Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Баъзе расонаҳои Афғонистон аз "ҳамлаи мушакӣ ба Тоҷикистон" хабар доданд. Душанбе чизе нагуфт

Марзи Тоҷикистону Афғонистон

Баъзе аз расонаҳо ва бахши афғонии шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи 7-уми май дар бораи "ҳамлаи мушакӣ аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон" хабар доданд. Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз тасдиқ ё рад накарданд. Чанд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар минтақаҳои наздик ба сарҳади Афғонистон гуфтанд, дар бораи ҳодиса хабар надоранд.

Хабаргузории "Омоҷнюз" шоми 7‑уми май иттилоъ дод, ки аз ноҳияи Хоҷа Ғори Тахори Афғонистон аз болои як мошин ба хоки Тоҷикистон мушак сар додаанд. Ба навиштаи ин расона, ба дунбол "нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба сӯи Афғонистон шиллик карданд ва ҳанӯз ҳам вазъият ба ҳоли одӣ барнагаштааст."

Ноҳияи Хоҷа Ғори Афғонистон бо ноҳияи Фархор ва Панҷи вилояти Хатлон ҳамсарҳад аст. Манобеи Радиои Озодӣ дар Шуъбаи корҳои дохилии ду ноҳия гуфтанд, ки чунин хабаре нагирифтаанд.

Баъзе аз расонаҳои дигар бо такия ба ин хабаргузорӣ ва ҳамчунин манбаъҳои маҳаллӣ партоб шудани аз ду то ҳафт мушакро ба хоки Тоҷикистон гузориш кардаанд.

Бахши форсии “Independent” дар Твиттер нигошт, ки "шахсони мусаллаҳи ношинос аз вилояти Тахори Афғонистон ба самти хоки Тоҷикистон ҳафт мушак шиллик карданд. Як манбаи огоҳ гуфт, ҳамла бо мушак ба хоки Тоҷикистон кори нерӯҳои “Ҷамоати Ансоруллоҳ” аст."

Ҳанӯз моҳи сентябри соли 2021 дар Тоҷикистон гуфта буданд, ки маълумоти расидаро аз густариши фаъолияти "Ҷамоати Ансоруллоҳ" дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон меомӯзанд.

Дар бахши афғонии шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳое нашр шудаанд, ки гуё аз маҳалли мушакандозӣ бардошта шудаанд. Муаллифон мегӯянд, мошини Toyota, ки аз бордони он ба тарафи Тоҷикистон оташ кушода шуд, дар натиҷаи оташи ҷавобии марзбонони Тоҷикистон сӯхта, вале ҳамлаварон осеб надидаанд.

То ин лаҳза ҳеч гуруҳе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст, вале бархе аз нозирон онро ба гуруҳҳои террористие монанди "Ҷундуллоҳ" ва ДОИШ рабт додаанд.

Аз ин пеш хабарҳое нашр шуда буд, ки аз хоки Афғонистон ба Узбекистон ҳамла сурат гирифтааст. Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ дар наворе иддао кард, ки ҳамла кори дасти ҷангҷӯёнаш аст. Ҳукумати Толибон ва мақомоти Узбекистон хабарро дурӯғ номиданд.

Рӯзи 4‑уми май низ дар бораи кушта шудани як марзбони узбек аз тире, ки аз сӯи Афғонистон парронда шудааст, хабар нашр шуд. Толибон ва мақомоти Узбекистон онро ҳам рад карданд. Аз он пеш дар бораи як ҳамла ба марзбонони Туркманистон низ хабар расида буд.

Толибон моҳи августи соли 2021 дигарбора Афғонистонро тасарруф карданд. Кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон, нигаронанд, ки зери ҳукумати Толибон гурӯҳҳои тундрав дар ин кишвар фаъол шудаанд. Ҳокимони нави Афғонистон инро рад мекунанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Ду вакили порлумони Арманистон аз мақомашон маҳрум шуданд

Ишхон Сағателиён

Ду вакили бонуфузи мухолифонро аз мақомҳояшон дар порлумони Арманистон маҳрум карданд, чун ду нафар тазоҳурот бо талаби истеъфои нахуствазир Никол Пашиниёнро раҳбарӣ мекарданд.

Тамоми 66 вакили Шӯрои Мардумии Арманистон зимни раъйгирӣ дар порлумон дар рӯзи 1-уми июл ба тарафдории аз мақоми муовини раиси порлумон барканор кардани Ишхон Сағателиён ва аз мақоми раиси кумиссиёни иқтисодии порлумон барканор кардани Ваге Акопиён раъй додаанд.

Аксари вакилон аз Ҳизби Аҳди Мардумии Никол Пашиниён буданд ва вакилони мухолифи давлат ба нишони эътироз аз раъйдиҳӣ даст кашиданд. Ташаббускорони барканории вакилон аз мақомҳояшон далел оварданд, ки ду вакил аз соли гузашта то кунун дар бисёре аз ҷаласаҳои порлумон ҳузур надоштаанд.

Сағателиён ва Акопиён, ки дар ҷаласаи рӯзи 1-уми июл набудаанд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки қарори порлумон дорои ангезаҳои сиёсӣ аст. Дар шаҳри Ереван пойтахти Арманистон аз аввали моҳи май то нимаи моҳи июн ҳар рӯз тазоҳурот бо талаби истеъфои нахуствазир баргузор мешуд.

Олмон роҳҳои коҳиши пойбандӣ аз гази Русияро "пайдо кардааст"

Вазири иқтисод ва муҳити зисти олмон Роберт Ҳабек

Роберт Ҳабек, вазири иқтисоди Олмон гуфтааст, кишвараш то аввали соли 2023 соҳиби ду киштии азими интиқолдиҳандаи гази моеъ хоҳад шуд. Ӯ дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Велт эм Зонтаг” рӯзи 2-уми июл гуфтааст, ки дар умум ҳукумати Олмон чаҳор пойгоҳи шиновари гази моеъ иҷора гирифтааст, то пойбандӣ ба гази Русияро коҳиш диҳад.

Ӯ гуфтааст, “Ду киштие, ки имсол хоҳем дошт, ба Вилҳемшавен ва Брунсбуттел то аввали соли 2023 интиқол дода мешаванд.” Ба қавли вазири олмонӣ, корҳо барои даст кашидан аз гази Русия бо суръате пеш меравад, ки “пеш аз ин ҳеч гоҳ дар Олмон дида нашудааст”.

Клаус Мюллер як мақоми дигари Олмон рӯзи 2-уми июл гуфт, аз он бим дорад, ки Русия шояд интиқоли газ ба Олмонро батамом қатъ кунад. Олмон яке аз мизоҷони аслии гази табии Русия аст ва дар сурати қатъи газ, иқтисоди он метавонад ба мушкилоти азиме дучор шавад.

Русия моҳи гузашта интиқоли газ ба Олмон, Итолиё, Австрия ва Чехияву Словакияро коҳиш дода гуфт, ки сабаб мушкилоти фаннӣ дар лӯлаи гази Маҷрои Шимолӣ-1 аст. Вазири иқтисоди Олмон Роберт Ҳабек гуфтааст, ҳеч мушкили фанни нест ва масъала “баҳси тиҷоратӣ”- и Олмон бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аст.

Заминларзаи қавӣ дар Эрон чандин нафарро куштаву захмӣ кардааст

Bилояти Ҳурмузгон. Рӯзи 2-уми июл

Мақомоти расмӣ дар Эрон мегӯянд, заминларзаи қавӣ шаби гузашта ин кишварро такон дода ва сабаби талафот дар байни мардум шудааст.

Телевизиони давлатии Эрон рӯзи 2-уми июл гузориш дод, ки дар натиҷаи заминларзаи 6.3 дараҷаӣ дар вилояти Ҳурмузгон дар ҷануби шаҳри Теҳрон камаш 5 нафар кушта ва 44 тани дигари захмӣ шудаанд. Зилзила бомдод рух дода ва хонаҳои мардуми рустои Саёҳхушро вайрон кардааст.

Ҳоло маълум нест, талафот дар кадом маҳалли кишвар будааст. Эрон дар яке аз гӯшаҳои зилзилахези курраи Замин ҷойгир аст. Соли 1990 зилзилаи 7.4 дараҷаӣ дар шимоли кишвар бештар аз 40 000 нафарро кушт ва 13 сол баъди дар соли 2003 айни фалокат бо неруи 6.6 дараҷа дар вилояти Кирмон ҷони бештар аз 31 ҳазор нафарро гирифт.

Дар Тоҷикистон 30 кӯдаки дигари гирифтор ба ВИЧ-ро сабт кардаанд

Бино ба оморҳои расмӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон дар байни кӯдакон ва наврасони то 18-сола 30 мавриди нави сирояти бемории вируси норасоии масунияти бадан ва ё ВИЧ-ро пайдо кардаанд.

Дар омори вазорати тандурустӣ, ки дастрасӣ Радиои Озодӣ шуд, омадааст, 30 гирифтори навро соли 2021 ва ҳангоми ташхиси бештар аз 10 ҳазор кудак пайдо кардаанд ва ин рақам назар ба соли 2020 камтар аст.

Дар соли 2019 дар Тоҷикистон 92 кӯдаку навҷавони то 18 соларо сабт кардаанд, ки аз кадом роҳе вируси норасоии масунияти бадан ба онҳо сироят кардааст.

Дар маҷмуъ дар Тоҷикистон соли 2021 бештар аз 1100 кӯдак аз гирифтори ВИЧ будаанд ва нисфи зиёди онҳо ё 676 нафарро писарон ташкил медодаанд ва бақияро духтарон. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки ҳамаи онҳо ройгон муолиҷа мегиранд.

Шуруъ аз 1 июл Украина барои шаҳрвандони Русия виза ҷорӣ кард

Барои дарёфти визаи Украина шаҳрвандони Русия метавонанд, ба марказҳои VFS Global дар ҳашт шаҳри Русия муроҷиат кунанд, хабар дод вазорати корҳои хориҷии Украина.

Дархост барои дарёфти визаи Украинаро дипломатҳо дар кишварҳои севум баррасӣ мекунанд, зеро баъди ҳамлаи Русия ба Украина дар рӯзи 24 феврали соли ҷорӣ, Украина ҳама гуна робитаҳои дипломатиро бо Русия қатъ кардааст.

Аммо дарёфти виза низ ба шаҳрвандони Русия кафолати сад дарсадӣ намедиҳад, ки вориди Украина шаванд. Тасмими ниҳоӣ дар ихтиёри марзбонон дар гузаргоҳҳои марзӣ аст.

Владимир Зеленский, президенти Украина миёнаҳои моҳи июн гуфта буд, ки мақомоти кишвараш "барои муқобила бо хатарҳои бесобиқа ба амнияти миллӣ" чунин тасмим гирифтаанд.

Дар Украина баъди он бо Русия виза ҷорӣ карданд, ки шаҳрвандон дархости онлайниеро роҳандозӣ карданд.

Дар вазорати корҳои хориҷии Русия гуфтанд, "бо назардошти манфиатҳои миллии Русия" ба тасмими охири Украина посух хоҳанд дод.

Равуои бидуни виза байни Русияву Украина ҳатто баъди ғасби Қрим аз сӯи Русия ва оғози низоъ дар Донбасс барқарор буд. Шаҳрвандони Русия метавонистанд, то 90 рӯз бидуни виза дар Украина қарор дошта бошанд.

Украина як ҷазираи ғасбшударо аз Русия бозпас гирифт

Владимир Зеленский, президенти Украина бо сарвазир ва вазири дифои ин кишвар

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, гуфт, бозпас гирифтани назорати Ҷазираи Змейиний тағйироти чашмгире дар вазъи Баҳри Сиёҳ аст. Ӯ дар муроҷиати шабонаи видеоӣ дар рӯзи 30-уми июн гуфт, ки бозпас гирифтани ҷазира, замонат намедиҳад, ки Русия дигарбора барнамегардад, вале ба ҳар ҳол амалкардҳои неруҳои Русияро маҳдуд мекунад.

Владимир Зеленский, ба хадамоти ҷосусӣ ва халабонҳои кишвараш барои бозпас гирифтани ҷазира аз дасти неруҳои Русия ташаккур гуфт. Маскав гуфт, ки иддаои бозпас гирифтани ҷазира асос надорад ва неруҳои Русия бо нияти хайр ҷазираро ба Украина баргардонданд, то ин кишвар тавонад маҳсулоти кишоварзии худро ба хориҷ бифурӯшад.

Назорати Ҷазираи Змейиний, ки 40 километр дуртар аз соҳили Украина аст, ба Русия имкон медод, роҳҳо ба самти шаҳри Одесса, яке аз бандарҳои асосии содироти ғалладона аз Украинаро назорат кунад.

Қирғизистон ба "Эксимбонк"-и Чин $112 млн мепардозад

Акс аз бойгонӣ.

Қарзи хориҷии Қирғизистон аз Эксимбонки Чин ба 1 млрд 794 млн 120 ҳазор доллар расидааст. Дар ин бора аз вазорати молияи Қирғизистон хабар доданд. Дар вазорат гуфтанд, соли ҷорӣ Қирғизистон ба бонки чинӣ 111 млн 730 ҳазор доллар мепардозад.

Оқилбек Ҷабборов, раиси девони вазирони Қирғизистон пештар гуфта буд, ки дар сурати пардохт нашудани қарз "Эксимбонк"-и Чин мудирияти иншоотеро амсоли Маркази гармидиҳии Бишкек, "Датка-Кемин" ва роҳи мошингарди Шимол-Ҷанубро ба ихтиёр медарорад.

Вазорати молияи Қирғизистон мегӯяд, қарзи давлатии он кишвар ба 5 млрд 119,15 млн доллар расидааст.

Як хонаи муҳташам дар Ҳонконг, ки ба Каримова рабт дошт, бо $68,4 млн фурухта шудааст

Гулнора Каримова.

Як хонаи муҳташам дар Ҳонконг, ки эҳтимолан ба Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Узбекистон рабт дошт, мумкин аст, бо қимати 68,4 млн доллар фурухта шуда бошад. Дар ин бора расонаҳои байналхалқӣ хабар медиҳанд.

