Дар Амрикову ҳар кишвари дигар мардум солона як ё ду дафъа бемории зуком ё сармохӯрдагӣ мегиранд. Албатта барои ҳар кас ин бемории сабук нороҳаткунанда аст, вале таҳқиқоти нав нишон додааст, ки зукоми маъмулӣ одамонро то ҳадде аз вирусҳои хатарноктар муҳофизат мекунад.
Як суоле, ки ҳамеша донишмандонро ҳайратзада кардааст, ин аст, ки чаро баъзе аз одамон ба СOVID-19 сахт муқовим ҳастанд ва коронавирус ба онҳо ба осонӣ сироят намекунад. Ҳоло муҳаққиқони Коллеҷи Салтанатии Лондон фарзияеро барои посух додан ба ин суол таҳқиқ доранд. Онҳо мегӯянд, ҳуҷайраи Т, ки бадан барои маҳви вируси зуком меофарад, то ҳадде аз коронавирус муҳофизат мекунад.
Профессор Аҷит Лалвонӣ, яке аз ин муҳаққиқон аст. Ӯ мегӯяд, "вирусҳои сармохӯрдагии маъмулӣ то ҳадде ба коронавирус, ки СOVID-ро бармеангезад, хешанд. Аз ин рӯ вирусҳои зукоми маъмулӣ, ҳуҷайраи Т-ро ҳосил мекунанд, ки қодир ба шинохти вируси COVID аст ва бо он мубориза мебарад. Мо ҳоло ҳамин фарзияро таҳқиқ дорем".
Таҳқиқ моҳи сентябри соли 2020 оғоз шудааст ва пеш аз ваксинзании саросарӣ ва пеш аз онки мардуми зиёде ба COVID гирифтор шаванд. Донишмандон хуни 52 нафареро, ки дар як хона зиндагӣ мекардаанд озмоиш кардаанд. Нисфе аз онҳо СОVID гирифтаанд ва нисфи дигар не.
Аҷит Лалвонӣ, аз Колеҷҷи Салтанатии Лондон мегӯяд, "дар бадани онҳое, ки бар асари зукоми пешина ҳуҷайраи Т мавҷуд буд, ин ҳуҷайраҳо коронавирусро шинохта, маҳв кардаанд, аз ин рӯ онҳо бемор нашудаанд.
Ваксинаҳои феълӣ, ки масунияти баданро бармеангезанд, сатҳи беруниии коронавирусро ҳадаф мегиранд, ки қодир ба тағйиру эмин мондан дар бадан ҳастанд.
Ба гуфтаи Аҷит Лалвонӣ, "баръакс, мо он ҳуҷайраҳои Т-ро ошкор кардем, ки воситаи муҳофизат ҳастанд ва ба протеинҳои дохили вирус мубориза мекунанд. Ин протеинҳо бисёр кам тағйир меёбанд. Барои ҳамин ёфтаҳои мо заминаро барои тавлиди ваксинаи ҷаҳонӣ бо ҳуҷайраи Т фароҳам мекунад, ки метавонад, одамонро аз навъҳои кунунӣ ва ояндаи COVID муҳофизат намояд".
Ҳарчанд дурнамои хуб аст, вале барои истеҳсоли чунин ваксина роҳи дарозе дар пеш аст. Айни замон муаллифони таҳқиқ мегӯянд, ҳеч кас набояд барои эминӣ аз COVID ба зукому сармохӯрдагӣ умед бандад. Беҳтарин роҳи эминӣ ба гуфтаи онҳо, гирифтани ваксина аст.
Светлана вы правы, только санкциям можно спасти малочисленные этнических памирцев.
ТОЛИБ ШИКАСТУ ДАМДАМАИ ТОЛИБОН ШИКАСТ!ПОШ ХУРДУ ТОЛИБУ ИН ГУЛБИДДИН БИРАФТ!
Худо рахматаш кунад!Устод бузургтарин мунакиди точик дар хавзаи 200 миллион форсизабон буданд.Мукофотхои байналмилалиро гирифтанд барои тадкикотхои пурарзишаш дар сатхи чахон ,вале мукофоти давлатии Точикистонро ,ки аз мукофотхои байналмилали хело поёнтар меистоданд нагирифт.Он замоне,ки устод аъзо-корреспондет шуда буд, хамаги як моъх пеш аз вафоташ мо шохиди "академик" шудани бархе аз филологхо гашта будем,ки замони шурави, то соли 1991 хатто ба аспирантура дохил шуда натавониста буданд!Гиреду ёбед!
АНОРА не шагу назад народ с тобой.
Апаи Анора, шумо аз бехтарин жирналистони кишвар хастед. Ба мангитиён хеч гох муяссар намешавад, ки рухияи мардуми моро шикананд. Хидо ба Мо ёри кун, ки зилимонро дур кунем, ва кувват бидех, ки гуломи нокасон нашавем.