Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳурии Қазоқистон амр додааст, бе ҳеч огаҳӣ бипаронанд. ВИДЕО


Алмаато, 7-уми январи 2022
Алмаато, 7-уми январи 2022

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, ба маъмурони амниятӣ “чароғи сабз” нишон додааст, ба сӯи эътирозгарон, ки вай аз онҳо “террорист” ном мебарад, тирандозӣ кунанд. Ба назар мерасад, амният дар ин кишвари Осиёи Марказӣ пас аз чанд рӯзи эътирозҳои зиддидавлатӣ тавассути як паймони амниятӣ бо раҳбарии Русия тақвият ёфтааст.

Рӯзи 7-уми январ садои тирандозиҳои пароканда дар Алмаато, калонтарин шаҳри Қазоқистон, шунида мешуд. Аммо нооромиҳо бар сари афзоиши қимати газ, ки дар рӯзҳои охир бисёре аз шаҳрҳои Қазоқистонро фаро гирифта буд, хомӯш ба назар мерасад.

Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон мегӯяд, майдони "Республика" -- яке аз нуқтаҳои аслии даргирӣ миёни нерӯҳои пулис ва эътирозгарон аз "гурӯҳҳои ҷинояткор" пок шудааст.

Даҳҳо нафар, аз ҷумла 18 афсари интизомӣ дар даргириҳои рӯзҳои ахир кушта шуданд. Эътирозгарон дар чандин шаҳр биноҳои ҳукуматиро ба коми оташ кашиданд.

Қосимҷомарт Тоқаев субҳи 7-уми январ гуфт, тартибот дар кишвар барқарор шудааст, аммо баъдан дар як изҳороти телевизионӣ афзуд, бо "бандитҳо" -- иборае, ки мақомот пайваста нисбати эътирозгарон истифода мебаранд, ба шиддат бояд бархӯрд шавад.

“Вазъ таҳти назорати мақомоти маҳаллӣ қарор дорад, вале гуруҳҳои террористӣ ҳамоно аз силоҳ истифода мекунанд ва ба амволи шаҳрвандон зарар мерасонанд. Бинобар ин, чораҳои зиддитеррористӣ бояд то маҳви пурраи ҷангҷӯён идома ёбад”, -- афзуд ӯ.

Президенти Қазоқистон амр додааст, ки "террористон"-ро бидуни ҳушдор парронанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:36 0:00

Президенти Қазоқистон дақиқ нагуфт, ки бо кадом гуруҳи террористӣ муборизаҳо идома доранд ва чаро ӯ онҳоро ҷангҷӯ меномад. Вай пештар дар даъватҳояш барои ворид кардани нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ба Қазоқистон гуфта буд, бо онҳое мубориза мебарад, ки “дар хориҷ тамрин дидаанд”.

Тоқаев дар ин суханронӣ дар ҳоле, ки дархостҳои байнулмилалӣ барои гуфтугӯро рад кард, гуфт, "ман ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва артиш дастур додаам, ки бидуни ҳушдор барои куштан тирандозӣ кунанд".

Мухтор Аблязов, яке аз мунтақидони ҳукумат ва раҳбари пешини бонки БTA, ки дар хориҷ ба сар мебарад, рӯзи 7-уми январ дар суҳбат бо хабаргузории "Рейтерз" иддаои Тоқаев ва мақомоти Маскавро, ки пушти ин эътирозҳо "террористони тамриндида дар берун" ҳастанд, талош барои ба дигар тараф кашидани афкори мардум донист. Вай афзуд, нооромиҳо натиҷаи мушкилоти дохилие донист, ки сабабгори он ҳукумат мебошад

Вай дар идома афзуд, Қазоқистон акнун дар меҳвари бозии геополитикӣ бо президенти Русия Владимир Путин қарор дорад, ки мехоҳад бо истифода аз ин вазъ, барномаҳои худро амалӣ кунад -- бозсозии сохторе ба монанди Иттиҳоди Шӯравӣ.

Аблязов, ки раҳбари як ҳаракати сиёсиро ба ӯҳда дорад, аз моҳҳо ба ин тараф ба таври ошкоро мардуми Қазоқистонро ба эътироз алайҳи ҳукумат даъват мекард. Мақомот гурӯҳи ӯро "экстремистӣ" эълон карда, дар моҳи марти соли 2018 фаъолияташро манъ намуданд.

  • Рӯзи 2-юми январ дар шаҳри Жанаозен, ғарби Қазоқистон, ба зидди якбора ду баробар боло рафтани нархи гази моеъ тазоҳурот оғоз шуд. Дертар сокинони минтақаҳои дигари Қазоқистон ба онҳо пайравӣ карданд.
  • Ҳукумат эълон кард, дар вилояти Мангистау, ки шаҳри Жанаозен дар қаламрави он аст, қимати газро поин хоҳад овард, вале тазоҳурот поин наёфт. Эътирозгарон талабҳои сиёсӣ, аз ҷумла истеъфои ҳукумат ва баргаштан ба Конститутсияи соли 1993-ро ба миён гузоштанд.
  • Шаби 4 ба 5-уми январ дар майдони “Республика”-и шаҳри Алмаато, пойтахти кӯҳнаи Қазоқистон, ҳазорон кас ҷамъ омаданд. Нерӯҳои пулису амниятӣ алайҳи онҳо аз гази ашковар, тирҳои резинӣ ва норинҷакҳои садоӣ истифода карданд. Он шаб дар минтақаҳои дигар низ эътирозҳо давом кард.
  • 5-уми январ президент Қосимҷомарт Тоқаев истеъфои ҳукуматро эълон кард. Тазоҳурот дар шаҳрҳои Актау, Чимкент, Оқтеппа ва Урал идома дошт. Нимаи дуюми рӯзи 5-уми январ дар Алмаато ошӯб ба амал омад.
  • Як гурӯҳ аз шахсони номаълум ба бинои ҳукумати шаҳри Алмаато ва фурудгоҳ зада даромаданд. Навори сӯхтани бинои ҳукумат нашр шуд. Бино ба гузоришҳо, дар Алмаато даҳҳо фурӯшгоҳ ва шуъбаҳои бонкҳоро ғорат кардаанд.
  • Дар саросари Қазоқистон то 19-уми январ вазъи фавқулода ҷорӣ шудааст.
  • Қосимҷомарт Тоқаев гуфт, Қазоқистонро тарк намекунад ва раҳбарии Шӯрои амниятро ба уҳда дорад. Ин дар ҳолест, ки Нурсултон Назарбоев, элбасӣ ва раиси ҷумҳурии пешини Қазоқистон, раҳбари доимии Шӯрои амният буд. Маълум нест, ин тағйирот кай ва чӣ гуна сурат гирфитааст.
  • Президенти Қазоқистон ҳодисаҳоро "таҷовузи берунӣ" ва “таҳдиди террористҳои байнулмилалӣ” номид ва аз кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) мадад хост.
  • СПАД эълон кард, ки бо ҳадафи "ҳифзи ниҳодҳои давлатӣ ва расонидани кумак" ба интиқоли нерӯҳо ба Қазоқистон розӣ шуд. Русия воҳидҳои десантии ҳавоии худро фиристод.
  • Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ва порлумони Қирғизистон рӯзи 7-уми январ ба фиристодани нерӯҳо ба Қазоқистон ризоят доданд.
  • Аз 5-уми январ дар Қазоқистон интернет қатъ шуда, аз шашуми январ "амалиёти зиддитеррористӣ" дар Алмаато оғоз шудааст. Тибқи гузоришҳо, низомиён шаби 6-уми январ ба сӯи тазоҳургарон дар майдон оташ кушодаанд.
  • Шабакаи давлатии “Хабар 24” рӯзи 7-уми январ бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон хабар дод, ки дар ҷараёни амалиёти "поксозӣ" 26 "ҷинояткори мусаллаҳ" кушта ва 26 нафари дигар захмӣ шудаанд.
  • Илова бар ин, нерӯҳои амниятӣ дар саросари кишвар 3811 нафарро боздошт кардаанд. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, дар ҳодисаҳои охир 18 нерӯи пулису Горди Миллӣ кушта ва беш аз 740 нафар захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG