Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор дастаи лигаи аввал ба 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон-2022 роҳ ёфт


Марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футбол бо иштироки дастаҳои лигаи аввал баргузор шуд. Аз рӯи натоиҷи бозиҳо чаҳор дастаи ғолиб - «Ҳосилот» (Фархор), «Моҳир» (Ёвон), «Ҳулбук» (Восеъ) ва «Кӯктош» (Рӯдакӣ) - ба 1/8 финал роҳ ёфтанд.

Бозиҳои марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2022 бо чунин натиҷаҳо хотима ёфтанд: «Ваҳдат» (Ваҳдат) «Ҳосилот» (Фархор) - 0:5, «Моҳир» (Ёвон) «Душанбе» (Душанбе) - 3:2, «Ҳулбук» (Восеъ) «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ) - 5:2, «Барқчӣ» (Ҳисор) «Кӯктош» (Рӯдакӣ) - 0:2.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии марҳилаи муқаддамотӣ миёни дастаҳои «Панҷшер» (Балхӣ) «Динамо» (Душанбе) дар рӯзҳои эҳтиётӣ баргузор мешавад. Зеро бозигарони “Динамо” дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) рӯзҳои 2-юм ва 4-уми июн дар Душанбе бо тими ҷавонони Имороти Муттаҳидаи Араб (U-20) бозиҳои дӯстона анҷом доданд.

Аз марҳилаи 1/8-ниҳоӣ дастаҳои лигаи олӣ ба мубориза барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон-2022 мепардозанд.

Бояд гуфт, ки ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2022 ба ҳаққи ширкат дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/2024 мушарраф мешавад. Дар сурати қаҳрамони Тоҷикистон ва барандаи Ҷоми миллӣ гаштани як бошгоҳ, дар Ҷоми AFC ҷоизадори биринҷии лигаи олии кишвар бозӣ хоҳад кард.

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон бори 30-юм баргузор шудааст. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷоми миллӣ гардидааст. Аз ҳама бештар – ҳашт бор - “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст.

“Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода шаш бор, “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд панҷ бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа (феълан «Хатлон»-и Бохтар) , “Варзоб”-и Душанбе, “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров ва “Равшан”-и Кӯлоб дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

Натиҷаҳои ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон (1992 – 2021):

1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0

1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:3

1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1

1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ 3:2

1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) 4:0

1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) 2:1

1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) 3:1

1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ 4:2

2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2

2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) 3:1

2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 3:0

2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) 3:1

2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0

2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 1:1. Аз рӯи пеналтӣ 3:1

2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1

2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима» (Душанбе) – 1:0

2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1

2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1

2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) 5:0

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ 5:6

2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ 6:5

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ - 4:2.

2020 «Равшан» (Кӯлоб) – «Хатлон» (Бохтар) – 1:0.

2021 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2

XS
SM
MD
LG