Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 тими миллии Сингапурро шикаст дод


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии дувумаш дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F” ба тими миллии Сингапур бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Ин бозӣ рӯзи шанбе, 11-уми июн, дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон, дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов доир гардид.

Бозӣ миёни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Сингапур пуршиддату шавқовар сурат гирифт. Ҳарду даста чандин вазъияти хуби голзаниро ба вуҷуд оварданд. Яке аз онҳо бо гол анҷомид. Голи ягонаро Шервонӣ Мабатшоев дар ибтидои нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 53-юм, ба самар расонид.

Дар бозии дигари даври дувуми гурӯҳи «F”дастаи мизбон – Қирғизистон – мунтахаби Мянмарро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Ин бозӣ шаби 11-уми июн дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов баргузор шуд. Ҳарду голро Виктор Майер дар нимаи аввали дидор ба ҳадаф расонд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар Бишкек тими миллии Мянмарро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод, ҳоло бо шаш имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “F” пешсаф аст.

Мунтахаби Қирғизистон, ки дар даври аввал дастаи Сингапурро бо ҳисоби 2-1 мағлуб кард, низ шаш имтиёз дорад ва бо назардошти таносуби тӯбҳо мақоми дувумро касб кардааст.Дастаҳои Сингапур ва Мянмар бидуни имтиёз мутаносибан дар ҷойҳои севуму чаҳорум қарор доранд.

Ба гуфтаи мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт, сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон, вазифаи даста ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳхат гирифтан аст. Зимнан, мунтахаби Тоҷикистон дар байни тимҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ягона дастаест, ки дар таърихи худ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ наёфтааст.

Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 11 даста –шаш ғолиби гурӯҳҳо ва панҷ дастае, ки бонатиҷаҳои хубтар дар ҷойҳои дувум қарор мегиранд, роҳ пайдо мекунанд.

Баъди пирӯзии дувум имкони роҳ ёфтани мунтахаби Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бештар шуд. Ҳамакнун рӯзи сешанбе, 14-уми июн, мунтахаби Тоҷикистон дар бозии охирин ва ҳалкунандаи гурӯҳи «F” бо дастаи мизбон – Қирғизистон – рақобат хоҳад кард.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023

Гурӯҳи «F»

Даври 1-ум

Тоҷикистон – Мянмар – 4:0

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 9 (1:0), МанучеҳрҶалилов, 55 – аз пеналти (2:0), ШервонӣМабатшоев, 57 (3:0), Эҳсони Панҷшанбе, 84 (4:0)

Беҳтарин бозигари дидор: Эҳсони Панҷшанбе (Тоҷикистон).

8-уми июн. Бишкек. Варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов. 50 тамошобин.

Қирғизистон – Сингапур – 2:1

Голҳо: Сон Уй-Янг, 55 (0:1). Валерий Кичин, 77 – аз пеналти (1:1). Виктор Майер, 80 (2:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Виктор Майер (Қирғизистон).

8-уми июн. Бишкек. Варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов. 7322 тамошобин.

Даври 2-юм

11-уми июн (шанбе)

Сингапур – Тоҷикистон – 0:1

Гол: Шервонӣ Мабатшоев, 53 (0:1)

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ҳанонов, Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (Далер Имомназаров, 83), ШервонӣМабатшоев (Алиҷон Кароматуллозода, 88), Эҳсони Панҷшанбе (Сиёвуш Асроров, 90+4), Парвизҷон Умарбоев (Нуриддин Ҳамроқулов, 83), Манучеҳр Ҷалилов.

Мянмар – Қирғизистон – 0:2

Голҳо: Виктор Майер, 25 (0:1), Виктор Майер, 45+1 (0:2),

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “F”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Тоҷикистон

2

2

0

0

5-0

6

2

Қирғизистон

2

2

0

0

4-1

6

3

Сингапур

2

0

0

2

1-3

0

4

Мянмар

2

0

0

2

0-6

0

Бозиҳои боқимонда:

Даври 3-юм

14-уми июн (сешанбе)

15:30 – Мянмар – Сингапур

20:00 – Қирғизистон – Тоҷикистон

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – бо вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG