Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW мегӯяд, Толибон мардуми оддиро дар Панҷшер шиканҷа мекунанд. САДО


Толибонро ба азияту озори ғайринизомиён муттаҳам мекунанд.
Толибонро ба азияту озори ғайринизомиён муттаҳам мекунанд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, Толибони ҳоким дар Афғонистон мардуми оддиро барои ҳимоят аз гуруҳҳои мухолифашон дар Вилояти Панҷшер боздошту шиканҷа мекунанд.

Баъди бозгашти Толибон ба қудрат дар моҳи августи соли 2021 ва тарки неруҳои ба раҳбарии Амрико аз Афғонистон, гуруҳи Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ қавл дод, дар Панҷшер ба зидди Толибон муқовимат мекунад. Гуруҳи мазкурро Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд фармондеҳи машҳури тоҷик раҳбарӣ мекунад ва дар байни ҳазорон аъзои ӯ размандагони ҷангдида ва аз ҷумла баъзе аз фармондеҳони собиқи неруҳои амниятии Афғонистон ҳастанд.

Дар баёнияи Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) омадааст, аъзои Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ аз моҳи гузашта инҷониб ҳамлаҳо ба воҳидҳову посгоҳҳои Толибон дар Панҷшерро зиёд кардаанд ва дар посух Толибон ҳазорон аъзои ифротии худро ба инҷо фиристодаанд.

Дар баёния омадааст, ки Толибон маъракаи саркӯбу интиқомҷӯӣ аз мардумеро шуруъ кардаанд, ки ба тарафдорӣ аз Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ муттаҳам мешаванд.

"Ҷони мардуми дигар дар хатар"

Патрисиа Гроссман, мудири бахши Осиё дар Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфтааст: “Неруҳои Толибон дар Вилояти Панҷшер дар посух ба ҳамлаҳои Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ босуръат ба латукӯби ғайринизомиён пардохтаанд. Нокомии Толибон дар ҷазо додани масъулони табъиз дар сафҳояшон ҷони ғайринизомиёни бештарро дар хатар мегузорад.”

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:34 0:00
Линки мустақим

Дидбони Ҳуқуқи Башар, ки дар Ню Йорк қароргоҳ дорад, гуфтааст, иттило дар бораи авзои Панҷшерро аз як ҳомии ҳуқуқи инсон ва манбаи дигаре ба даст овардааст, ки доир ба боздоштҳо аз тарафи Толибон хабарҳои мустақим мегиранд. Бар асоси ин иттило Толибон аввали ҳамин моҳ 80 сокини ноҳияи Хенҷ дастгир ва латукӯб кардаанд, то доир ба Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ иттилоот ба даст биёранд.

Дар баёния омадааст:”Пас аз чанд рӯз Толибон 70 нафарро раҳо карданд, вале 10 нафареро нигаҳ доштаанд, ки хешовандонашон ба узвият дар Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ муттаҳам мешаванд.“ Созмон ин корро ҷазои дастаҷамъӣ номидааст, ки мухолифи қонунҳои башарӣ аст.

"Ҷиноятҳои ҷангӣ"

Дидбони Ҳуқуқи Башар бо такя ба боздоштшудаҳои собиқ гуфтааст, ки дар зиндони ноҳия тақрибан 100 нафаре ҳастанд, ки ба доштани иртибот ба Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ муттаҳам мешаванд. Фаришта Аббосӣ пажуҳишгари Дидбони Ҳуқуқи Башар рӯзи 10-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳое, ки дастгир шудаанд, ҳеч дастрасие ба аҳли хонавода ва ё вакили дифоъ надоранд:

“Касоне, ки боздошт шудаанд, мутаасифона ҳеҷ ҳаққи дастрасӣ ба ин надоранд, ки бо хонаводаҳояшон суҳбат кунанд ва ё ин ки вакили мудофе дошта бошанд ва ё додгоҳе бошад, ки барои адолат ба онҷо раванд ва ё системаи одилонаи расидагӣ ба ин қазияҳо бошад.”

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар як паёми савтӣ ба Радиои Озодӣ ин гуфтаҳоро “бепоя ва нодуруст” номид. Толибон дар Панҷшер таҳти фармондеҳии Мулло Муҳаммад Ёқуб вазири дифои Афғонистон ҳастанд, ки ба гуфтаи Дидбони Ҳуқуқи Башар рӯзи 21-уми май ҳушдор дод, намегузорад, касе авзоъ дар вилоятро “халалдор кунад”.

Созмони ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, пас аз бозгашт ба қудрат дар Афғонистон Толибон дар бисёре аз гӯшаҳои кишвар “маъракаи террор”-ро раҳ андохтаанд. Дар баёния омадааст: “Дар ҷараёни амалиётҳои ҷустуҷуӣ дар дигар вилоятҳо неруҳои Толибон размандагон ва дигар боздоштшудагонро худсарона куштаанд ва ё одамрабоӣ кардаанд, ки ҷиноятҳои ҷангӣ аст.”

Дар баёния омадааст, “Қонунҳои байналмилалии башарӣ, ё қонунҳои ҷанг, ки дар муноқишаи Афғонистон ҳам қобили иҷро аст, тамоми тарафҳои даргирро уҳдадор мекунад, ки бо ҳар як боздоштшуда рафтори инсонӣ дошта бошанд. Муҷозоти дастаҷамъона, ҷазои афрод барои амалкардҳои эҳтимолии дигарон помоли қонунҳои ҷанг ва ҷинояти ҷангӣ аст. “

XS
SM
MD
LG