Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги ҳамсар футболбози амрикоиро ба фикри таҳқиқи саратони шуш овард. ВИДЕО


Анҷумани саратоншиносии Амрико мегӯяд, саратони шуш яке аз кушандатарин бемориҳост, вале барои таҳқиқи он назар ба  дигар навъҳои саратон, мисли  саратони сина ва ғадуди простата камтар пул ҷудо мешавад.

Аммо талошҳои як нафар барои мубориза бо саратони шуш ва дастури Маркази назорат ва пешгирӣ аз бемориҳо дар Амрико вазъро тағйир дод ва акнун таваҷҷуҳ ба омӯзиши саратони шуш зиёдтар шудааст.

Саратони шуш ҳар сол дар Амрико ба ҳадде одам мекушад, ки саратонҳои синаву ғадуди простата ва рӯдаи ғафс намекушанд. Анҷумани саратоншиносии Амрико мегӯяд, 25 дар сади марг аз бемориҳои саратон дар кишвар аз ҳисоби саратони шуш аст. Ҳарчанд тамокукашон бештар осебпазиранд, вале ҳар кас метавонад ба он гирифтор шавад. Ҷабри ин бемориро Крис Драфт, бозигари собиқи футболи амрикоӣ кашидааст. Ин беморӣ зиндагии оилавии ӯро ба фоҷеа табдил дод, чун соли 2011 баъди як соли зиндагии муштарак ҳамсараш бар асари ин навъи саратон ҷон дод.

Крис Драфт дар бораи бемории ҳамсари дӯстдоштааш мегӯяд:

“Саратони дараҷаи чорумро дошт. 37-сола буд ва тамоку ҳам накашидааст. Зиндагии солим дошт, вале бемориашро дер ёфтанд. Ҳарчанд дар муолиҷа то соли 2011 пешрафтҳои ҳайратангезе буд, вале, мутаассифона, ҳамсари ман баъзе аз он муолиҷаҳои пешрафтаро дастрас карда натавонист ва як сол баъди муолиҷаҳои кимиёвӣ даргузашт”.

Крис Драфт ба хотири ҳамсараш Бунёди оилавии Драфтро таъсис дод, ки ҳадафаш кӯмак ба гирифторони саратони шуш ва ҷалби ҳимоят барои таҳқиқи бештари беморист. Ӯ мегӯяд, ин бунёд пеш аз издивоҷашон таъсис ёфта буд ва он замон ҳамсараш аз дӯстон хоста буд, ки ба ҷойи ҳадяҳои арӯсӣ ба ҳисоби ин бунёд хайр кунанд. Дар даҳ соли гузашта, кормандони бунёд талошҳои худро барои таҳқиқи бештари бемории саратон идома доданд. Табибони амрикоӣ мегӯянд, муолиҷа дар ин самт бо пешрафт рӯбарӯ шудааст.

Достони ишқ ё чаро футболбози маъруф аз таҳқиқи саратони шуш сӯҳбат мекунад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:08 0:00

Майкл Веянт, ҷарроҳ ва табиби бемориҳои саратон, ки дар ин бора огоҳ аст, мегӯяд:

“Гуруҳе аз афроди тамокукаше ҳаст, ки дар як марҳилае тарки сигоркашӣ кардааст. Бо ташхиси мӯшикофонаи рентгенӣ метавон онҳоро наҷот дод. Илова бар ин, шеваҳои дармони саратони шуш бисёр пешрафт кардаанд. Масалан, мо метавонем ба таркиби генетикӣ ва нишонаҳои даруни омос нигоҳ кунем ва доруе бидиҳем, ки ҳуҷайраҳои хоси беморро ҳадаф мегиранд. Ин як пешрафти бузурге дар муолиҷаи саратони шуш дар даҳсолаи гузашта аст“.

Бо назардошти равишҳои нави дармон, Маркази назорату пешгирии бемориҳо дар Амрико чанде пеш дастуруламали дармони саратони шушро тағйир дод. Бар асоси он, афроде, ки 15 сол тамоку кашидаанд, пас аз 50-солагӣ бояд ҳар сол шуши худро ренгтен кунанд. Ҳадаф мисли дигар саратонҳо ёфтани беморӣ дар марҳилаи аввали пайдоиш аст.

Майкл Веянт мегӯяд: “Вақте мо саратонро дар марҳилаи аввалаш дар беморе пайдо мекунем, бо равишҳои мудохила мисли ҷарроҳӣ барои муолиҷаи он кӯшиш кунем”. Муоинаи рентгенӣ, ба гуфтаи Маркази саратоншиносии Аврупо, маргумир аз саратони шушро дар байни занон то 26 ва дар мардон 61 дар сад камтар кардааст. Крис Драфт мегӯяд, таҳқиқ як роҳи муҳими наҷоти инсонҳост. Ба гуфтаи ӯ, “Агар мо бихоҳем, ки чизеро тағйир диҳем, бояд ба пажуҳиш такя кунем. Барои касоне, ки кам тамоку кашидаанд ва аслан накашидаанд, шароит фароҳам шавад, ки зуд бемориро маълум кунанд. Ё ба ҷое бирасем, ки ҳадди аксари беморони ташхисшударо наҷот диҳем”.

Дар Тоҷикистон саратони шуш баъд аз саратони сина ва шикам дар мақоми саввум меистад ва соли 2020-ум тақрибан 480 гирифторӣ ба ин беморӣ сабт шудааст. Эҳтимол дорад, ки ин омори воқеӣ набошад, чун бисёриҳо одат надоранд, ки саривақт аз ташхии тиббӣ гузаранд.

XS
SM
MD
LG