Фардо, 9-уми декабр, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 оид ба футбол миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд» баргузор мешавад.
Қаблан дар даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон «Истиқлол» ва «Хуҷанд» ду бор бо ҳам рӯбарӯ шудаанд. Соли 2010 душанбегиҳо бо ҳисоби 5:0 ва соли 2017 хуҷандиҳо бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буданд.
«Истиқлол» дар таърихи худ 8 маротиба – солҳои 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016, 2018 ва 2019 барандаи Ҷоми Тоҷикистон шудааст. «Хуҷанд» чаҳор маротиба – солҳои 1997/1998, 2002, 2008 ва 2017 Ҷоми кишварро ба даст овардааст.
Ҷоми Тоҷикистон-2021
Финал
9-уми декабр (панҷшанбе)
Оғози бозӣ – соати 13:00
«Истиқлол» – «Хуҷанд»
Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).
Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»
Ёдовар мешавем, дастаи “Равшан”-и Кӯлоб , ки соли гузашта дар бозии ниҳоӣ бар тими “Хатлон”-и Бохтар бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд, барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид. Бозии ниҳоӣ 18-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор сурат гирифт. Голи ягонаро ҳимоятгар Далер Шомуродов дар дақиқаи 67-ум аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метрӣ ба ҳадаф расонд.
Ба дастаи ғолиб – “Равшан” - ба ҷуз аз Ҷоми Тоҷикистон ва медалҳои тилло ҷоизаи молӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ ва ба финалист – «Хатлон» - медалҳои нуқра ва 15 ҳазор сомонӣ супурда шуд.
Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон бори 29-ум баргузор шудааст. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар – ҳашт бор - “Истиқлол” Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода шаш бор, “Хуҷанд” чаҳор бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа (феълан «Хатлон»-и Бохтар) , “Варзоб”-и Душанбе, “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров ва “Равшан”-и Кӯлоб дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.
Натиҷаҳои ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон (1992 – 2020):
1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0
1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:3
1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2
1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ– 4:2
2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1
2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0
2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1
2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1
2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима» (Душанбе) – 1:0
2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1
2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0
2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1
2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6
2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0
2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5
2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2
2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2
2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ - 4:2.
2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Хатлон» (Бохтар) – 1:0.