Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

11 варзишгари тоҷик муборизаро дар қаҳрамонии бокси Осиё дар Тошканд идома медиҳад


Дар қаҳрамонии бокси Осиё миёни ҷавонони то 22-сола, ки дар Қасри универсалии варзиши шаҳри Тошканд ҷараён дорад, аз 18 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон 11 нафар муборизаро барои ҷоизаҳо идома медиҳанд, хабар медиҳад сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Дар аввалин мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни ҷавонони то 22-сола, ки дар пойтахти Узбекистон 22-юми январ шуруъ шуда буд, 109 муштзан аз 12 кишвари қора - Арабистони Саудӣ, Ироқ, Қирғизистон, Кувайт, Малайзия, Муғулистон, Покистон, Тоҷикистон, Урдун, Ҷопон, Шри-Ланка ва Узбекистон – ширкат доранд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар рӯзи аввали мусобиқа ду варзишгари тоҷик рақобат карда, бар ҳарифонашон ғолиб шуданд. Искандарбек Рустамов дар вазни то 54 кило бар Чаҳура Лакшан аз Шри-Ланка ва Расул Аҳадов дар вазни то 67 кило бар Ҳалим Сулаймон аз Малайзия пирӯзӣ ба даст оварданд.

Дар рӯзи дуюми мусобиқа Хусравхон Раҳимов дар вазни то 57 кило бо намояндаи Қирғизистон Жакшилик Тилек уулу вориди рақобат шуд. Муштзани қирғиз бо истифода аз усулҳои манъшуда варзишгари тоҷикро лагадкӯб кард ва барои ин рафтори ношоистааш бо тасмими доварон аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт. Дар натиҷа муштзани тоҷик ғолиб эълон шуд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Давлат Болтаев дар вазни то 92 кило бар варзишгари узбек Ҷавоҳир Тағоймуродов пирӯз гардида, ба финал баромад.

Вале се муштзани дигари тоҷик - Абдураҳмон Ёқубов дар вазни то 60 кило аз муштзани муғул Буяндалай Баярхуу, Файзалӣ Ғуломов дар вазни то 63,5 кило аз намояндаи дигари Муғулистон Тугулдур Бямбатсогт, Хуршед Усвалиев дар вазни то 71 кило аз варзишгари Қирғизистон Нуриддин Рустамбек уулу мағлуб шуданд.

Дар рӯзи сеюми мусобиқа Акбаралӣ Абдураҳмонзода дар вазни то 51кило бар намояндаи Арабистони Саудӣ Абдулазиз Алатбӣ ғолиб омад. Вале муштзанҳои дигари тоҷик - Искандарбек Рустамов (-54 кг) аз Соучи Макинои ҷопонӣ, Руҳафзо Ҳақназарова (-50 кг) аз Сабина Бобоқуловаи узбекистонӣ, Усмонҷон Мирзоев (- 48 кг) аз Казума Аратакеи ҷопонӣ шикаст хӯрданд.

Ба ин тартиб, 9 варзишгари тоҷик муборизаро дар даври ниманиҳоӣ, ки имрӯз, 27-уми январ, баргузор мешавад, идома медиҳанд, ду нафари дигар 29-уми январ дар финал рақобат хоҳанд кард.

Рақобатҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоӣ бо иштироки варзишгарони тоҷик:

Нимфинал, 27-уми январ

51 кг – Акбаралӣ Абдураҳмонзода – Ҷаъфар Ҳошим Мусо (Ироқ)
57 кг – Хусравхон Раҳимов – Дилшод Абдумуров (Узбекистон)
67 кг – Расул Аҳадов – Ҷавлонбек Юлдошев (Узбекистон)
48 кг – Сумайя Қосимова – Ҳикару Като (Ҷопон)
52 кг – Ҳусния Холова – Фирӯза Қазоқова (Узбекистон)
63 кг – Малика Нозимова – Мунмарсурен Тсегтсегдари (Муғулистон)
75 кг – Абдумалик Болтаев – Ризо Толиб Ҷаббор (Ироқ)
80 кг – Некрӯз Салимов – Омурбек Бекжигит уулу (Қирғизистон)
86 кг – Шаҳбоз Ҳаитов – Бакит Токтосун уулу (Қирғизистон)

Финал, 29-уми январ

92 кг – Давлат Болтаев – Рустам Урусбек уулу (Қирғизистон)
+92 кг – Муҳаммад Аброриддинов – Ҷаҳонгир Зокиров (Узбекистон)

XS
SM
MD
LG