Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов 14-уми май дар аввалин бозиаш дар мусобиқаи қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, мунтахаби Қирғизистонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Голҳоро Масрур Ғафуров (аз пеналти) ва Шеравган Саидов ба самар расониданд.
Дар бозии дигари даври дуюми қаҳрамонии CAFA-2022 мунтахаби Узбекистон тими Афғонистонро бо ҳисоби бузурги 6:0 мағлуб кард.
Қаблан ду бозии даври аввали мусобиқа миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Узбекистон – Эрон бо ҳисоби 2:2 ва Афғонистон – Қирғизистон бо ҳисоби 1:1 хотима ёфта буд.
Дар мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2022 дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-солаи Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон ширкат доранд.
Футболбозони навраси тоҷик бозии навбатиашонро имрӯз, 16-уми май, бо тими Афғонистон баргузор мекунанд. Пеш аз ин бозӣ мунтахаби Узбекистон бо тими Қирғизистон рақобат мекунад.
Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) Зайниддин Раҳимов дар як нишасти хабарӣ гуфт, «мусобиқаи қаҳрамонии CAFA яке аз давраҳои муҳими омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки моҳи октябри имсол баргузор мешавад, ба ҳисоб меравад. Мо ба ҳар як бозӣ хуб омодагӣ мегирем ва мекӯшем, ки пирӯз шавем.»
Дар доираи қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола ҳамагӣ даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе то рӯзи 20-уми май идома хоҳанд кард.
Тибқи дастури мусобиқа, қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бештари ба дастоварда муайян карда мешавад.
Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола
Даври 1-ум
Узбекистон – Эрон – 2:2
Афғонистон – Қирғизистон – 1:1
Даври 2-юм
Қирғизистон – Тоҷикистон – 0:2
Голҳо: Масрур Ғафуров, 53 – аз пеналти (0:1). Шеравган Саидов, 70 (0:2).
14-уми май. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 2500 тамошобин.
Афғонистон – Узбекистон – 0:6
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т/Т |
И |
1 |
Узбекистон |
2 |
1 |
1 |
0 |
8-2 |
4 |
2 |
Тоҷикистон |
1 |
1 |
0 |
0 |
2-0 |
3 |
3 |
Эрон |
1 |
0 |
1 |
0 |
2-2 |
1 |
4 |
Қирғизистон |
2 |
0 |
1 |
1 |
1-3 |
1 |
5 |
Афғонистон |
2 |
0 |
1 |
1 |
1-7 |
1 |
Даври 3-юм
16-уми май (душанбе)
18:00 – Эрон – Қирғизистон
21:00 – Тоҷикистон – Афғонистон
Даври 4-ум
18-уми май (чоршанбе)
18:00 – Эрон – Афғонистон
21:00 – Узбекистон – Тоҷикистон
Даври 5-ум
20-уми май (ҷумъа)
18:00 – Қирғизистон – Узбекистон
21:00 – Тоҷикистон – Эрон
Озодӣ ба Далер!!!!! Озодӣ ба Абдулло!
Чаро газу бензин арзон намеша? Доллар фуромадку
ТЧК хдиш як колхоз
Барои чи менависед ки аз мушаки руссия чон додааст ? Вақте ки аниқ не аз кадом самт мушакборон шудааст.. Харков аз ҷониби нерӯҳои Русия мушакборон мешавад, вале дақиқан маълум нест, ки ин мушак аз кадом самт ба ин қаҳвахона афтодааст.
Башаріят к,імоб аст, то к,іе"мат аз товаріш !