Ба иттилои расонаҳо, хонаи мавриди назар соли 2008 бо қимати 36,5 млн доллар ба ширкати Zeromax фурухта шуда буд. Ширкати мазкурро ба Гулнора Каримова рабт медиҳанд.

Додситонии кулли Узбекистон соли 2017 дар бораи хонаи мазкур хабар дода буд.

Гулнора Каримова соли 2015 ба 5 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯро дубора соли 2020 бо айби "ғорати маблағҳои буҷаи Узбекистон ва бастани шартномаҳо бар зарари Узбекистон, инчунин аз худ кардани амволи дигарон бо роҳи тамаъҷӯӣ" ба 13 солу 4 моҳи дигар маҳкум карданд.

Неруҳои посдори сулҳи Қазоқистон ба кишварҳои африқоӣ фиристода мешаванд

Посдорони сулҳ аз Қазоқистон.

Порлумони Қазоқистон ирсоли неруҳои посдори сулҳи ин кишварро дар доираи маъмурияти СММ ба давлатҳои африқоӣ иҷозат дод.

Бо пешниҳоди президенти Қазоқистон иштироки неруҳои мусаллаҳи он кишвар дар доираи маъмурияти СММ дар кишварҳои Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Конго ва Малӣ густариш дода хоҳад шуд.

Руслан Жаксиликов, вазири мудофиаи Қазоқистон гуфт, 430 низомии қазоқистонӣ ба кишварҳои африқоӣ ирсол мешаванд.

"Дар пайи мураккабтар шудани вазъи дунё президенти Қазоқистон бар ин назар аст, ки афзоиши теъдоди неруҳои посдори сулҳи Қазоқистон дар доираи маъмурияти СММ ҳадафмандона хоҳад буд", - гуфт Жаксиликов.

Ба иттилои вазорати мудофиаи он кишвар, шуруъ аз соли 2014 45 афсари қазоқистонӣ дар доираи маъмурияти СММ дар Сахараи Ғарбӣ, Кот-д’Ивуар ва Лубнон ба ҳайси нозири низомӣ ва афсари ситод фаъолият кардаанд. Ҳамчунин шуруъ аз соли 2018 дар доираи "Неруҳои муваққати СММ дар Лубнон" 520 низомии қазоқистонӣ иштирок кардаанд.

Дар Қирғизистон фаъолияти қиморхонаҳо қонунӣ шуд

Эътирози мухолифони бозшавии қиморхонаҳо дар Қирғизистон.

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон қонунҳоеро имзо кард, ки бозшавии дари қиморхонаҳоро барои хориҷиҳо иҷозат медиҳанд.

Ҷабборов рӯзи 30 июн қонун "Дар бораи тиҷорати бозӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон" ва "Дар бораи тағйирот ба бархе аз санадҳои ҳуқуқӣ оид ба масъалаи тиҷорати бозӣ"-ро имзо кардааст.

Дар сомонаи расмии президенти Қирғизистон омадааст, ки қонунҳо барои ҷалби маблағҳои иловагӣ ба буҷа имзо шудаанд.

Шаҳрвандони Қирғизистон, шаҳрвандони хориҷии то синни 21, инчунин шаҳрвандони дорои имкониятҳои маҳдуд иҷоза надоранд, ки ба ҳайси муштарӣ ба қиморхонаҳо ворид шаванд.

Ҳаҷми андоз аз як мизи бозӣ дар соли 2022 750 ҳазор сом ва дар соли 2023 як миллион сомро ташкил хоҳад дод.

Қонуни мазкурро порлумони Қирғизистон ҳафтаи гузашта қабул кард. Баъди қабули қонун бархе аз сокинони Қирғизистон эътироз карданд ва аз президенти он кишвар хостанд, ки қонун дар бораи қиморхонаҳоро имзо накунад.

Нерӯҳои посдори сулҳи Қазоқистонро ба кишварҳои африқоӣ мефиристанд

Нерӯҳои посдори сулҳи Қазоқистон. Алмато, соли 2018

Порлумони Қазоқистон иҷоза дод, ки нерӯҳои посдори сулҳи ин кишвар дар доираи маъмурияти СММ ба давлатҳои африқоӣ фиристода шаванд.

Бо пешниҳоди президенти Қазоқистон иштироки нерӯҳои мусаллаҳи он кишвар дар доираи маъмурияти СММ дар кишварҳои Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Конго ва Малӣ густариш дода хоҳад шуд.

Руслан Жаксиликов, вазири мудофиаи Қазоқистон, гуфт, 430 низомии қазоқистонӣ ба кишварҳои африқоӣ ирсол мешаванд.

"Дар пайи мураккабтар шудани вазъи дунё президенти Қазоқистон ба ин назар аст, ки афзоиши теъдоди нерӯҳои посдори сулҳи Қазоқистон дар доираи маъмурияти СММ ҳадафмандона хоҳад буд," -- гуфт Жаксиликов.

Ба иттилои Вазорати дифои Қазоқистон, аз соли 2014 45 афсари қазоқистонӣ дар доираи маъмурияти СММ дар Сахараи Ғарбӣ, Кот-д’Ивуар ва Лубнон ба ҳайси нозири низомӣ ва афсари ситод фаъолият кардаанд.

Ҳамчунин аз соли 2018 дар доираи "Нерӯҳои муваққати СММ дар Лубнон" 520 низомии қазоқистонӣ иштирок кардаанд.

Дар Узбекистон нархи газу барқро боло намебаранд

Таърифаҳои истифода аз газу барқро дар Узбекистон дигар намекунанд. Дар ин бора масъулони Вазорати энержии Узбекистон рӯзи 29-уми июн хабар доданд.

Пештар мақомоти он кишвар мегуфтанд, аз 1-уми июл арзиши газу барқ гаронтар мешавад.

Вазорати энержии Узбекистон гуфт, бештар аз ҳазор сокини он кишвар дар робита ба тағйирёбии таърифаҳо шикоят кардаанд. Ин муроҷиатҳо айни замон аз сӯи вазорати энержӣ, молия ва рушди иқтисодӣ омӯхта мешаванд.

"Баъди пешниҳоди хулосаи ин вазоратҳо ва пешниҳоди коршиносон дар робита ба гароншавии нархи газу барқ тасмим гирифта хоҳад шуд", - омадааст дар хабари Вазорати энержии Узбекистон.

СММ куштори сокинони осоиштаро дар 30 шаҳри Украина тасдиқ кард

Буча, Украина

Маъмурияти назоратии Раёсати Созмони Милал дар умури ҳуқуқи инсон рӯзи 29-уми июн гузоришеро дар бораи поймолшавии ҳуқуқи инсон дар ҷараёни ҷанг дар Украина нашр кард. Ин гузориш вазъро аз 24-уми феврал то 15-уми майи имсол дар бар мегирад.

Дар ин давра коршиносони СММ марги 3924 ва маҷруҳшавии 4444 сокини осоиштаро сабт кардаанд. Мумкин аст, рақамҳои воқеӣ бештар аз оне бошанд, ки дар гузориш сабт шудааст.

Маъмурияти назоратии Созмони Милал дар ин давра дар бораи куштори бештар аз 300 сокини осоишта дар зиёда аз 30 шаҳри Украина иттилоъ ёфтааст. Маъмурият мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд ин кушторҳо аз сӯи низомиҳои Русия сурат гирифтааст.

СММ ҳамчунин дар бораи 108 мавриди таҷовуз ба номус иттилоъ ёфтааст. Дар 23 ҳолат таҷовузи дастаҷамъӣ сурат гирифтааст.

“Қисми бештари ин ҷиноятҳо (87 ҳолат) аз сӯи низомиҳои Русия анҷом шуда, як ҷисми дигарро низомиҳои украинӣ содир кардаанд,” -- омадааст дар гузориши СММ.

Моҳи июл ҳаво дар Тоҷикистон гармтар хоҳад шуд

Хатлон, акс аз соли 2018

Мақомоти Тоҷикистон аз эҳтимоли тасфидан ё хеле гарм шудани ҳаво дар моҳи июл хабар доданд.

Ба иттилои масъулони Оҷонси обу ҳавосанҷӣ, гармии ҳаво дар моҳи оянда дар Душанбе то 44 дараҷа хоҳад расид. Дар вилояти Хатлон дар ин моҳ ҳаво то 45 дараҷа метасфидааст.

Ҳамин тавр, минтақаи шимоли кишварро ҳам моҳи июл як дараҷа гармии бештар аз меъёри миёна интизор аст.

Дар зимн, ҳаво дар Тоҷикистон тайи як ҳафтаи охир бисёр гарм аст. Мутахассисон ба шахсони бемор ва кӯдакону наврасон ва солмандон тавсия додаанд, ки бе зарурат аз хона набароянд.

Ҳамчунин таъкид мешавад, сокинон ҳангоми оббозӣ ва истироҳат дар соҳили кӯлу рӯдхонаҳо қоидаи бехатариро риоя кунанд.

Дар ду кишвари ОМ чораҳои зидди COVID сахттар мешавад

Акс аз бойгонӣ

Дар пайванд ба афзоиши теъдоди гирифторони коронавирус дар 12 ноҳияи шаҳри Тошканд марказҳои махсуси тиббие фаъол мешаванд, ки барои мубориза бо COVID-19 сохта шудаанд. Дар ин бора масъулони Вазорати ҳифзи тандурустии Узбекистон рӯзи 29-уми июн хабар доданд.

"Вазифаи асосии ин муассисаҳо, ки шабонарӯз фаъолият мекунанд, ошкор кардани беморӣ дар марҳилаи ибтидоӣ ва табобати онҳо аст", - омадааст дар хабари вазорат.

Ҳафтаи охир ҳамарӯза дар Узбекистон қариб 100 мавриди нави гирифторӣ ба коронавирус сабт мешавад.

Дар Қазоқистон низ теъдоди гирифторон меафзояд. Ералӣ Тугжанов, ноиб-сарвазири Қазоқистон гуфт, мумкин аст, дар он кишвар истифода аз ниқоби тиббӣ дубора ҳатмӣ шавад.

Айни замон дар Қазоқистон ҳамарӯза то 100 мавриди нави гирифторӣ ба коронавирус сабт мешавад.

Ҳалокати 238 кас дар ҳодисаҳои Қазоқистон

Алмато, моҳи январи 2022

Дар ҳодисаҳои моҳи январи имсол дар Қазоқистон 232 кас ҷон бохта, шаш нафар дар натиҷаи шиканҷа ҳалок шудаанд. Дар ин бора Асет Чиндалиев, муовини додситони кулли Қазоқистон, рӯзи 29-уми июн хабар дод.

Чиндалиев афзуд, ба гумони шиканҷа кардани боздоштшудаҳои ҳодисаҳои моҳи январ 9 корманди мақомоти қудратӣ дастгир шудаанд.

Аз ин шумора 8 нафар корманди Кумитаи амнияти миллӣ ва як тан пулис ҳастанд. Мақомоти тафтишотии Қазоқистон дар умум 15 касро дар истифодаи шиканҷа гумонбар мекунанд.

Пештар мақомоти Қазоқистон мегуфтанд, ки дар ҳодисаҳои моҳи январ 230 тан фавтидааст.

То кунун рӯйхати пурраи фавтидаҳои ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон нашр нашудааст. Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон, рӯзи 5-уми июн ваъда дод, ки рӯйхат нашр карда мешавад.

Раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон телефонӣ суҳбат кардаанд

Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов. Акс аз бойгонӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 30-юми июн бо президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов суҳбати телефонӣ анҷом додааст.

Мақомот гуфтанд, суҳбат бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон сурат гирифт. Дар Бишкек дар ин бора ишорае накардаанд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, ки ду тараф масъалаҳои марбут ба муносибатҳои ду кишварро баррасӣ карданд.

Дар баёнияи расмӣ омадааст, сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки муколамаи сиёсиро, ки “ба таҳкими ҳамсоягии неки ду давлат ва мардум нигаронида шудааст”, идома диҳанд.

Дафтари матбуоти президенти Қирғизистон низ ба ин монанд иттилоъ дод.

Тоҷикистону Қирғизистон бештар аз як сол аст, ки ба сабаби ҷангу хунрезӣ дар марзи аломатгузориношудаи ду кишвар робитаҳои хуб надоранд.

CPJ хост, мақомот озори хешони Анора Саркороваро бас кунанд

Анора Саркорова

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ба озору азияти Анора Саркорова, хабарнигори мустақили тоҷик хотима диҳанд ва бигузоранд, то матбуот масоили ҳассосро озода инъикос кунад.

Дар баёнияи ин созмони ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон, ки рӯзи 29-уми июн нашр шуд, омадааст, азияту озори хешовандони Анора Саркорова ва фишор ба онҳо барои фош кардани манобеи худ, як “қадами нигаронкунандаи дигар барои роҳ надодан ба инъикоси мустақилонаи ҳодисаҳои Бадахшон аст”.

Рӯзи 27-уми июн мақомоти интизомӣ модари 68-сола ва бародари Анора Саркороваро, ки нооромиҳоро дар Бадахшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста инъикос мекард, аз хонаашон дар Душанбе бо худ бурда, баъди бозпурсӣ раҳо кардаанд.

Анора Саркорова гуфт, мақомот аз ин роҳ мехоҳанд, ба ӯ фишор биёранд, то дар бораи қонуншиканиҳо дар Бадахшон нанависад.

Анора Саркорова то соли 2018 хабарнигори бахши русии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон буд ва барои фаъолияти хабарнигорӣ ва инъикоси бетарафонаи таҳаввулот, аз ҷумла ҳодисаҳои Бадахшон, дигар аз ҳаққи кор дар Тоҷикистон маҳрум шуд.

НАТО Русияро “хатари сахттарин ва мустақим” номид

Мадрид, 2022

Паймони низомии НАТО Русияро бинобар ҳамлаи бедалелаш ба Украина “хатари сахттарин ва мустақим” ба аъзои худ номид.

Раҳбарони кишварҳои узв рӯзи 29-уми июн дар Мадрид ҷамъ омаданд, то ба гуфтаи дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг, ба бузургтарин буҳрон пас аз Ҷанги Ҷаҳонии Дувум мубориза кунанд.

