Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамкории низомии Туркия ва Тоҷикистон ба чӣ маъност?


Вазирони дифои Тоҷикистон ва Туркия.
Вазирони дифои Тоҷикистон ва Туркия.

Коршиносон ба ин боваранд, ки мувофиқатномаи ҳамкории низомии Тоҷикистон ва Туркия ҳузури Анқараро дар минтақаи Осиёи Марказӣ густариш медиҳад.

Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон ва ҳамтои туркаш Хулуси Акар 20-уми апрел дар ҳошияи сафари ҳайати Тоҷикистон ба Анқара дар мавриди ҳамкориҳои низомии ин ду кишвар мувофиқатнома имзо карданд. Тибқи хабари вазорати дифои миллии Туркия, дар ҷараёни гуфтугӯи пушти дарҳои баста, масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар арсаи саноати дифоӣ баррасӣ шудаанд.

Вазири дифои Туркия гуфт ин ду кишвар пайвандҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва динӣ доранд. Ӯ зикр кардааст, ки Анқара омодаи ҳамкорӣ дар заминаи мубодилаи таҷрибаи ҳифзи марз ва муқобила бо терроризм ва омодагии низомӣ аст.

Сафар як сол пас аз муноқишаи марзӣ

Сафари вазири дифои Тоҷикистон ба Туркия тақрибан як сол пас аз сафари Хулуси Акар ба Тоҷикистон моҳи июли 2021 ду моҳ баъд аз муноқишаи мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон сурат гирифт.

Он замон вазири дифои Туркия аввал ба Қирғизистон сафар кард ва дар онҷо дар мавриди созишномаҳои ҳамкорӣ дар ҳавзаи низомӣ, ки дар натиҷаи сафари раиси ҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов ба Туркия моҳи июни 2021 ҳосил шуданд, гуфтугӯ кард.

Ҳосили ҳамкориҳои Бишкек ва Анқара харидани ҳавопаймоҳҳои бесарнишини "Bayraktar TB2" аз сӯи Қирғизистон шуд. Ба ин тартиб, Қирғизистон дар миёни кишварҳои узви СПАД нахустин кишваре шуд, ки соҳиби паҳбод ё ҳавопаймоҳои бесарнишини туркӣ шуд ва моҳи марти 2022 аз истифодаи онҳо дар як размоиш хабар дод.

Сиёсатшинос Шералӣ Ризоён мегӯяд, Туркия солҳои ахир дар амри густариш додани ҳамкориҳо низомӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъол аст. "Кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳамкории низомӣ бо Анқара ба далели истифодаи таҷҳизоти навтарини низомии ин кишвар дар даргирии Қарабоғи Кӯҳӣ, ки дар он бартарии Озарбойҷон нишон дода шуд, алоқаманд шуданд", - мегӯяд ӯ.

Ҷузъиёти мувофиқатномаи низомии Душанбе ва Анқара расонаӣ нашудааст, аммо коршиносони мустақил ҳадс мезананд, ки яке аз бандҳои он, харидани ҳавопаймоҳҳои бесарнишин аз сӯи Тоҷикистон мебошад.

Довари даргирӣ шудан мехоҳад?

"Ин имкон вуҷуд дорад, ки Тоҷикистон мехоҳад имкониятҳои худро бо кишвари ҳамсоя баробар кунад ва соҳиби “Bayraktar TB2” шавад. Туркия ба унвони ҷиноҳи шарқии Ғарб аз заъфи чатри амниятии Русия дар минтақа истифода кунад ва тадриҷан ин холигоҳро пур кунад. Анқара бо додани “Bayraktar TB2” ба Тоҷикистон адами таъодулро байни кишварҳо месанҷад ва бо ин роҳ миёнҷии эҳтимолӣ байни кишварҳои даргир шавад", - таъкид мекунад сиёсатшиноси мустақил Сулаймон Шоҳзода.

Ӯ мегӯяд, ба далели зиёд шудани чолишҳо ва таҳдидҳо, Русия ва Чин дар оянда маҷбур хоҳанд шуд бахше аз масъулияти амнияти минтақаро ба Туркия вогузор кунанд.

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик.
Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик.

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик низ назари монанд дорад. Ба гуфтаи вай, бархилофи арзёбии таҳлилгарон дар мавриди он, ки Туркия дар даргирии марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз як ҷониб пуштибонӣ хоҳад кард, дар Анқара тасмим гирифта гирифтанд, ки Туркия мавқеи фасилитатор ё тасҳилкунанда дошта бошад.

"Агар Туркия танҳо аз як ҷониб ҳимоят бикунад, ба ин маъно аст, ки тарафи дигар мавқеи комилан зиддитуркӣ хоҳад гирифт. Аммо, Туркия на танҳо худро ҳамчун як кишвари туркӣ, балки ба унвони пештози ҷаҳони ислом муаррифӣ мекунад. Эҳтимолан ин мавқеъ ҳамон чизест, ки фаъолияти Туркияро дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон таъйин мекунад",-мегӯяд коршинос.

Раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон зимни сафари Содир Ҷабборов моҳи июни соли 2021 пас аз даргирӣ бо Тоҷикистон, ҷонибҳоро ба ҳаллу фасли мусолиматомези муноқиша даъват кард. Туркия баъдтар ба 259 хонаводаи Бодканд, ки дар пайи даргирӣ осеб диданд, кумаки башардӯстона фиристод.

Бар асоси ин рӯйдодҳо ва инчунин мушорикати Қирғизистон ва Туркия дар иттиҳодияҳое ба монанди Шӯрои туркӣ, ТИКА ва созмони байналмилалии фарҳанги туркии ТЮРКСКОЙ, коршиносон дар Тоҷикистон аз дахолати Туркия дар даргирии марзӣ байни Қирғизистон ва Тоҷикистон гуфтанд.

Ояндаи ҳамкориҳо

Сиёсатшинос Шералӣ Ризоён бо ишора ба сиёсати фаъоли Туркия дар минтақа (иқдом барои таъсиси “Артиши Турон”) ва Афғонистон (кумаки башардӯстона, ҳифозати фурудгоҳи Кобул, додани паноҳгоҳ ба мансабдорони ҳукумати қаблии Афғонистон) зикр мекунад, ки омили туркӣ дар таъмини амнияти Осиёи Марказӣ нақши муайяне дорад.

"Туркия яке аз кишварҳоест, ки дар Афғонистон ҳадафи худро дорад ва бо эҳтимоли оғози ҷанг алайҳи Толибон, бозии худро дар ин кишвар шурӯъ мекунад. Дар пасманзари даргирии мусалаҳонаи Русия ва Украина Туркия дар заминаи ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ гомҳои фаъол дорад, ки мо дар моҳҳои ахир шоҳидашон ҳастем. Амнияти минтақавии Осиёи Марказӣ аз чандин омил бастагӣ дорад. Таъодули таъсиргузории омилҳои беруна яке аз онҳо мебошад. Дар ин замина барои Душанбе муҳим аст, ки аз робитаи кишварҳои дигар бо Туркия ба зарари манофеи амниятии Тоҷикистон истифода нашавад",-мегӯяд коршинос.

Шералӣ Ризоён, таҳлилгари тоҷик.
Шералӣ Ризоён, таҳлилгари тоҷик.

Бо вуҷуди ин, Шералӣ Ризоён ба ин бовар аст, ки густариши ҳамкориҳои низомии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Туркия дар миёнамуҳлат ҷойгузини Русия нахоҳад шуд. Чун Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон узви СПАД буда, Узбекистон ва Туркманистон дар ҳафзаи низомӣ бо Русия муносибати танготанги дуҷониба доранд.

"Туркия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳавзаи низомӣ ҳамкории фаъолро рӯи даст гирифтааст, аммо ин ҳамкорӣ дар миёнамуҳлат боиси тағйироти куллӣ нахоҳад шуд. Маскав ҳатман ба ин воқеъият вокуниш мекунад ва ба эҳтимоли зиёд он вокуниш мусбӣ нахоҳад буд. Пекин бештар ба тарҳҳои иқтисодӣ ва зерсохторӣ дар минтақа тамаркуз мекунад. Бо вуҷуди ин, иқдомоти Туркия дар минтақа метавонад ба фаъол шудани ҷиддии Русия ва Чин дар ин ҳавза боис шавад",-боварӣ дорад ҳамсуҳбати мо.

Тоҷикистон танҳо кишвари ғайритуркӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад ва дар муносиботи фарҳангӣ-тамаддунӣ бештар ба Эрон гароиш дорад. Бо вуҷуди ин, Туркия бо такя ба омили динӣ нишон медиҳад, ки ин кишварро аз ҳавзаи нуфузи худ берун намекунад.

Анқара шарики муҳими иқтисодии Душанбе боқӣ мемонад. Гардиши молу коло дар замони бемории ҳамагири COVID-19 байни ин кишварҳо аз марзи 700 миллион доллар боло рафта буд. Дар солҳои баъдӣ ин нишондод поин омад ва дар соли 2020 ба 323 миллион доллар расид.

Дар солҳои ахир коммисияи давлатии ду кишвар талош мекунанд гардиши молро аз ҳисоби нассоҷӣ ва аллюминюм ба 1 миллиард доллар расонанд.

XS
SM
MD
LG