Дар чанд ҷумла
Эътирози садҳо муаллим дар шаҳрҳои Эрон
Садҳо муаллим дар бештар аз 50 шаҳру минтақаи Эрон бо талаби маоши баланд ва шароити беҳтари кор эътироз кардаанд.
Раҳпаймоии онҳо дар Теҳрону Исфаҳон, Шероз, Машҳад, Рашт, Қум ва шаҳрҳои дигари ин кишвар гузашт. Бино ба гузоришҳо, дастикам се кас дастгир шудаанд.
Муаллимон аз ончи “бетафовутии давлат нисбат ба омӯзиш” меноманд, танқид карда, дар айни ҳол хоҳонии озодии ҳамкорони боздоштшудаи худ гардиданд.
Бино ба наворҳое, ки паҳн шудаанд, омӯзгорон бо нидои “Бархезед, бархезед!” шиор медиҳанд.
Дар ҳафтаҳои охир муаллимон дар чанд шаҳри Эрон эътирозҳоеро баргузор карданд. Аммо нерӯҳои амниятӣ бо равишҳои гуногун ва боздошти иштирокдорон ба ин эътирозҳо аксулмамали тунд нишон доданд.
Таваррум дар Эрон ба хотири таҳримҳои Амрико ва мудирияти нодуруст дар ин кишвар ба авҷи худ расидааст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Баъди шикоят ба мақомот волидон духтарро ба ҷавони дӯстдоштааш ба шавҳар доданд
Як ҷавони тоҷик бо муроҷиат ба Ваколатдори ҳуқуқи инсон аз он шикоят кардааст, ки волидони духтари дӯстдоштааш ин фарзандашонро иҷборан ба каси дигар ба шавҳар додан мехоҳанд.
Вай гуфтааст, мехост бо духтар оила бунёд кунад, вале наздикони духтар зидданд. Ин ҳолатро омбудсмени тоҷик дар гузориши махсуси худ оид ба “Вазъи риояи ҳуқуқ, баробарӣ ва барҳам додани ҳама навъҳои табъиз” нақл кардааст.
Дар гузориш, ки соли равон нашр шуд, омадааст, ваколатдор бо ҷалби кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо волидони духтар сӯҳбат ва онҳоро аз "паёмадҳои қонунии нақзи баробарҳуқуқии шаҳрвандон" огоҳ кардаанд. Баъд аз дахолати мақомот, ҷавон бо дӯхтари дӯстдоштааш издивоҷ кардааст.
Назари волидони духтар маълум нест. Омбудсмени тоҷик дар пай аз монеагузории шахсони сеюм ба издивоҷи занону мардоне, ки ба синни никоҳӣ расидаанд, нигаронӣ кардааст.
Дар гузориш омадааст, ки ҳарчанд тибқи сарқонун, мардону занон дар ин син ҳаққи интихобу издивоҷи озодро доранд, аммо ба гуфтаи ӯ, гоҳе шахсони саввум дар ин маврид қонунро зери по мекунанд.
Дар маҷмӯъ дар соли гузашта 15 нафар ба Ваколатдори ҳуқуқи инсон аз табъиз ва нобаробарӣ шикоят кардаанд.
Тоҷикистон мехоҳад, ду миллиард дарахт нишонад
Дар Тоҷикистон мехоҳанд, то соли 2040 ҳудуди 2 млрд дарахт нишонанд. Дар ин бора Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон рӯзи 23 апрел дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар Саммити минтақаии экологӣ, хабар дод.
Вай гуфт, пиряхҳо дар Тоҷикистон бо суръат об мешаванд, ҳаво гармтар ва олудатар мешавад, хушкӣ бештар мегардад. Барои пешгирӣ аз оқибатҳои ин тағйирёбӣ, дар Тоҷикистон ин теъдод дарахтро менишонанд.
Мақомоти ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар нишасти Остона гуфтанд, нишондани дарахт аз соли 2024 шуруъ шудааст ва то соли 2040 идома хоҳад кард.
Дар нишасти минтақавӣ, ки дар шаҳри Остона 22 апрел шуруъ шуда ва имрӯз, 24 апрел ба поён мерасад, раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, созмонҳои ҳифзи муҳити зисти минтақавиву байналхалқӣ ва коршиносон ширкат карданд.
