Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ва Саудӣ пас аз 6 соли пуртаниш омодаи бозкушоии сафоратҳои худ ҳастанд


Шаш сол пас аз ҳамлаи тундравони эронӣ ба консулгарӣ ва сафорати Арабистони Саудӣ дар Эрон, ки боиси қатъи робитаҳои дипломатии ду кишвар шуд, намояндагии Эрон дар Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар шаҳри Ҷидда ба кор оғоз кард ва се дипломати эронӣ ахиран визаи Арабистони Саудиро гирифтанд ва дар ин дафтар ба фаъолият шурӯъ карданд.

Саид Хатибзода, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон рӯзи душанбеи 17-уми январ бо ишора ба фаъолияти намояндагии Эрон дар ин созмон гуфт, "Эрон омодагии кушодани сафорати худро дар Арабистони Саудиро дорад" ва Риёз метавонад ҳайатеро барои боздид аз сафоратхонааш дар Теҳрон бифиристад.

Ҳусейн Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии Эрон низ ахиран аз омодагии Эрон барои барқарории робитаҳои дипломатӣ бо Арабистони Саудӣ дар "ҳар замон" хабар дода буд. Эрон ва Арабистони Саудӣ барои ҳалли ихтилофҳои худ чаҳор бор гуфтугӯ кардаанд ва қарор аст даври панҷуми ин музокирот низ ба зудӣ баргузор шавад.

То ҳануз ҷузъиёти дақиқе аз ин гуфтугӯҳо нашр нашудааст, вале ба навиштаи расонаҳои ироқӣ, дар ҷараёни даври аввали ин музокирот, ҳайатҳои ду кишвар ба раёсати Алӣ Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ва Холид бин Алӣ Ал-Ҳумайдон, раҳбари идораи истихбороти Арабистони Саудӣ дар Бағдод бо ҳам мулоқот карданд.

Пештар Ҷалил Раҳимии Ҷаҳонободӣ, узви Комиссияи амнияти миллии порлумони Эрон низ хабар дода буд, ки сафоратхонаҳои Эрон ва Арабистони Саудӣ "дар ҳоли омода шудан барои бозкушоӣ" ҳастанд, вале санаи дақиқи онро эълон накарда буд.

Ҷанги дохилии Яман, шеваи барқарори созиши ҳастаӣ бо Эрон, рушди барномаи мушакии Эрон ва пуштибонии Эрон аз гурӯҳҳои ниманизомӣ дар минтақа, аз ҷумла Ҳизбулоҳ", ки аз сӯи Арабистони Саудӣ дахолат дар умури дохилии Лубнон хонда мешавад, аз муҳимтарин нуқтаҳои мавриди ихтилофи ду кишвар ба шумор мераванд.

Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳои шайхнишини Халиҷи Форс пас аз пирӯзии Инқилоби исломӣ бо Эрон робитаҳои на чандон хубе доштаанд. Аммо он чи сабаби қатъи робитаҳои Теҳрону Риёз шуд, ҳодисаҳои солҳои ахир буд.

Муҳимтарини он, ҳамлаи шуморе аз нерӯҳои тундгаро дар Эрон ба Сафорат ва консулгарии Саудӣ дар Теҳрон ва Машҳад дар оғози моҳи январи соли 2016 дар пайи эъдоми Шайх Боқир Ан-Нимр, рӯҳонии саршиноси шиа дар Арабистони Саудӣ буд.

Илова ба ҳимояти Эрон аз ниманизомиёни ҳусӣ дар ҷанги дохилии Яман, оташи ин танишҳо байни ин ду рақиби минтақаӣ дар соли 2019 пас аз ҳамла ба пойгоҳҳои нафтии Арабистони Саудӣ, ки Риёз онро ба гардани Эрон меандозад, афзоиш ёфт. Эрон ҳамвора ин иттиҳомро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG