоҳи 201-уми Русия мегӯяд, ки дар пасманзари сари қудрат омадани "Толибон" дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021, Русияву ҳампаймонҳояш аз Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Тоҷикистон як силсила машқҳои низомӣ барпо карданд. Инчунин, низомиёни Русия дар Тоҷикистон бо силоҳу аслиҳаи нав ва ҳам муҳимоти низомии бештар таъмин шуданд.

Муаллифи муҷассамаи саргин боздошт шуд

Акси муҷассамаи саргин дар майдони Марси шаҳри Санкт-Петербург аз Инстаграми Иван Волков

Дар шаҳри Санкт-Петербург як рассомеро боздошт карданд, ки дар майдони Марс муҷассамаи саргини барфиро гузошт. Дар нисбати Иван Волков парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва ӯро дар таҳқири оромгоҳ гумонбар медонанд, ки як ҷурми ҷиноӣ ба ҳисоб меравад. Каме дуртар аз макони муҷассамаи баҳсбарангез дар канори майдони Марси шаҳри Санкт-Петербург мақбараҳои болшевикҳои қурбонии инқилоби Феврал ва Октябри соли 1917 ҷойгир шудааст.

Муҷассамаи саргини барфӣ 5 метр баландӣ дошта, бо ранги табиии ахлоти инсон ранг карда шудааст. Ба навиштаи Радио Свобода, Волкови 29-сола акси муҷассамаашро дар Фейсбук ва Инстаграм чоп карда дар зернависаш ишора кардааст, ки “бо ин кораш кадом гапи махсусе гуфтан намехоҳад”. Баъди чанд соат ин навиштаҷот пок шуд. Ба рассом Волков то 5 соли зиндон таҳдид мекунад. Волков чандин кори иҷтимоие анҷом додааст, ки яке аз онҳо ба нишони сипосу эҳтиром ба кори табибон дар давраи пандемияи коронавирус мебошад.

Нархи нафти навъи Brent дар бозори ҷаҳонӣ ба таври камсобиқа боло рафт

Акс аз бойгонӣ.

Нархи нафти навъи Brent дар бозори ҷаҳонӣ ба таври камсобиқа боло рафт. Субҳи 18-уми январ биржаҳои молӣ нархи ин навъи нафтро 87 доллару 31 сент нишон доданд. Аз моҳи октябри соли 2014 то ин вақт ин бори аввал аст, ки нархи нафти навъи Brent ба ин сатҳ мерасад.

Соли гузашта ба далели пандемия ва якбора кам шудани талабот ба нафт, кишварҳои асосии содиркунанда тавлиди ин маҳсулотро якбора кам карда буданд. Аммо дар нимаи дуюми соли 2021 нархи нафт марҳила ба марҳила боло рафт.

Дар Тоҷикистон ҳам, ки маҳсулоти нафтиро аз хориҷ меорад, сокинон шоҳиди ба таври назаррас гарон шудани сӯзишворӣ шуданд. Аз ҷумла, бензин ва сӯзишвории дизелӣ ба як доллар ё бештар аз 11 сомон расид. Як литр гази моеъ бошад аз 7 сомонӣ гузашт. Болоравии нархи сӯзишворӣ ба гуфтаи мутахассисони соҳаи иқтисод, ба нархи дигар маҳсулот ҳам таъсир мерасонад.

Лукашенко гуфт, Русияву Белорус дар наздикии марзи Украина размоиш мегузаронанд

Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус.

Дар моҳи феврал дар марзи Белорус бо Лаҳистону Украина размоишҳои неруҳои Белорус бо Русия барпо мешавад. Дар ин бора рӯзи душанбе Александр Лукашенко, президенти Белорус, хабар дод. Вай ҳамчунин гуфт, ки Украина неруҳояшро дар марз бо Белорус тақвият медиҳад.

Баргузории размоишҳо ҳанӯз дар моҳи декабр байни Лукашенко ва президенти Русия Владимир Путин мувофиқа шуда буд. Лукашенко рӯзи душанбе гуфт, размоишҳо бояд паёми муқобила бо неруҳои Ғарб (Соҳили Балтик ва Лаҳистон) ва ҷануб (Украина)-ро дошта бошанд.

Санаи дақиқа оғози размоишҳо хабар дода нашудааст. Эъломи размоишҳо дар ҳолест, ки Русия неруҳояшро дар марз бо Украина тақвият медиҳад. Тақвияти неруҳои Русия ин нигарониро ба бор овардааст, ки Русия қасди ҳамла ба Украинаро дорад.

Размоишҳои Русия бо Белорус "Қатъияти эътилоф - 2022" ном гирифтааст.

Раиси Хадамоти гумруки Қирғизистонро бо гумони фасодкорӣ боздошт карданд

Адилет Кубаничбеков.

Раиси Хадамоти давлатии гумруки Қирғизистон Адилет Кубаничбеков бо гумони фасодкорӣ боздошт шуд. Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) рӯзи 17-уми январ хабар дод.

Ин ниҳод хабар дод, "аз фасодкории густарда дар хадамоти гумрук иттилоъ дарёфт шуд, ки роҳбарият ва сардорони бахшҳои гумрук ба он даст доранд".

КДАМ гуфт, роҳбарияти Хадамоти гумрук манфиати ширкатҳои хусусиеро бароварда мекард, ки аз хориҷ мол меоварданд ва дар ивази пора барои онҳо имтиёзи гумрукӣ медод.

Мақомот нисбати раиси Хадамоти гумрук бо моддаи "Фасодкорӣ" парванда боз кардаанд.

Адилет Кубаничбекови 40-сола 26-уми октябри соли 2021 ба ин мақом таъйин шуда буд.

Қазоқистон бештари гузаргоҳҳои марзиро бо Қирғизистон боз кард

Марзи Қазоқистон ва Қирғизистон.

Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз тартиби нави убури марз бо Қазоқистон хабар дод.

Ба иттилои ин ниҳод, 17 январ гузаргоҳҳои марзии Қазоқистон ба убури шаҳрвандони Қирғизистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бидуни шаҳрвандӣ иҷоза доданд.

Мошинҳои боркаш ҳоло танҳо аз се гузаргоҳ: "Оқ-Тилек", "Чалдибар" ва "Чон-Капка" иҷозаи убур доранд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, вазъ дар гузаргоҳҳо муътадил буда, ҷамъшавии мошинҳову одамон мушоҳида намешавад

Ҷониби Қазоқистон марз бо Қирғизистонро рӯзи 7 январ баста буд.

Созмони Милал гуфт, Толибон занонро аз ҳама соҳаҳо дур мекунанд

Эътирози занон дар Кобул

Як гурӯҳи 36-нафарии коршиносони Созмони Милали Муттаҳид аз “кӯшишҳои пайваста”-и Толибон барои берун кардани занон аз ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кардаанд.

Толибон моҳи августи соли гузашта дигарбора қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд, вале то ҳол ҳеч кишваре “аморати исломӣ”-и онҳоро ба расмият нашинохтааст.

Ин гуруҳ дар рӯзҳои аввали ҳокимияташ фаъолияти занонро дар аксар бахшҳо манъ кард, таҳсили духтаронро пас аз синфи шашум номумкин гардонд ва дастур дод, занон танҳо ба кӯча набароянд.

Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 17-уми январ дар эъломияе ин сиёсатҳоро “ҷазои дастҷамъии занон ва духтарон дар Афғонистон” хонданд.

“Ин сиёсатҳо, ҳамчунин, ба қобилияти кор ва пешбурди рӯзгори занон таъсир расонда, онҳоро боз ҳам ба фақр тела дод. Бахусус заноне, ки нигоҳубини хонаводаро ба уҳда доранд, сахт осеб диданд,” – гуфта шудааст дар эъломия.

Толибон ҳанӯз ба изҳороти коршиносони СММ вокунише нишон надодаанд, вале қаблан гуфтаанд, ки ҳуқуқи занону духтаронро дар чаҳорчӯби ислом ва анъанаҳои афғонӣ муроот мекунанд.

Ҳафтаи гузашта созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) низ аз бад шудани вазъи ҳуқуқи занону духтарон дар Афғонистон ҳушдор дод.

Шуморе аз занон рӯзи якшанбе, 16-уми январ, дар Кобул алайҳи ҳиҷоби иҷборӣ ва маҳуддяити гаштугузори занон тазоҳурот карданд.