Дар ин нишаст масоили ташкили сиёсати муштарак барои ҳифзи муҳити зист, истифодаи босамари об ва муҳофизати олами набототу ҳайвоноти минтақа баррасӣ шуд.
Тоҷикистону Узбекистон, Қирғизистону Қазоқистон ва Туркманистон дар чанд соли гузашта сари тақсими об дар минтақа баҳсҳои зиёде доштанд.
Агарчӣ баҳсҳо фурӯ нишастаанд, вале ихтилофоти назар боқӣ мондааст ва аз тарафи дигар, сиёсатҳои худи ҳукуматҳо мушкилоти зиёди зистмуҳитӣ, аз қабили норасоии об, табоҳшавии замин, коҳиши ҷангалзорҳоро ба вуҷуд овардааст.
144 низомии рус аз хидмат фирор карда, ба куштор даст задаанд
Аз оғози ҷанги Русия бо Украина дастикам 144 низомии рус аз хидмат фирор карда, ба куштор даст задаанд. Дар ин бора тарҳи "Север.Реалии"-и Бахши русии Радиои Озодӣ бо такя ба омори додгоҳҳои Русия хабар додааст.
Бино ба ин оморҳо, соли 2024 бисту шаш сарбоз ва соли 2025 аллакай 86 сарбози рус баъд аз фирор аз артиш ба куштор айбдор шудаанд. Гунаҳкоронро аз 8 то 13 сол ба маҳкум ба зиндон карданд.
Аз ин пеш лоиҳаи OSINT- Frontelligence Insight гузориш дода буд, ки мизони фирор аз артиши Русия дар соли 2025 ба фарқ аз соли пеш ду маротиб бештар шудааст.
Сокинони зиёде дар минтақаҳои ин кишвар ҳам аз афзоиши куштору ҷиноятҳои вазнин шикоят мекунанд.
Ба гуфтаи сокинон, ҷинояткорӣ маҳз пас аз баргаштани иштирокчиёни ҷанг аз Украина ба шаҳру деҳоти онҳо авҷ гирифтааст.
Мақомоти тоҷик ба муҳоҷирон дар фурудгоҳ машварат медиҳанд
Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе мақомот бо муҳоҷирони баргашта аз Русия ва онҳое, ки азми сафар ба ин кишварро доранд, суҳбату мулоқот мегузаронанд.
Бинои ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, ҳадаф аз ин сӯҳбатҳо, ки акнун ҳамарӯза доир мешаванд, ҷалби муҳоҷирони баргашта ба ҷойҳои кори холӣ ва ба марказҳои касбу забономӯзӣ дар дохили кишвар будааст.
Ҳамчунин ба онҳое, ки роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтаанд, машварат дода мешавад, ки барои гузаштан аз санҷиши шадид дар Русия, омодагии ҷиддӣ бинанд.
Намояндагони Хадамот дар фурудгоҳ ҳамчунин ба муҳоҷирон таъкид мекунанд, ки пеш аз сафар дақиқ кунанд, ки оё ҳаққи вуруд ба Русияро доранд ё на.
Барои ин ба таъкиди Хадамот, муҳоҷирон бояд ба намояндагии "Хадамоти шиносномавию раводид"-и Вазорати корҳои дохилии Русия дар Душанбе муроҷиат кунанд.
Ба муҳоҷирон ҳамчунин дар бораи қоидаву қонунҳои нави Русия маълумот дода мешавад.
Ин сӯҳбатҳо ва даъвати ҷавонон ба кор дар дохили кишвар дар ҳолест, ки муҳоҷирон борҳо гуфтаанд, ки ба далели маоши кам дар кишвар, маҷбуранд дар ҳар шароит роҳи муҳоҷиратро пеш гиранд.
Кушта шудани як хабарнигори лубнонӣ дар ҳамлаи Исроил
Нерӯҳои имдодрасони Лубнон эълон карданд, ки ҷасади Омол Халил, хабарнигори лубнонӣ, ки дар пайи як ҳамлаи ҳавоии Исроил дар ҷануби ин кишвар кушта шуда буд, рӯзи чаҳоршанбе, 22 апрел аз зери вайронаҳо берун кашида шуд.
Дафтари расонаҳои Созмони дифои шаҳрвандии Лубнон эълон кард, имдодгарон "муваффақ шуданд ҷасади Омол Халил, хабарнигори кушташударо, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ дар хонае дар шаҳри Ат-Тайри ҷон бохта буд, пайдо кунанд".
Рӯзномаи лубнонии Ал-Ахбор , ки ин хабарнигор барои он кор мекард, кушта шудани ӯро тасдиқ кардааст.
Вазорати иттилораъсони Лубнон низ бо тасдиқи хабари кушта шудани Омол Халил гуфт, ки ӯ дар ҳоли таҳияи гузориш аз минтақаҳои ҷанубӣ буд, ки "ҳадафи ҳамлаи артиши Исроил" қарор гирифт ва кушта шуд.
Онҳо ин ҳамларо нақзи қонунҳои байналмилалӣ донистанд.
Пештар мақомҳои лубнонӣ гуфта буданд, як гурӯҳи имдодрасон, ки ба гуфтаи Вазорати тандурустии ин кишвар, бо мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва нишони Салиби Сурх, дар ҳоли талош барои интиқоли ду хабарнигор аз маҳали ҳамлаи ҳавоии Исроил буданд, ҳадафи "оташи барқасдона"-и артиши Исроил қарор гирифтанд.
Артиши Исроил ҳадаф қарор додани рӯзноманигоронро рад карда, монеи ҷустуҷӯи гурӯҳҳои имдодӣ дар минтақа шудааст. Артиши Исроил ҳамчунин дар вокуниш гуфтааст, ки "ин ҳодисаро баррасӣ мекунад".
Нақшаи даъват ба артиш дар Тоҷикистон 90% иҷро шудааст
Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, дар 20 рӯзи даъвати баҳории ҷавонон ба артиш, қариб 90 дарсади нақша иҷро шудааст.
Ин ниҳод рӯзи 22 апрел дар сомонааш хабар дод, ки аз миёни минтақаҳои кишвар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон нақшаи даъватро пурра иҷро намуданд.
Нақшаи даъват дар вилояти Суғд беш аз 78 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 76 дарсад иҷро шудааст. Мақомот аз афзоиши сафи ихтиёриён ба артиш мегӯянд.
Ҳарчанд имсол дар мавсими даъват шикоят аз "облава"-и ҷавонон дар роҳу хиёбонҳо ҳам зиёд нест, аммо сокинони бархе минтақаҳо аз фишор ба хонаводаи даъватшавандаҳо хабар медиҳанд.
Ба гуфтаи онҳо, мақомот бо ин роҳ онҳоро маҷбур месозанд, ки фарзандонашро ба хидмат фиристанд.
Даъвати баҳории ҷавонон аз 1-уми апрел шурӯъ шуда, то охири моҳи май идома мекунад ва ҷавонони солҳои таваллудашон 1997-2008 ба сафи артиш ҷалб мешаванд.
ВКД-и Русия: ҷинояткорӣ аз сӯи хориҷиҳо кам шудааст
Дар Русия мизони ҷинояткорӣ аз сӯйи шаҳрвандони хориҷӣ якбора коҳиш ёфтааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии ин кишвар хабар додааст.
Ба иттилои ин ниҳод, дар 3 моҳи соли равон муҳоҷирон 40 дарсад камтар ҷиноят содир кардаанд. Мақомоти Русия сабабро ба пурзӯр шудани назорат аз болои муҳоҷирон ва истифода аз технологияҳои рақамӣ рабт медиҳанд.
Масъулини Вазорати корҳои дохилӣ аз ҷумла, роҳандозии замимаи "Амина"-ро яке аз омилҳои коҳиши ҷиноят хондаанд. Ин дар ҳолест, ки муҳоҷирон пайваста аз мушкил дар истифода ва сабти номи худ тариқи замимаи мобилии "Амина" шикоят мекарданд.
Дар гузориш омадааст, ки сохтакории ҳуҷҷатҳо дар вилояти Маскав тақрибан 77 дарсад коҳиш ёфтааст.
