Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия: Музокира дар бораи Украина ба бунбаст расидааст


Сергей Рябков, муовини вазири корҳои хориҷии Русия.
Сергей Рябков, муовини вазири корҳои хориҷии Русия.

Вазири корҳои хориҷии Лаҳистон (Полша) рӯзи панҷшанбеи 13-уми январ гуфт, Аврупо беш аз ҳар вақти дигар дар се даҳсолаи гузашта бо хатари рух додани ҷанг, рӯбарӯ аст. Ӯ ҳамчунин гуфт, Русия рӯзҳои ахир барои ҳалли таниш дар бораи Украина як дидгоҳи хушбинона ироа накардааст.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Русия эълон кард, ки гуфтугӯҳои рӯзҳои ахир ба ҳадафи қонеъ кардани Ғарб дар мавриди напайвастани Украина ба НАТО, ба бунбаст расидааст. Изҳороти назари Русия дар ҳоле нашр шуд, ки гуфтугӯҳои 57 кишвари узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Вена оғоз шудааст.

Вазири корҳои хориҷии Лаҳистон дар суханронии худ дар ин ҳамоиш бе бурдани номи Русия, ба таниш дар Украина, Гурҷистон, Арманистон ва Молдова ишора кард, ки дучори даргириҳои низомӣ ҳастанд ва ё Русия дар ҳамаи онҳо дахолат дорад.

Ӯ гуфт, "ба назар мерасад, ки хатари рух додани ҷанг дар қаламрави Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо беш аз ҳар вақти дигаре дар се даҳсолаи гузашта аст ва аз чанд моҳи пеш ба ин тараф хатари рӯёрӯии низомӣ дар Аврупо афзоиш ёфтааст".

Вазири корҳои хориҷии Лаҳистон, ки кишвараш раёсати давраӣ ва яксолаи САҲА-ро бар ӯҳда дорад, гуфт, музокироти рӯзҳои ахир байни Русия ва Ғарб ҳеҷ натиҷае надоштааст.

Ҳамзамон Сергей Рябков, муовини вазири корҳои хориҷии Русия дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии байналмилалии Русия гуфтааст, коршиносони низомӣ дар ҳоли машварат бо Владимир Путин ҳастанд, вале дар ҳоли ҳозир бояд ба дипломатия фурсат дод.

Оқои Рябков афзуд, "музокироти дуҷониба бо Амрико ва музокироти рӯзи чаҳоршанбе бо НАТО дар Бруссел нишон дод, ки гуфтугӯҳо "ба бунбаст расидааст ва ё мавзеи ду тараф аз ҳамдигар бисёр фарқ мекунад" ва дар натиҷа ба бовари ӯ, идомаи гуфтугӯҳо ҳеҷ зарурате надорад.

Намояндаи Амрико дар нишасти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо низ гуфт, Ғарб набояд ба Русия боҷ ё имтиёз диҳад.

Коршиносон ба ин боваранд, ки Русия бо ҷобаҷо кардани ҳудуди 100 ҳазор нафар аз нерӯҳои худ дар наздики марзҳои Укрина, Ғарбро водор ба музокира кардааст. Русия борҳо таъкид кардааст, ки ҳадаф аз ҷобаҷо кардани ин нерӯҳо, ҳамла ба Украина нест, вале бо вуҷуди исрори Амрико ва НАТО, ҳозир нест нияти аслии худро баён кунад.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия рӯзи панҷшанбе гуфт, хости Амрико барои ақиб кашидани ин нерӯҳо, ғайри қобили қабул мебошад.

Аз тарафи дигар, вазири корҳои хориҷии Украина дар суханронӣ дар нишасти САҲА гуфт, "бо вуҷуди норизоиятии Русия аз натиҷаҳои гуфтугӯҳои дипломатӣ, ман бовар дорам, ки танҳо роҳи исботи иддаои Русия дар бораи ин, ки ният надорад таниши мавҷудро ба шакли низомӣ ҳал кунад, идомаи гуфтугӯ, ба хусус дар чорчӯбаи САҲА аст".

Амрико эълон кардааст, ки талабҳои Русия дар мавриди напайвастани Украина ба НАТО ва пешгирӣ аз фаъолиятиҳои ин паймон дар Аврупои шарқӣ, ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нестанд. Вале Вашингтон ҳамзамон таъкид кардааст, ки ҳозир мебошад дар бораи шеваи ҷобаҷойи мушакҳои баллистикӣ ва размоишҳои низомӣ дар шарқи Аврупо барои афзоиши бовари байни ду тараф, музокира кунад.

Русия густариши марзҳои НАТО дар шарқи Аврупоро як хатари ҷиддӣ барои амнияти худ медонад ва эълон кардааст, ки яке аз шартҳои асосӣ барои ҳаргуна созиши амниятӣ дар Аврупо, напайвастини Украина ба НАТО ва ҷобаҷо накардани мушакҳои дар хоки ин кишвар аст.

XS
SM
MD
LG