Эъломияи НАТО нишон медиҳад, ки чӣ гуна таҳоҷуми Русия ба Украина низоми амниятии Аврупои пас аз Ҷанги Сардро ба ҳам задааст.

Аъзои НАТО ҳамчунин ваъда доданд, ки “ҳимояти сиёсӣ ва амалӣ” ба Украинаро дар истодагарӣ алайҳи Русия тақвият мебахшанд.

Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина, дар муроҷиати видеоӣ ба раҳбарони кишварҳои узв хост, ба Украина аслиҳаи муосир бидиҳанд ва барои шикаст додани Русия мадади молии бештар кунанд.

"Муҳлати ҳабси маъмурияш тамом шуд, аммо раҳо накарданд"

Ӯ дар солҳои 70-ум дар рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" кор кардааст

Пайвандони Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон), рӯзноманигор ва сарҳанги бознишастаи амният, гуфтанд, "10 рӯз ҳабси маъмурии ӯ ба поён расид", аммо мақомот натанҳо раҳо накарданд, балки намегӯянд, дар чӣ вазъ аст.

Мавлоназаров, ки солҳои охир амалкарди мақомоти қудратиро танқид мекард, рӯзи 16-уми июни имсол дар хонааш дар Душанбе дастгир шуд. Мақомот аз он замон то ҳоло сабаби боздошт ва иттиҳоми зидди ӯро нагуфтаанд.

Яке аз хешовандони Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон) рӯзи 28-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, "азбаски вакили мудофеъ надорад, намедонем, бо ӯ чӣ мегузарад. Мақомот ба вохӯрии наздикон ва бахусус ҳамсараш иҷоза намедиҳанд."

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, ки ба далели амниятӣ нахост, номаш фош шавад, онҳо "ба боздоштгоҳи муваққатии Раёсати корҳои дохилӣ либосу хӯрок мебаранд".

Мақомоти корҳои дохилӣ ва додситонии пойтахт дар робита ба қазияи Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон) изҳори назар намекунанд.

Муҳаммади Султон 25 сол дар Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон кор кардааст. Аз он пеш, дар солҳои 70-ум, дар рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" фаъолият дошт.

Солҳои охир дар саҳифааш дар Фейсбук назари худро дар пайванд ба кори мақомот, аз ҷумла ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон менавишт ва раҳбарони онҳоро сахт танқид мекард. Зидди амалиёти нерӯҳои интизомӣ дар Бадахшон буд, ки ба иттилои расмӣ 16, вале ба иттилои манобеи ғайрирасмӣ то чиҳил кушта барҷой гузошт.

Русия ба муҳоҷирони тоҷик нафақа медиҳад

Муҳоҷирони тоҷик. Акс аз бойгонӣ.

Думаи давлатии Русия созишнома дар бораи тақсими нафақа миёни Тоҷикистону Русияро тасвиб кард. Ҳамакнун баъди имзои ин санад аз сӯи раиси ҷумҳур Владимир Путин, ба муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия кор мекунанд, нафақа дода мешавад.

Ин санад моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе имзо шуда, моҳи апрел порлумони Тоҷикистон онро қабул кард. Аммо додани нафақа барои муҳоҷирон як шарти асосӣ дорад.

Дилмурод Давлатзода, сардори Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон ду моҳ қабл дар ҷаласаи порлумон гуфта буд, аз ин пас Русияву Тоҷикистон вазифадор хоҳанд шуд, ба шаҳрвандони ҳамдигар, ки дар қаламрави ду кишвар кор кардаанд, нафақа бидиҳанд. Ӯ афзуд, талабот барои ҳарду кишвар ин аст, ки шаҳрвандон собиқа ё пешинаи корӣ дошта, андози иҷтимоӣ дода бошанд.

Дар гузашта баъзе аз муҳоҷирони тоҷик гуфта буданд, ки солҳо дар Русия ба таври расмӣ кор карда, молиёт супурдаанд, вале ҳанӯз намедонанд, ки ба онҳо нафақа дода хоҳад шуд ё не. Вале дар ин миён онҳое низ ҳастанд, ки солҳо дар Русия кор кардаанд, вале ё фаъолияташон расмӣ набудааст ва ё андози иҷтимоӣ насупурдаанд.

Солона ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои дарёфти кору даромад ба Русия мераванд. Муҳоҷирон борҳо нигаронӣ кардаанд, ки солҳо дар Русия кор кардаанд ва дар вақти бознишаста шудан нафақаи онҳо дар ватан чӣ мешавад.

Шаҳри Хива пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом дар соли 2024 эълом шуд

Шаҳри Хива.

Ҷаласаи XI Созмони ҳамкориҳои исломӣ шаҳри Хиваи Узбекистонро "Пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом" эълом кард. Дар ин бора вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Узбекистон хабар дод.

