Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон 22 тазоҳургарро дастгир кардаанд


Шаҳри Иза
Шаҳри Иза

Мақомоти Эрон 22 нафар аз тазоҳургаронеро дастгир кардаанд, ки ба зидди болоравии қимати маводи ғизоӣ дар ду шаҳри ҷанубуғарбии кишвар эътироз доштанд.

Доир ба тазоҳурот дар дигар шаҳрҳои Эрон низ гузориш мерасад. Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон ҳамин ҳафта дар бораи чораҳои нави иқтисодӣ ва сарфаҷӯӣ аз ҷумла, коҳиши ёронаҳо ва афзоиши қимати маводи ғизоӣ ба мисли орд ва равған эълон дод.

Баъди ин дар чанде аз шаҳрҳои ҷанубуғарбии Хузистон мардум эътироз карданд, ки дар онҷо бино ба гузориши хабаргузории давлатии ИРНА ҳукумат як ҳафта дастрасӣ ба Интернетро қатъ кардааст. Видеоҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки дар шаҳрҳои Дезфул ва Моҳшаҳр мардум ба зидди Раисӣ ва Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ раҳбари олии Эрон шиор медиҳанд.

Бино ба баъзе аз гузоришҳо, неруҳои амниятӣ барои пароканда кардани тазоҳургарон аз гази ашковар истифода бурдаанд. Тазоҳургарон дар шаҳри Иза ба мағозаҳо ҳамла карда ва хостаанд, масҷидеро оташ зананд. Дар Эрон мардуми зиёде ба сабаби таҳримоти сахти иқтисодии Амрико ва мудирияти нодурусти иқтисод, зиндагиашонро ба сахтӣ мегузаронанд.

XS
SM
MD
LG