Дар Туркманистон қарздорон аз алимент хун месупоранд

Ишқобод, моҳи декабри 2021

Мақомоти вилояти Лебапи Туркманистон шаҳрвандонеро, ки аз ҳисоби алимент қарздор ҳастанд, ҳар моҳ маҷбур мекунанд, то 600-граммӣ хун супоранд.

"Додгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои Лебап шаҳрвандони қарздор аз ҳисоби алиментро вазифадор мекунанд, то сарфи назар аз ҳаҷми қарзашон ҳар моҳ аз 300 то 600 грамм хун супоранд. Онҳо шаҳрвандонро маҷбур мекунанд, ки ба ин восита қарзи худро пардозанд. Ин иқдом бо дастури раиси додгоҳи вилоят анҷом дода мешавад," -- гуфтааст як корманди додгоҳи Лебап дар суҳбат бо бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, қарздорони алимент дар вилоят чандин ҳазор нафаранд ва бештари онҳо ҷойи кор надоранд.

Манбаъ гуфтааст, мақомоти Лебап ба ин хотир иқдомро рӯи даст гирифтаанд, ки соли гузашта танҳо 10 дарсади шикояти шаҳрвандон роҷеъ ба напардохтани андоз қонеъ карда шудааст.

"Oxfam": Сарватмандони бузург дар замони пандемия сарватмандтар шудаанд

Акс аз бойгонӣ

Созмони бритониёии "Oxfam" мегӯяд, дороиҳои даҳ сарватманди ҷаҳон аз оғози пандемияи COVID-19 ду баробар афзуда, ба 1 триллиону 500 миллиард доллар расидааст.

Ҳамзамон тахмин зада мешавад, ки бемории ҳамагир беш аз 160 миллион нафарро дар ҷаҳон ба фақр гирифтор кардааст.

Муассисаи хайриявии "Oxfam" инро дар гузорише рӯзи 17-уми январ дар остонаи баргузории Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ нашр кард. Нишасти маҷозӣ ё онлайнии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ ин ҳафта баргузор мешавад.

Таҳиягарони гузориш мегӯянд, "хушунатҳои иқтисодӣ" замоне ҷорӣ мешавад, ки гузинаҳои сиёсатҳои сохторӣ танҳо барои сарватмандон ва қудратмандон анҷом шавад. Ба гуфтаи гузориш, ин мустақим барои ҳама (фақирон, занон ва духтарон) бештар садама мезанад.

Гузориш дар идома мегӯяд, нобаробарӣ ба хотири адами дастрасӣ ба муроқибатҳои тандурустӣ, хушунат бар асоси ҷинсият, гуруснагӣ ва тағйири иқлим, боиси марги 21000 нафар дар як рӯз мешавад.

Гузориш ҳамчунин хоҳони ҷорӣ кардани андоз ё молиёти бештар ба миллиардерҳо ва кишварҳои сарватманд шудааст, ки бар асоси он холигоҳи камбуди ваксина дар кишварҳои фақир ҳам пур шавад.

Тоқаев бародарзодаи Назарбоевро аз мақом барканор кард

Нурсултон Назарбоев ва Самат Абиш. Акс аз бойгонӣ

Самат Абиш, бародарзодаи президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, аз мақоми муовини раиси Кумитаи амнияти миллии он кишвар барканор шудааст. Фармони барканории ӯро президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 17-уми январ имзо кард.

Тимур Қулибоев, яке аз домодҳои бонуфузи президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, низ рӯзи 17-уми январ хабар дод, ки аз мансаби раиси "Отамакон", палатаи миллии соҳибкорон, меравад.

Аз он пеш, рӯзи 15-уми январ, ду домоди дигари Назарбоев гуфтанд, ки аз раҳбарии ширкатҳои газу нафти Қазоқистон истеъфо додаанд. Сабабаш маълум нест.

Нурсултон Назарбоев се даҳсола раёсати ҷумҳури Қазоқистонро ба уҳда дошт. Вай соли 2019 аз мансаб истеъфо дод, вале ҳузури худро дар қудрат ҳифз кард.

Раҳбари собиқи 81-сола аз замони сар задани тазоҳурот ва беназмиҳо дар Қазоқистон дар назди мардум ҳозир нашудааст. Дар куҷо ва дар чӣ вазъ будани ӯ маълум нест.

"Истиқлол" дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC бо киҳо рӯбарӯ мешавад?

Акс аз бойгонӣ

Аз рӯи натоиҷи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии мавсими нави Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2022, ки 17-уми январ, дар Куала-Лумпури Малайзия доир гардид, «Истиқлол»-и Душанбе дар гурӯҳи «А» бо тимҳои «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) ва «Ал-Райян» (Қатар), инчунин ғолиби ҷуфти плей-офф «Шарҷа» (Имороти Муттаҳидаи Араб) – «Ал-Завраа» (Ироқ) рақобат мекунад.

Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC дар минтақаи Ғарб аз 7-ум то 27-уми апрел дар шакли мутамарказ баргузор мешаванд.

Тибқи низомномаи мусобиқот аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастае, ки дар гуруҳҳои худ бо натиҷаҳои хубтар ҷойҳои дуюмро ишғол мекунанд, ба даври 1/8 финалӣ роҳ меёбанд.

Дар сурати ба плей-офф роҳ пайдо кардан, «Истиқлол» бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-ро рӯзҳои 3-юм ё 4-уми феврали соли 2023 баргузор хоҳад кард.

Натиҷаҳои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022:

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «А»: «Ал-Ҳилал» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Райян» (Қатар), «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН), ғолиби ҷуфти плей-офф «Шарҷа» (Имороти Муттаҳидаи Араб) – «Ал-Завраа» (Ироқ).

Гурӯҳи «В»: «Ал-Ҷазира» (Иморот), «Ал-Шабоб» (Арабистони Саудӣ), «Мумбай Сити» (Ҳиндустон), «Эйр Форс» (Ироқ).

Гурӯҳи «С»: «Фулод Хуҷистон» (Эрон), «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот), «Аҳал» (Туркманистон), «Ал-Ғарафа» (Қатар).

Гурӯҳи «D»: «Ал-Дуҳайл» (Қатар), «Сипоҳон» (Эрон), «Пахтакор» (Узбекистон), ғолиби ҷуфти плей-офф «Ал-Таавун» (Арабистони Саудӣ) – «Ал-Ҷаиш» (Сурия).

Гурӯҳи «Е»: «Ал-Садд» (Қатар), «Ал-Файсалӣ» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Ваҳдат» (Урдун), ғолиби ҷуфти плей-офф «Банияс» (Иморот) – «Насаф» (Узбекистон).

Аз ҳабси шаҳрванди Қирғизистон дар Тоҷикистон баъди маргаш огаҳ шудаанд

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ҷасади шаҳрванди Қирғизистон Худойбердӣ Бекмуродовро, ки дар яке аз маҳбасҳои Тоҷикистон фавтидааст, ба зодгоҳаш бурдаанд.

Муовини намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Маруфхон Туллоев ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, мақомоти маҳаллии вилоят хабар надоштанд, ки Бекмуродов бо гумони ғайриқонунӣ гузаштан аз марз дар Тоҷикистон зиндонӣ шуда буд.

Ба гуфтаи Туллоев, мақомоти қирғиз танҳо баъди он огаҳ шуданд, ки писари Бекмуродов аз онҳо барои интиқоли ҷасади падараш аз Тоҷикистон ба ватан дархости ёрӣ кард.

"Наздиконаш боре муроҷиат накарданд, ки Бекмуродов дар Тоҷикистон дастгир шудааст. Ба гуфтаи онҳо, Бекмуродов 29-уми апрели соли 2021 дастгир гаштааст.

"Мо ҳоло ин иттилоъро месанҷем. Бекмуродов қаблан бо хонаводаи худ дар шаҳри Конибодоми Тоҷикистон зиндагӣ мекард. Марҳум шаҳрванди тоҷиктабори Қирғизистон буд," -- афзудааст Туллоев.

Бино ба хабарҳо, сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон бо ирсоли як нота ба Вазорати корҳои хориҷии кишвар дархост кардааст, ки дар "таҳқиқи воқеъбинонаи марги шаҳрванди Қирғизистон мусоидат намояд". Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз шарҳе надодаанд.

Худойбердӣ Бекмуродов, соли таваллудаш 1953, дар маҳбаси рақами 6-и Тоҷикистон муҳлати ҷазои худро адо мекардааст.

Рақибони бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон дар Ҷоми AFC-2022 муайян шуданд

Бозигарони дастаи "ССКА" ва "Хуҷанд". Акс аз соли 2019

Рақибони бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон – “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд ва КМВА (Клуби марказии варзишии артиш”-и Душанбе - дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2022 бар асоси қуръакашӣ, ки имрӯз, 17-уми январ, дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала Лумпур – доир гардид, муайян шуданд.

Мисли соли гузашта дар Ҷоми AFC дар минтақаи Марказӣ ду гурӯҳ – як гурӯҳ иборат аз чаҳор даста ва гурӯҳи дигар иборат аз се даста – ташкил шуданд.

Ноиби қаҳрамони Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоми кишвар -«Хуҷанд» - ба гурӯҳи «F» дохзил шуд. Рақибони “Хуҷанд” бошгоҳҳои “Дордой” (Қирғизистон) ва “Копетдоғ” (Туркманистон) мебошанд.

Дастаи нави Ҷоми AFC – КМВА-и Душанбе - дар гурӯҳи «Е» бозӣ мекунад. Барандаи медали биринҷии қаҳрамонии Тоҷикистон бо бошгоҳҳои «Насаф» ё «Суғдиён» (Узбекистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва «Нефтчӣ» (Қирғизистон) рақобат хоҳад кард.

Дастаҳои беҳтарини гурӯҳҳо дар финали минтақавии Ҷоми AFC-2022 бозӣ мекунанд, ки ғолиби он ба даври навбатии мусобиқот роҳхат мегирад ва соҳиби 100 ҳазор доллари ИМА мешавад.

Бояд гуфт, ки агар дастаи «Насаф»-и Қаршӣ ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 роҳ ёбад, барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Узбекистон – “Суғдиён”-и Ҷиззах - дар Ҷоми AFC-2022 ширкат хоҳад кард. Агар «Насаф» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо роҳ наёбад, иштироки худро дар Ҷоми AFC-2022 идома хоҳад дод.

Ҷоми AFC-2022

Минтақаи Марказӣ

Гурӯҳи «Е»: «Насаф» ё «Суғдиён» (Узбекистон), «Олтин Асир» (Туркманистон), КМВА (ТОҶИКИСТОН), «Нефтчӣ» (Қирғизистон).

Гурӯҳи «F»: «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН), «Дордой» (Қирғизистон), «Копетдоғ» (Туркманистон).

Тимур Қулибоев, домоди дигари Назарбоев ҳам истеъфо дод

Тимур Қулибоев ва Динора Қулибоева

Тимур Қулибоев, яке аз домодҳои бонуфузи президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, аз мансаби раиси "Отамакон", палатаи миллии соҳибкорон, истеъфо дод. Изҳороти ӯ рӯзи 17-уми январ дар вебсайти созмон нашр шуд.

Қулибоев аз соли 2013 ин вазифаро ба дӯш дошт. Ӯ гуфтааст, натиҷаи асосии кораш дар ин мақом "танзими муколамаи доимии соҳибкорон ва ҳукумат" буд ва, ба иддаои ӯ, "ҳадаф амалӣ шудааст".

Домоди президенти пешин дар садри феҳрасти даҳ соҳибкори бонуфузтарин ва дар панҷгонаи соҳибкорони сарватманди Қазоқистон мебошад. Ҳамсараш Динора Қулибоева – духтари миёнаи Назарбоев – дар рӯйхати Forbes Kazakhstan дар ҷойи панҷум аст. Дороии онҳо дар моҳи майи соли 2021 ду миллиарду нуҳсад миллион доллар ҳисоб шуда буд. Forbes мегӯяд, дар пайи эътирозҳои моҳи январ дар Қазоқистон, сарвати Қулибоевҳо 200 ҳазор доллар кам шудааст.

Ин хабар дар ҳолест, ки рӯзи 15-уми январ ду домоди дигари Назарбоев аз мақомҳои раҳбарӣ дар ширкатҳои нафту гази Қазоқистон истеъфо доданд.

Димаш Досанов, шавҳари Алия аз мақоми мудири "КазТрансОйл" ва Кайрат Шарифбоев, ки ӯро шавҳари Дариға Назарбоева меноманд, аз мақоми мудири "Казахгаз" канор рафтанд. Сабаби истеъфои домодҳо гуфта намешавад.

Қаблан президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев гуфт, дар эҷоди вазъи эътирозӣ дар кишвар ҳукумат ва ширкатҳои миллии нафтии "Казахгаз" ва "КазМунайГаз" гунаҳкоранд.

Рӯзи 2-юми январ бо нигаронӣ аз боло рафтани нархи гази моеъ дар Жанаозен, ғарби Қағоқистон, эътирозҳо шуруъ шуд ва тадриҷан тамоми кишварро фаро гирифт. Мақомот иддао карданд, ки ба шаҳри Алмаато "20 ҳазор террорист ҳамла кардааст", аммо баъдан ВКД гуфт, манзури мақомот шумори умумии иштирокдорони намоишҳои эътирозӣ аст.

Тоқаев бо ин баҳона ба СПАД (ОДКБ) муроҷиат кард ва мадади низомӣ хост. Рӯзи 6-уми январ садҳо нирӯи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон, вориди Қазоқистон шуданд. Ҳарбиёни паймон гуфтанд, вазифаашон аз таъмини амнияти муассисаҳои стратегӣ иборат буд.

Тоқаев рӯзи 10-уми январ дар ҷаласаи онлайнии СПАД гуфт, ҳодисаҳои охири Қазоқистон "талоши табаддулоти давлатӣ" бо иштироки "террористон, аз ҷумла, террористон аз хориҷа" буд.

Ба иттилои мақомоти Қазоқистон, то ин дам наздик ба 10 ҳазор нафар дастгир шудаанд. 550 парвандаи ҷиноӣ, аз ҷумла 44 парванда дар робита бо амалҳои террористӣ ва 15 парванда аз рӯи моддаи куштор мавриди таҳқиқ будааст.

Додситонии кулли Қазоқистон рӯзи 15-уми январ гуфт, дар эътирозҳо на камтар аз 225 нафар кушта шуда, 19 нафари онҳо кормандони сохторҳои қудратӣ ҳастанд. Канат Таймерденов, сардори пулиси шаҳри Алмаатои Қазоқистон, рӯзи 16-уми январ гуфт, дар ҳодисаҳои аввали моҳи январ аз миёни шаҳрвандон 149 кас ва аз ҳисоби кормандони ҳифзи ҳуқуқ 11 кас кушта шуданад.

Созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International) аз мақомоти Қазоқистон хост, ҳодисаҳои марбут ба поймолшавии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла, "истифодаи нирӯ аз ҷониби сохторҳои қудратӣ" мунсифона таҳқиқ шаванд.

Котиби пешини Шӯрои амнияти Қирғизистон дубора ба бозпурсӣ даъват шудааст

Адахон Мадумаров

Адахон Мадумаров, вакили порлумон ва раиси ҳизби "Бутун Қирғизистон"-ро дар Додситонии кулли Қирғизистон дубора бозпурсӣ мекунанд.

Мадумаров бори дувум дар робита ба имзо шудани санаде дар бораи сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон дар соли 2009 бозпурсӣ мешавад. Вай он замон котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон буд.

Сиёсатмадори қирғиз бори аввал 14-уми январи имсол бозпурсӣ шуда буд. Вай баъди берун шудан аз Додситонии кулли Қирғизистон дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, бозпурсӣ ба фаъолиятҳои сиёсияш рабт дорад.

"Соли 2019 роҷеъ ба марз парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст. Дертар онро баъди омӯзиши дақиқ қатъ кардаанд. Моҳи декабри соли гузашта тафтиши парванда дубора оғоз шудааст," - гуфт Мадумаров.

Дар нишасти хабарии 23-юми октябри соли 2021 Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон, ҳангоми шарҳи масоили марзӣ бо Тоҷикистон, аз Адахон Мадумаров ёд кард.

Ҷабборов гуфт, "дар ҳалли масъалаи марзӣ бо Тоҷикистон мушкили зиёдро санаде эҷод мекунад, ки аз сӯи котиби вақти Шӯрои амният Адахон Мадумаров дар мавриди минтақаи Торт-Кочо имзо шудааст".

Мадумаров дар навбати худ изҳороти Ҷабборовро рад ва ёдовар шуд, ки санади имзошудаи вай вазни ҳуқуқӣ надорад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG