Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бозии санҷиширо бо Булғористон дар Туркия мусовӣ кард


Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16).
Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16).

Аввалин бозии санҷишии мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16), ки рӯзи 24-уми январ дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Анталияи Туркия бо мунтахаби наврасони Булғористон (U-16) баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, бозии дувуми санҷишии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Анталия рӯзи шанбе, 29-уми январ, бо тими Академияи «Краснодар» (U-17) аз Русия доир мегардад.

Футболбозони навраси тоҷик рӯзи 31-уми январ бо ҳамсолони худ аз Булғористон бозии такрории дӯстона мекунанд. Бозии чаҳоруми санҷишии мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Анталия бо дастаи мунтахаби наврасони Мексика рӯзи 3-юми феврал баргузор хоҳад шуд.

Зайниддин Раҳимов, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16), ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Туркия, ки то 4-уми феврал идома меёбад, 20 бозигар – 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) пас аз анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия озими Беларус шуда, дар 18-умин мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд”, ки аз 5-ум то 14-уми феврал дар шаҳри Минск баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

«Иштирок дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ барои дастаи мо як марҳилаи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2022 маҳсуб мешавад», - гуфт Зайниддин Раҳимов.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия:

Дарвозабонҳо: Суннатулло Исмоилов, Абубоқир Маҳмудов (ҳарду аз Академияи футболи ФФТ);

Ҳимоятгарон: Диловари Ҷамшедзода, Муҳаммадҷон Орипов, Баракатулло Неъматуллозода, Абубакр Саидов, Муҳаммадҷони Тоҳирӣ, Бахтиёр Махсумов (ҳама аз Академияи футболи ФФТ);

Нимҳимоятгарон: Абубакр Сулаймонов, Аҳмадҷони Абусатторӣ, Нарзулло Сангалиев, Абдуманнон Ҳоҷӣ Нуъмонзода, Беҳрӯз Хуҷаев, Меҳрубон Ҳамидов, Бахтовар Ғаюров, Муҳаммад Қурбонов (ҳама аз Академияи футболи ФФТ);

Ҳамлагарон: Билол Бобоев, Масрур Ғафуров, Диловар Азизов, Мусо Қаҳҳоров (ҳама аз Академияи футболи ФФТ).

Сармураббӣ Зайниддин Раҳимов.

Бозиҳои санҷишии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Туркия

24-уми январ (душанбе)

Тоҷикистон (U-16) – Булғористон (U-16) – 1:1

Голи Тоҷикистон: Масрур Ғафуров.

29-уми январ (шанбе)

Тоҷикистон (U-16) – Академияи «Краснодар» (U-17)

31-уми январ (душанбе)

Тоҷикистон (U-16) – Булғористон (U-16)

3-юми феврал (панҷшанбе)

Тоҷикистон (U-16) – Мексика (U-16)

XS
SM
MD
LG