Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии боз як муштзани тоҷик дар аввалин сабқаташ дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон


Руҳафзо Ҳақназарова.
Руҳафзо Ҳақназарова.

Руҳафзо Ҳақназарова, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки дар шаҳри Истамбули Туркия ҷараён дорад, дар аввалин рақобати худ пирӯзӣ ба даст овард.

Ӯ рӯзи 12-уми май дар вазни то 50 кило ба рақибаш Айда Санталла аз Боливия пирӯз шуд. Руҳафзо дар даври дуюм бо варзишгари Колумбия Ингрит Лорена Викториа қувваозмоӣ хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, нахуст Шоира Зулқайнарова, муштзани маъруфи тоҷик, рӯзи 11-уми май дар рақобатҳо дар вазни то 63 кило дар даври муқаддамотӣ бар Нура Ал-Мутаирӣ аз Кувайт пирӯз шуда буд. Рақиби муштзани тоҷик дар даври баъдӣ Ҳадунг Ҷионг аз Кореяи Ҷанубӣ мебошад. Рақобати ҳарду рӯзи якшанбеи 15-уми май баргузор мешавад.

Вале дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ду варзишгари тоҷик - Сумайя Қосимова (-48 кг) ва Миҷгона Самадова (-57 кг) – ноком шуданд. Сумайя дар даври аввал аз Севда Асенова (Булғористон) мағлуб гашт. Миҷгона Самадова, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Йу Тинг-Линг (Тайпей) шикаст хӯрд.

Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни занон дар шаҳри Истамбули Туркия, ки 9-уми май бо ширкати 310 варзишгар аз 73 кишвар шуруъ шуд, то рӯзи 21-уми май идома меёбад.

Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқа 2,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн ба ҷуз аз медали тилло, 100 ҳазор доллар мегиранд. Ба барандагони медалҳои нуқра 50 ҳазор ва ба соҳибони медалҳои биринҷӣ 25 ҳазор долларӣ супурда хоҳад шуд.

Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон соли 2001 дар шаҳри Скрэнтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барпо гардида буд. Баъдан шаҳрҳои Анталия (Туркия), Подолск (Русия), Деҳлӣ (Ҳиндустон, ду маротиба), Нинбо (Чин), Бриҷтоун (Барбадос), Синҳуандао (Чин), Ҷеҷу (Кореяи Ҷанубӣ), Остона (Қазоқистон) ва Улан-Удэ (Русия) мизбони мусобиқаи ҷаҳонӣ буданд.

Зимнан, ягона медали Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон Мавзуна Чориева соли 2012 дар шаҳри Синҳуандаои Чин ба даст овардааст. Ӯ дар вазни то 60 кило медали биринҷӣ гирифтааст.

XS
SM
MD
LG