Дар ин ҷаласа барои барқарории симои таърихии Хива, сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадор ва дигар меҳмонхонаву навгониҳо тасмим гирифта шудааст.

Дар доираи пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом эълом шудан дар Хива ҷаласаи вазирони сайёҳӣ ва роҳбарони муассисаҳои сайёҳии 57 кишвари узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ, конфронсҳои илмӣ, намоиши аксҳо ва дигар чорабиниҳо баргузор хоҳад шуд.

Барои соҳиби унвони "Пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом" шудан панҷ шаҳр: Абу-Дабӣ, Шанлиурфа (Туркия), Лагос (Нигерия), Душанбе (Тоҷикистон) ва Хива (Узбекистон) талош мекарданд.

Амрико як ширкати узбекистониро барои тиҷорат бо Русия таҳрим кард

Бинои Вазорати корҳои хориҷии Амрико.

ИМА ширкати "Promcomplektlogistic"-и узбекистониро шомили рӯйхати таҳримҳо кардааст. Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои хориҷии ИМА рӯзи 28--уми июн хабар дод.

Вазорати корҳои хориҷии ИМА мегӯяд, "Promcomplektlogistic" ба ширкати "Радиавтоматик"-и Русия барои давр задани таҳримҳо кӯмак ва микросхема фурӯхтааст.

Дар хабари Вазорати корҳои хориҷии ИМА омадааст, ки таҳрими ширкати узбекистонӣ ҳушдор ба ҳамаи ширкатҳои дигар дар саросари дунё аст. "Агар шумо бо шахсони ҳуқуқӣ ва ё воқеие тиҷорат мекунед, ки таҳти таҳримҳо қарор доранд, дониста бошед, шумо ҳам ба рӯйхати таҳримҳо ворид мешавед", - омадааст дар хабар.

Ҳамакнун ҳамаи дороиҳои ширкати "Promcomplektlogistic" дар ИМА ҳабс мешаванд ва ширкатҳои амрикоӣ бо "Promcomplektlogistic" тиҷорат намекунанд.

Ширкати "Promcomplektlogistic" соли 2018 сабт шуда, ба хидматрасонии заминӣ машғул аст.

Соҳиби ин ширкат, ки дар шаҳри Тошканд сабт шудааст, Олег Грабилин мебошад. Грабилин дар Русия чанд ширкати дигар доштааст.

Шикояти Украина: Русия ба ғайринизомиён ҳамла мекунад

Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо

Украина алайҳи Русия ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо шикоят бурда, Маскавро дар мудохилаи низомӣ ва ҳамлаҳои ҳадафмандона ба ғайринизомиён муттаҳам кардааст.

Дар баёнияи матбуотии додгоҳи Страсбург гуфтаанд, шикояти Киевро рӯзи 23-юми июн пазируфтанд ва шаби 28-уми июн ба додрасҳо супурданд. Ба иттилои манбаъ, ҷониби Русияро дар ин маврид огоҳ кардаанд.

Дар шикоятнома Русия ба нақзи оммавӣ ва ҷиддии ҳуқуқи башар дар ҷараёни амалиёти ҷангӣ дар қаламрави Украина муттаҳам мешавад. Ба иддаои Киев, сарбозони рус ҳазорон ғайринизомиро куштаву захмӣ карда, садҳо манзили маскуниро хароб намудаанд.

Ин дар ҳолест, ки президенти Русия Владимир Путин рӯзи 11-уми июн тарҳи қонунеро имзо кард, ки ба иҷро накардани қарорҳои Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо таъкид мекунад.

Раҳбари созмони ҳуқуқи башари “Агора” Кирилл Коротеев мегӯяд, ин лоиҳаи қонун хилофи Конвенсияи Аврупо оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон аст.

Бар асоси ин санад, Русия муваззаф аст ҳукмҳои ниҳоии Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупоро вобаста ба ҳар парвандае, ки тараф ба ҳисоб меравад, бечунучаро иҷро кунад.

Дар Қазоқистон бештар аз 100 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 сабт шуд

Дар як рӯзи охир дар Қазоқистон 110 мавриди нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Дар ин бора Вазорати ҳифзи тандурустии Қазоқистон рӯзи 29-уми июн хабар дод.

Аз 110 ҳолат 56 маврид дар шаҳри Алмато ва 29 ҳолати дигар дар шаҳри Нурсултон сабт шудааст. Ҳолатҳои боқимонда ба шаҳру ноҳияҳои дигари Қазоқистон рост меояд.

Ин дар ҳолест, ки бори охир дар Қазоқистон дар моҳи март бештар аз 100 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда буд

Дар маҷмуъ дар Қазоқистон 1 миллиону 306 ҳазор ҳолати гирифторӣ сабт гардидааст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG