Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ва Аврупо хостанд, қатли Ширин Абуоқила таҳқиқ шавад


Ширин Абуоқила
Ширин Абуоқила

Амрико ва Иттиҳоди Аврупо хостанд, қатли Ширин Абуоқила, хабарнигори шабакаи "Алҷазира", ҳангоми амалиёти низомии артиши Исроил дар шаҳри Ҷанин, шимоли Каронаи Бохтарии рӯди Урдун, мустақилона таҳқиқ шавад.

Ширин Абуоқила, хабарнигори 51-солаи фаластинӣ-амрикоӣ, рӯзи 11-уми майи имсол бар асари расидани тир ба сараш кушта шуд. Як рӯзноманигори фаластинии дигар, ки дар нашрияи "Ал-Қудс"-и Байтулмуқаддас кор мекунад, низ дар ин ҳодиса захм бардоштааст.

Линда Томас-Гринфилд, намояндаи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид, гуфт, "ин иқдом бояд ба таври шаффоф баррасӣ шавад. Иёлоти Муттаҳида ҳар ду тарафро ташвиқ мекунад, дар ин таҳқиқот иштирок кунанд, то сабаби қатли хабарнигор равшан шавад."

Иттиҳоди Аврупо низ дар баёнияе куштори Ширин Абуоқиларо маҳкум карда, хоҳони таҳқиқоти мустақил дар мавриди қатли ӯ шуд.

Дар баёния гуфта шудааст, ки тирандозӣ ба рӯзноманигорон ҳангоми адои вазифа "ғайри қобили қабул аст" ва онҳо бояд ҳамеша аз амнияту ҳифозат бархӯрдор бошанд.

Телевизиони "Алҷазира", қароргоҳаш дар Қатар, дар ин кор Исроилро гунаҳкор кард.

Артиши Исроил мегӯяд, нерӯҳояш ҳангоми амалиёт дар Ҷанин бо тирборони шадид дучор шуда, танҳо ба он посухи ҷавобӣ доданд. Низомиёни исроилӣ мегӯянд, "ҳодисаро таҳқиқ доранд ва эҳтимоли ҳамлаи мусаллаҳони фаластиниро ба рӯзноманигорон низ баррасӣ мекунанд."

Вазири корҳои хориҷии Исроил ҳодисаро "ғамангез" хонд ва гуфт, ташкилоти худгардони Фаластин пешниҳод кардааст, ки дар мавриди қатли хабарнигор таҳқиқоти муштарак анҷом диҳанд.

XS
SM
MD
LG