Тибқи иттилои пулиси Русия, ҷиноятҳои вазнин аз сӯйи муҳоҷирон 44 дарсад ва қочоқи маводи мухаддир беш аз 60 дар сад кам шудааст.
Қаблан муҳоҷирони зиёд, махсусан ронандаҳои таксӣ аз он шикоят мекарданд, ки бо туҳмат ин ҷиноят бар сарашон бор карда мешавад.
Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, бо ин роҳ маъмурини пулис муҳоҷиронро ба имзои қарордод бо Вазорати дифоъ маҷбур мекарданд.
Парванда зидди 200 тан дар Тоҷикистон барои қочоқи инсон
Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, дар муддати ду сол ба зидди тақрибан 200 нафар, аз ҷумла 80 зан бо иттиҳоми қочоқи инсон ва аз ҷумла, водор кардани духтарон ба танфурӯшӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Дар як гузориши тозаи ҳукумат ба Созмони Милал, ки Радиои Озодӣ ҳам онро имрӯз дид, омадааст, ки ин афродро аз солҳои 2023 то соли 2025 ба ҷавобгарӣ кашидаанд ва дар ин муддат 55 парванда дар додгоҳҳо баррасӣ шуда ва аз ҷумла 38 зан барои ин ҷиноят ҷазо гирифтаанд.
Дар муддати ин солҳо бештар аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон ғайриқонунӣ ба ҷое барои танфурӯшӣ ва ё кор бурда ва истисмор шудаанд.
Мақомоти расмӣ вақтҳои ахир дар бораи ба кишварҳои арабӣ бурдану ба танфурӯшӣ маҷбур кардани духтарони тоҷик мегӯянд ва чанде пеш як овозхони начандон шинохта дар кишварро бо айни иттиҳом дастгир кардаанд.
Созмонҳои ғарбӣ гуфтаанд, ки талошҳои ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирӣ аз истисмори шаҳрвандон ва қочоқи онҳо кофӣ нест ва бояд дар ин бештар саъй кунад.
Эмомалӣ Раҳмон аз таҳдиди камобӣ дар Осиёи Миёна гуфт
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз таҳдиди камобӣ дар Осиёи Марказӣ, ки хонаи тақрибан 85 миллион нафар аст, ибрози нигаронӣ карда, хостори таҳкими ҳамкориҳо дар истифодаи босамари об дар минтақа шудааст.
Ӯ рӯзи 22 апрел зимни суханронӣ дар ҳамоиши минтақавии зистмуҳитӣ, ки дар шаҳри Остона сурат мегирад, гуфтааст, обшавии пиряхҳо, дар саросари ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон, суръати бештар мегирад ва ин "ба вайроншавии тавозуни об, таҳдидҳо ба муҳити зист ва афзоиши фалокатҳои табиӣ оварда мерасонад".
Дар нишасти минтақавӣ, ки дар шаҳри Остона се рӯз идома мекунад ва раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам ҳузур доранд, масоили ташкили сиёсати муштарак барои ҳифзи муҳити зист, истифодаи босамари об ва муҳофизати олами набототу ҳайвоноти минтақа баррасӣ мешаванд.
Тоҷикистону Узбекистон, Қирғизистону Қазоқистон ва Туркманистон дар чанд соли гузашта сари тақсими об дар минтақа баҳсҳои зиёде доштанд.
Агарчӣ баҳсҳо фӯру нишастаанд, вале ихтилофоти назар боқӣ мондааст ва аз тарафи дигар сиёсатҳои худи ҳукуматҳо мушкилоти зиёди зистмуҳитӣ, аз қабили норасоии об, табоҳшавии замин, коҳиши ҷангалзорҳоро ба вуҷуд овардааст.
Идомаи таҳқиқи қатли як сокини Ванҷ
Муфаттишони Додситонии ҳарбии гарнизони Хоруғ ҳодисаи куштори Саломатшо Ғалчаев, як сокини 34-солаи ноҳияи Ванҷро таҳқиқ доранд.
Ҳодиса шаби 17-уми март дар деҳаи Рохарви Ванҷ бар сари робитаи Ивазмад Қодиров, афсари Вазорати корҳои дохилӣ бо як духтари мактабхон, ки хеши ҷавони кушташуда аст, рӯй дода буд.
Неъмат Ғалчаев, бародари Саломатшо Ғалчаев рӯзи 21-уми апрел дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, муфаттишон рӯзи ҷумъаи гузашта ба манзили бародараш омада, бо ҳамсару хоҳараш дар бораи ҷузъиёти ҳодисаи шаби 17 март сӯҳбат карданд.
Ба қавли Неъмат Ғалчаев, муфаттишон гуфтаанд, ки парванда такмил шудааст ва эҳтимол дорад ҳафтаи оянда ба додгоҳ фиристода шавад. Ӯ умедворӣ кард, ки мурофиаи парвандаи куштори бародараш, ки соҳиби шаш фарзанд аст, мунсифона сурат мегирад ва афсари пулис ҷазои сазовор хоҳад гирифт.
Алайҳи Ивазмад Қодиров, командири ротаи фаврии таъйиноти махсуси Қӯшунҳои дохилӣ дар ноҳияи Ванҷ бо ҷурми "куштори одам" ва ҳолатҳои дигар, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Дар ҳоли ҳозир мавқеи ӯ ва наздиконаш ба қазия маълум нест.
"Русия мумкин аст убури нафти Қазоқистон ба Олмонро қатъ кунад"
Хабаргузории "Рейтерз" рӯзи 21 апрел ба нақл аз се манбаъ гузориш дод, ки Русия қасд дорад аз аввали моҳи май интиқоли нафт аз Қазоқистон ба Олмонро аз тариқи хати лӯлаи "Дружба", қатъ кунад.
Манбаъҳои "Рейтерз", ки нахостанд номашон ошкор шавад, гуфтанд, ки ҷадвали ислоҳшудаи содироти нафт ба Олмон ва Қазоқистон фиристода шудааст.
"Рейтерз" қатъи интиқоли нафтро ба танишҳо байни Маскав ва Берлин бинобар ҷанги Русия дар Украина, рабт додааст.
Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия гуфтааст, аз қатъи интиқоли нафт хабар надорад ва бояд ин суолро аз ширкатҳои зирабт пурсид.
Хабаргузории русии "Интерфакс" ба нақл аз Песков навишт, "ман дар ин бора маълумоте надорам. Шумо бо ширкатҳои дахлдор тамос бигиред. Мо талош хоҳем кард вазъро рӯшан кунем, аммо ман омода нестам ҳеч посухе бидиҳам".
Ба гузориши "Рейтерз", Вазорати энержии Қазоқистон ва ҳукумати Олмон ба дархостҳо барои ибрози назар, посух надодаанд.
Дар соли 2025 содироти нафт аз Қазоқистон ба Олмон аз тариқи хати лӯлаи Русия ба тақрибан 43 ҳазор бушка дар рӯз расид, ки нисбат ба соли 2024, 44 дарсад бештар буд.
Саудӣ қоидаҳои қабули зоирон ба ҳаҷро сахттар кард
Арабистони Саудӣ қоидаи қабули зоирон дар мавсими ҳаҷ барои соли 2026-ро сахттар кард ва сар аз 13 апрел онҳо танҳо бо иҷозатнома ё визаи махсус ҳаққи даромадан ба Маккаро хоҳанд дошт. Шарти нав барои сафар ба ҳаҷро Вазорати умури дохилии Арабистони Саудӣ рӯзи 21 апрел эълон кард.
Бино ба қоидаҳои нав, аз 18 апрел то 31 майи соли равон барои дорандагони тамоми навъҳои виза, аз ҷумла раводиди сайёҳӣ ва умра ба ҷуз аз визаи махсуси ҳаҷ, ворид шудан ба Макка ва маконҳои дигари муқаддас манъ аст. Зоироне ҳам, ки бо ҳадафи адои ҳаҷҷи умра дар Макка қарор доранд, бояд то рӯзи 18 май он ҷоро тарк кунанд.
Ширкатҳои миёнрав ё ташкилкунандагони сафари ҳаҷ, барои вайрон кардани ин қоидаҳо 26 ҳазор доллар ҷарима хоҳанд шуд. Ҳамчунин роҳи онҳо барои 10 сол ба ин кишвар баста мешавад.
Моҳи равон Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон ҳам ба шаҳрвандон ҳушдор дода буд, ки аз сафар бо роҳҳои ғайрирасмӣ худдорӣ кунанд. Қарор аст гусели аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба ҳаҷҷи фарзӣ дар соли равон аз 6 май шурӯъ шавад.
Нархи ҳаҷ имсол 53 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст. Ҳамасола беш аз 5 ҳазор нафар аз Тоҷикистон барои адои ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ сафар мекунанд.
Шаш ҳазор муҳоҷир аз Русия ронда мешаванд
Дар пайи як рейд ё амалиёти зидди муҳоҷирон дар Русия, боз 6 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ берун карда мешавад. Дар ин бора Ирина Волк, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии ин кишвар хабар додааст. Ба гуфтаи вай, ин натиҷаи тафтиши саросарӣ дар моҳи март аст.
Ирина Волк гуфтааст, моҳи гузашта маъмурини пулис якҷо бо ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия дар беш аз 130 ҳазор нуқта, аз ҷумла, бозору анборҳо ва маҳалли зисти муҳоҷирон рейд ё тафтиш гузаронданд.
Дар ин амалиёт бо ширкати даҳҳо ҳазор корманди пулис, муҳоҷиронро бо сагҳои хизматӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ҷустуҷӯ ва тафтиш кардаанд.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилаи Русия, дар натиҷаи ин маърака ҳудуди 1000 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, зиёда аз 48 ҳазор қонуншикании маъмурӣ аз сӯйи муҳоҷирон ошкор шудааст.
Ҳамчунин 26 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуда, қарори ихроҷи 6 ҳазор нафар содир шудааст.
Аз ин пеш, раиси Думаи давлатӣ Вячислав Володин, шумори муҳоҷирони рондашуда дар моҳи мартро 14 ҳазор нафар гуфта буд.
Як хонандаи мактаб дар Душанбе духтареро аз марг наҷот дод
Дар Душанбе як ҷавондухтаре, ки қасди ҷони хеш карда, худро ба дарё партофт, наҷот дода шуд.
Рӯзи 19 апрел як хонандаи синфи ёздаҳи пойтахт лаҳзаи ба дарёи Душанбе афтидани духтареро дида, ба кӯмаки ӯ шитофтааст.
Бино ба иттилои пулиси пойтахт, наврас хонандаи мактаби рақами 40-и пойтахт буда, тавонистааст сари вақт духтарро аз об берун оварад ва ба ӯ ёрии аввалия расонад.
Ба гуфтаи мақомот, сабаби қасди ҷони худ кардани духтар муноқишаи оилавӣ будааст.
Назари худи ӯ ва наздиконаш маълум нест.
Ҳоло ин зани ҷавон таҳти назорати пизишкон қарор дорад.
Ба иттилои пулиси Душанбе, мактабхони наҷотбахш Раҳматулло Мардиктоев барои ин корнамоии худ бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ шудааст.
Ду фурудгоҳи аслии Теҳрон "боз шуданд"
Хабаргузории эронии ИСНА рӯзи 20 апрел хабар дод, ки Фурудгоҳи байнулмилалии Имом Хумайнӣ ва Фурудгоҳи Меҳробод, ду фурудгоҳи аслии Теҳрон, боз шудаанд.
Ин хабаргузорӣ ба нақл аз Созмони ҳавопаймоии он кишвар навишт, "иҷозатномаи анҷоми парвозҳои мусофирбарӣ дар фурудгоҳҳои Имом Хумайнӣ ва Меҳробод аз 20 апрел содир шудааст".
Хабари боз шудани ду фурудгоҳи аслии пойтахти Эрон дар ҳоле нашр мешавад, ки танҳо як рӯз ба поёни оташбас миёни Эрон ва Амрико мондааст ва ҳанӯз аз идомаи музокирот ва созиш миёни тарафҳо хабаре нест.
Дар пайи ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон дар рӯзи 28 феврали имсол, фурудгоҳҳои ин кишвар бинобар чораҳои амниятӣ парвозҳои худро қатъ карда буданд.