Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Ашрафҷон Гулов бо вазири дифои Туркия


Акси мулоҷоти Ашрафҷон Гулов ва Хулуси Акар аз сайти mfa.tj
Акси мулоҷоти Ашрафҷон Гулов ва Хулуси Акар аз сайти mfa.tj

Мақомоти тоҷик гуфтанд, дар шаҳри Анкара мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Туркия бо вазири дифои ин кишвар баргузор шуд. Дар иттилоияи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон омадааст, ки сафир Ашрафҷон Гулов рӯзи 18 январ дар Вазорати мудофиаи миллии Туркия бо вазир Хулуси Акар дидору гуфтугӯ кард. Дар хабари расмӣ дар бори ҷузъиёти ин дидору гуфтугӯҳо иттилои зиёд нашр намешавад, ба ҷуз ин ки, ба навиштаи вазорат, “ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро дар самти мудофиа мавриди муҳокима қарор дода, вобаста ба вазъи минтақа ва ҷаҳон табоддули афкор намуданд”.

Хулуси Акар, вазири мудофиаи Туркия тобистони соли 2021 дар сафараш ба Тоҷикистон бо мақомоти маҳаллӣ масъалаи мубориза бо терроризмро баррасӣ карда буд. Ба навиштаи хабаргузориҳои Туркия, мубориза бо созмони ФЕТО-и Фатҳуллоҳ Гюлен, аз мавзуъҳои дигари гуфтугӯи Хулуси Акар бо мақомоти тоҷик будааст. Ҳукумати Туркия, созмони ФЕТО-ро ба Фатҳуллоҳ Гюлен, руҳонии туркро рабт дода, онро дар кӯшиши табаддулоти соли 2016 муттаҳам мекунад. Худи Фатҳуллоҳ Гюлен, ки феълан дар Амрико ба сар мебарад, иттиҳоми ҳукумати Туркияро беасос мехонад. Дар Тоҷикистон мактабҳои байналмилалии ҷузъе аз шабакаи Гюлен баста шудаанд.

Туркия дар низои Арманистону Озарбойҷон ба дувумӣ кӯмаки ҳарбӣ кард ва ба вазъи амниятӣ дар кишварҳои туркзабони Осиёи Марказӣ ҳассосият нишон медиҳад. Ахиран яке аз ҳарбиёни бонуфузи бознишаста аз президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон хост, кишварҳои туркзабонро ба таъсиси артиши ягона даъват намояд.

Аз эҷоди равобити дипломатии миёни Тоҷикистону Туркия 29 январи имсол 30 сол пур мешавад ва ҳамкориҳои ду кишвар бештар дар бахши тиҷорату савдо чашмрас аст. Ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, соли 2018 ҳаҷми додуругирифти тиҷоратии миёни ду кишвар беш аз 401 миллион долларро ташкил додааст.

XS
SM
MD
LG