Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти мунтахаби Тоҷикистон аз Узбекистон дар қаҳрамонии футзали СAFA-2022


Дастаи мунтахаби занонаи футзали Тоҷикистон дар даври севуми қаҳрамонии футзали CAFA (Созмони футболи Осиёи Марказӣ)-2022, ки 24-уми январ дар Маҷмааи варзишии универсалии Душанбе баргузор шуд, аз мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби 1:8 шикаст хӯрд, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар ин мусобиқа, ки таҳти сарпарастии Созмони футболи Осиёи Марказӣ дар Маҷмааи универсалии варзишии Душанбе то рӯзи 28-уми январ идома хоҳад кард, чаҳор дастаи мунтахаби занона аз Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон ширкат доранд.

Мунтахаби Эрон, ки баъди ду пирӯзӣ бар дастаҳои Узбекистон (5:2) ва Тоҷикистон (12:0), дар даври севум ба дарвозаи мунтахаби Қирғизистон 10 голи беҷавоб зад, дар ҷадвали мусобиқа бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст.

Мунтахаби Узбекистон бо 6 имтиёз мақоми дувумро азони худ кардааст. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон бо якимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои севуму чаҳорум қарор доранд.

Мусобиқаи қаҳрамонии футзали CAFA-2022 аз рӯи системи даврӣ дар ду давра баргузор шуда, дар он ҳар даста шаш бозӣ анҷом медиҳад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари имтиёзҳо муайян мешавад.

Бозиҳои даври чорми қаҳрамонии CAFA-2022 имрӯз, 25-уми январ, миёни дастаҳои мунтахаби Эрон – Қирғизистон ва Узбекистон – Тоҷикистон сурат мегирад.

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2022 оид ба футзал миёни дастаҳои мунтахаби занона

Даври 1-ум

Тоҷикистон Қирғизистон 1:1

Голҳо: Бактигул Токтоболотова, 28 (0:1). Мадина Фозилова, 34 – дабл-пеналти (1:1).

Узбекистон – Эрон – 2:5

Голҳо: Саҳар Замонифард, 6 (0:1). Фотима Попӣ, 7 (0:2). Соро Ширбейгӣ, 21 (0:3). Фаришта Каримӣ, 23 (0:4). Мафтуна Шоимова, 32 (1:4). Нисо Аҳадӣ, 33 (1:5). Уғулой Кучқорова, 33 (2:5).

Даври 2-юм

Қирғизистон Узбекистон 0:11

Голҳо: Мафтуна Шоимова, 5 (0:1). Мадина Ҳикматова, 7 (0:2). Дилдора Эргашева, 11 (0:3). Нилуфар Қудратова, 14 (0:4). Зумратҷон Назарова, 32 (0:5). Мафтуна Шоимова, 33 (0:6). Дилдора Эргашева, 34 (0:7). Мафтуна Шоимова, 37 (0:8). Нозимахон Эргашева, 38 (0:9). Дилдора Эргашева, 39 (0:10). Эзоза Шарипова, 39 (0:11).

Эрон – Тоҷикистон 12:0

Голҳо: Фотима Попӣ, 6 (1:0). Фаришта Хусравӣ, 7 (2:0). Фаришта Каримӣ, 10 (3:0). Маҳсо Алимададӣ, 17 (4:0). Нисо Абдуллоева, 19 – ба дарвозаи худ (5:0). Соро Ширбейгӣ, 21 (6:0). Фаришта Каримӣ, 24 (7:0). Соро Ширбейгӣ, 24 (8:0). Соро Ширбейгӣ, 32 (9:0). Саҳар Попӣ, 35 (10:0). Саҳар Попӣ, 36 (11:0). Фаришта Хусравӣ, 40 (12:0).

Даври 3-юм

Тоҷикистон – Узбекистон – 1:8

Голҳо: Нилуфар Қудратова, 1 (0:1). Мафтуна Шоимова, 2 (0:2). Дилдора Эргашева, 4 (0:3). Мафтуна Шоимова, 9 (0:4). Мафтуна Шоимова, 22 (0:5). Зумратҷон Назарова, 29 (0:6). Дилдора Эргашева, 30 (0:7). Нилуфар Қудратова, 33 (0:8). Ҷонона Қурбонова, 35 (1:8).

Қирғизистон – Эрон – 0:10

Голҳо: Соро Ширбейгӣ, 2 (0:1). Саиданастаран Муқимифарзӣ, 5 (0:2). Саҳар Замонифардӣ, 7 (0:3). Фотима Раҳматӣ, 8 (0:4). Фаришта Каримӣ, 13 (0:5). Нисо Аҳадӣ, 11 (0:6). Саҳар Попӣ, 20 (0:7). Фаришта Хусравӣ, 33 (0:8). Саиданастаран Муқимифарзӣ, 36 (0:9). Фаришта Каримӣ, 38 (0:10).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Эрон

3

3

0

0

27-2

9

2

Узбекистон

3

2

0

1

21-6

6

3

Тоҷикистон

3

0

1

2

2-21

1

4

Қирғизистон

3

0

1

2

1-22

1

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 4-ум

25 январ (сешанбе)

15:00 – Эрон – Қирғизистон

18:00 – Узбекистон – Тоҷикистон

Даври 5-ум

27 январ (панҷшанбе)

15:00 – Қирғизистон – Тоҷикистон

18:00 – Эрон – Узбекистон

Даври 6-ум

28 январ (ҷумъа)

15:00 – Узбекистон – Қирғизистон

18:00Тоҷикистон – Эрон

XS
SM
MD
LG