Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД Русия: хориҷиҳо барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ хориҷ шаванд


Вазорати корҳои дохилии Русия пешниҳод дорад, ки хориҷиёнро барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ аз ин кишвар ихроҷ намоянд. Нашрияи “Коммерсант» аз қавли Валентина Казакова, раҳбари Сарраёсати умури муҳоҷират навиштааст, ки вазорат имкони депорти муҳоҷиронро барои ҳуқуқвайронкунии дағали маъмурӣ матраҳ дорад. Бо ин ҳадаф ворид кардани тағйирот ба қонунгузории Русия дар ҳоли баррасӣ мебошад. Гуфта мешавад, ин иқдом ба хотири таъмини амнияти ҷомеа амалӣ мегардад. Ҳамчунин дар доираи ислоҳоти қонунгузории муҳоҷират ҷорӣ кардани ҳуҷҷати ягонаи электронӣ, ки иттилооти хусусии нафари воридшуда дар он сабт мешавад, дар назар аст. Аз 29-уми декабри соли 2021 онҳое, ки ба муддати беш аз 90 рӯз ба Русия меоянд, бояд акс гирифта, изи ангуштонро супоранд. Вазорати корҳои дохилии Русия соли гузашта гуфта буд, 120 ҳазор тоҷикистониро, ки бо қарори ин ниҳод ва барои қонуншиканиҳои ночиз мамнуъулвуруд шуданд, авф кард.

XS
SM
MD
LG