Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали варзишгарони навраси тоҷик дар нахустин рӯзи қаҳрамонии ҷудои Осиё-Уқёнус дар Бейрут


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё-Уқёнус миёни наврасон (Asia-Oceania Cadet Championships 2021), ки дар пойтахти Лубнон - шаҳри Бейрут - ҷараён дорад, ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар мусобиқаи наврасон 134 варзишгар (82 писар ва 52 духтар) аз 16 кишвар иштирок доранд.

Паҳлавони навраси тоҷик Сируш Эркаев дар вазни то 60 кило дар даври аввал ба Георги Югай аз Лубнон пирӯз шуда, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар ин давр Аян Байкенжееви қазоқро шикаст дода, ба нимфинал баромад. Вале дар даври нимниҳоӣ аз Сардор Ҳиматов (Узбекистон) мағлуб шуд. Сируш барои медали биринҷӣ бар Эрменхон Токторғозиеви қирғиз пирӯз гашт.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Муҳаммад Юсуфзода дар вазни то 66 кило дар чорякфинал бар Умар Ал Нур аз Лубнон ғолиб шуд. Вале дар даври нимниҳоӣ аз Акбар Олтой, гуштигири қазоқ, шикаст хӯрд. Муҳаммад барои медали биринҷӣ Нурсултон Шамсиеви қазоқро мағлуб кард.

Дар рӯзи аввали мусобиқа ду варзишгари дигари навраси тоҷик - Ҷасур Лутфишоев (-50 кг) ва Меҳрона Маҳмадзода (-52кг) - аз медал бенасиб монданд.

Имрӯз, 3-юми декабр, боз се нафар аз Тоҷикистон дар мусобиқаи наврасон вориди рақобат мешаванд: Суннатулло Мӯсоев (-73 кг), Сомонӣ Кишваров (-90 кг) ва Парвиз Абдураҳмонов (+90 кг).
Рӯзҳои 4-5-уми декабр дар шаҳри Бейрут мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё-Уқёнус миёни навҷавонон баргузор мешавад, ки дар он варзишгарони тоҷик низ ширкат меварзанд.

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар ин мусобиқа 127 варзишгар (84 писар ва 43 духтар) аз 17 кишвар иштирок хоҳанд кард.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 9 варзишгар шомиланд, ки дар сабқати мардон иштирок мекунанд: Хурсандқул Куганов, Абубакр Шеров (ҳарду дар вазни -66 кг), Муҳаммадиқбол Тошов, Масъуди Аҳмадзод (ҳарду дар вазни -73 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилов, Шодмон Ризоев (ҳарду дар вазни -81 кг), Раҳматулло Мирзоев (-90 кг), Мансур Раҳмон (-100 кг), Давлатҷон Назриев (+100 кг).

XS
SM
MD
LG