Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Бародари президенти собиқро ба "ғасби моликият" муттаҳам карданд

Болат Назарбоев
Болат Назарбоев

Оҷонси назорати молии Қазоқистон мегӯяд, як соҳикбори маҳаллӣ ба ин ниҳод шикоят кардааст, ки Болат Назарбоев, бародари президенти пешини он кишвар Нурсултон Назарбоев, ширкати ӯ - "Karuan"-ро "ғасби рейдерӣ" кардааст.

Дар оҷонс гуфтанд, шикояти соҳибкор Какенов Н., ки 17-уми июн қабул шуд, мавриди таҳқиқ қарор гирифта, натиҷааш эълом хоҳад гашт.

Пештар расонаҳо хабар дода буданд, ки зидди Болат Назарбоев ва ҳамсари пешинаш Майра Курмангалиева бо гумони "ғасби рейдерӣ" парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.

Дар бораи шахсияти бародари раисҷумҳури собиқи Қазоқистон сару садо зиёд аст. Мардум хеле барвақт мегуфтанд, ки Болат Назарбоеви 68-сола бозорҳои бузурги хӯрокворӣ, либос ва ҳатто мошинро дар шаҳри Алмаато ва атрофи он зери назорат дошт.

Аммо ба назар мерасад, ки дороиҳои бародари Назарбоев дар Қазоқистон танҳо бо бозорҳову марказҳои савдо маҳдуд намешуд. Насаби ӯ дар рӯйхати соҳибон ва мансабдорони ширкатҳои давлатӣ, ҳадди ақал дар ҳуҷҷатҳои Биржаи фондии Қазоқистон, пайдо шудааст.

Болат Назарбоев соли 2000 узви шӯрои мудирони ширкати “Казахмис” шуд. Ин корхонаи бузургтарини истеҳсоли мисро дар Қазоқистон расман ба Владимир Ким мутааллиқ медонанд (Forbes сарвати ӯро 4,6 миллиард доллар арзёбӣ кардааст), вале мухолифин ба Болат Назарбоев пайванд медиҳанд. Дар як пажӯҳиши Маркази таҳқиқоти ҷиноятҳои созмонёфта ва фасод (OCCRP), Владимир Ким "шахси боварноки Назарбоев" номида шудааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Кушта шудани боз як фармондеҳи баландпояи Сипоҳи посдорон

Алиризо Тангсирӣ
Алиризо Тангсирӣ

Фармондеҳии марказии Амрико тасдиқ кард, ки Алиризо Тангсирӣ, фармондеҳи Нерӯи дарёии Сипоҳи посдорон дар ҳамлаи ҳавоии Исроил кушта шудааст.

Фармондеҳӣ дар шабакаи иҷтимоии X (Твиттер) навишт, кушта шудани Тангсирӣ "минтақаро оромтар мекунад".

Дар ин баёния омадааст, Сипоҳи посдорон баъди аз даст додани роҳбари деринаи худ "дар роҳи баргаштнопазир қарор гирифтааст".

Дар бораи кушта шудани ин фармондеҳи Сипоҳи посдорон нахуст Исроил хабар дода буд.

Мақомоти эронӣ то ҳол кушта шудани Тангсириро тасдиқ ё инкор накардаанд.

Вазорати хазонадории Амрико соли 2019 Алиризо Тангсириро таҳрим карда буд.

Фармондеҳии марказии Амрико таъкид кардааст, ки ҳамлаҳои низомии Иёлоти Муттаҳида алайҳи нерӯи дарёии Сипоҳи посдорон идома хоҳад кард.

Дар ҷараёни ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон дар як моҳи охир чандин мақоми баландпояи Ҷумҳурии Исломӣ, аз ҷумла роҳбари олии он кишвар Алии Хоманаӣ ва фармондеҳи Сипоҳ кушта шуданд.

Бӯҳрон дар Ховари Миёна ва таъсири он ба рушди иқтисоди кишварҳои Осиё

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Бонки Осиёии Рушд пешбинӣ кардааст, ки даргирӣ дар Ховари Миёна боиси суст гаштани суръати рушди иқтисоди кишварҳои Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором хоҳад шуд.

Ин бонк 26-уми март дар хабарномае навишт, бо сар задани низоъ дар Ховари Миёна, суръати рушди иқтисоди кишварҳои Осиё ва минтақаи Уқёнуси Ором дар солҳои 2026-2027 метавонад то 1,3 дарсад коҳиш шавад.

Ҳамчунин тибқи ин пешбинӣ, агар мушкили интиқоли сӯзишворӣ аз як сол зиёд давом кунад, нархҳо 3,2 дарсад боло мераванд.

"Низоъ ба иқтисоди кишварҳои Осиё ва минтақаи Уқёнуси Ором фишор меорад ва ин ҳолат боиси болоравии нархи маводи сӯхт, халалдор шудани занҷираҳои таъминот ва савдо, инчунин сахт шудани шароити молӣ мегардад. Ҳамчунин соҳаҳои сайёҳӣ ва интиқоли пул метавонанд аз ин ҳолат зарар бинанд",-омадааст дар гузориши Бонки Осиёии Рушд.

Ин ниҳоди молии минтақаӣ се сенарияи хатарро пешбинӣ карда, гуфтааст, дар ҳолати кӯтоҳ будани даргириҳо, фишор ба бозори маводи сӯхт низ камтар хоҳад шуд.

Дар пайи ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон, мақомоти эронӣ тақрибан танга ё гулӯгоҳи Ҳурмузро бастанд. Бастани ин оброҳа, ки масири гузаштани тақрибан 20 дарсад аз нафти дунё аст, боиси боло рафтани нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ шуд.

Бонки Осиёии Рушд се сенарияро барои нархи нафт пешбинӣ кардааст, ки дар вазъияти бадтарин нархи ҳар барел ё бушкаи нафт метавонад то 155 доллар зиёд шавад.

Тоҷикистону Узбекистон додугирифтро то $2 млрд расондан мехоҳанд

Тоҷикистону Узбекистон мехоҳанд, ки дар чор соли оянда додугирифтро ба ду миллиард доллар расонанд.

Ин тарҳ рӯзи 26-уми март дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Узбекистон имзо шуд. Феълан додугирифти Душанбеву Тошканд ҳудуди як миллиард долларро ташкил медиҳад.

Ба иттилои "Ховар", хабаргузории давлатии Тоҷикистон, "барномаи то 2 миллиард доллар" расондани гардиши мол то соли 2030 дар назар аст. Ҷузъиёти бештари ин барнома ва роҳҳои афзун кардани додугирифти Тоҷикистон ва Узбекистон феълан маълум нест.

Дар хабарномаи дафтари матбуоти президенти Узбекистон омадааст, ҳоло дар ин кишвар зиёда аз 500 ширкати муштарак бо Тоҷикистон кор мекунанд.

Моҳи январи имсол Оҷонси омори Узбекистон эълон карда буд, ки дар ин кишвар 410 корхона бо сармояи соҳибкорони тоҷикистонӣ кор мекунанд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар ҷараёни сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистон миёни Душанбе ва Тошканд чанд санади ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун имзо шудааст.

Равобити Тоҷикистону Узбекистон, ки дар гузашта ба далели баҳси роҳу обу нерӯгоҳ ба сардӣ печида буд, баъд аз марги Ислом Каримов ва ба қудрат омадани Шавкат Мирзиёев беҳтар шуд.

Ҳар ду кишвари Осиёи Марказӣ пайваста аз сӯйи созмону кишварҳои ғарбӣ барои поймоли озодиҳои бунёдии сокинон танқид мешаванд.

Боздошти як афсари амрикоӣ бо "миёнравӣ"-и муҳоҷири тоҷик

Афсари амрикоӣ аз тоҷике "пора" гирифту ба даст афтод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:23 0:00

Додситонии кулли Амрико аз боздошти як афсари пешини Оҷонси муҳоҷират дар шаҳри Вудлини аёлати Пенсилвания хабар дод. Умар Дукулии 44-сола ба ришвагирӣ гумонзад аст.

Ба гузориши баъзе аз расонаҳои Амрико, Дукули хабар надошт, ки марди ба ном "террорист" як хабаррасони пинҳонии муфаттишон буда, ҷараёни порадиҳиро сабт мекард. Ӯ як шаҳрванди Тоҷикистон будааст, аммо дар борааш маълумот нест.

Бино ба изҳороти Вазорати адлияи Амрико аз 25-уми март, додситон Дэвид Меткалф гуфтааст, Умар Дукули аз соли 2015 то замони ҳабс (июни 2025) бо истифода аз мақомаш аз шахсони алоҳида ришва гирифта, ба онҳо дар ҳалли мушкилоти муҳоҷираташон ваъдаҳо додааст.

Ба иттилои манбаъ, Дукули 4-уми апрели соли 2025 аз як марде 6 ҳазор доллар гирифта, ба ӯ ваъда додааст, ки номашро аз рӯйхати “шахсони гумонбар ба терроризм” пок мекунад.

Қарор аст, ҳукми додгоҳ 14-уми июл содир шавад ва ба Умар Дукули то 15 сол ҳабс таҳдид мекунад.

Амрико макони кору зиндагии ҳазорҳо нафар аз Тоҷикистон ҳаст ва дар миёни онҳо муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳам кам нестанд.

Баъди ба қудрат баргаштани Доналд Трамп дар саросари Амрико муборизаи шадиди зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба роҳ монда шуд ва дар давоми як соли гузашта даҳҳо тоҷикистонӣ ҳам аз ин кишвар ихроҷ шуданд.

Путин бурдани пули нақд ва тилоро ба чанд кишвар маҳдуд кард

Президенти Русия Владимир Путин қарореро қабул кард, ки бар асоси он баровардани пули нақд ва тило ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё манъ аст.

Сар аз якуми апрел шахсони воқеӣ иҷоза нахоҳанд дошт, ки аз Русия ба Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон дар ҳаҷми баробар бо 100 ҳазор доллар рубл баранд.

Танҳо мавридҳое истисно хоҳанд буд, ки интиқоли маблағ тавассути нуқтаҳои гумрукии фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва бо пешниҳоди маълумотнома аз бонк сурат мегирад.

Ҳамчунин аз 1-уми май барои берун бурдани тило дар шакли унс ва дар ҳаҷми беш аз 100 грамм ҳам маҳдудият ҷорӣ мешавад. Барои баровардани он иҷозатномаи махсус лозим хоҳад шуд.

Ин маҳдудият ба ҳама, чӣ шахсони воқеӣ ва чӣ соҳибкорон рабт дорад. Мақомот мегӯянд, “сабаб ҳифзи амният ва манофеи миллӣ аст.”

"Ҷасадҳоро баъди ду рӯз ёфтанд." Марги 4 узви як оила дар Муъминобод

Кароматулло Мирзоев ва ҳамсару ду фарзандашро 25-уми март дафн карданд
Кароматулло Мирзоев ва ҳамсару ду фарзандашро 25-уми март дафн карданд

Чор узви як оила дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон аз дуд заҳролуд шуда, ҷон бохтаанд.

Ҳодиса шаби 22-юми март рух дода, ҳамсояҳо танҳо баъди ду рӯз хабардор шудаанд.

Ду манбаи Радиои Озодӣ дар Шуъбаи корҳои дохилии Муъминобод гуфтанд, ки Кароматулло Мирзоев 33 сол дошт. Ҳамсараш Гулафзо Азизова 28-сола ва ду фарзандаш 5 ва 6-сола буданд.

Мусоҳибони мо бо шарти фош нашудани ном гуфтанд, ҳодиса аз бухории барқӣ сар задааст. Як манбаъ дар Идораи оташнишонии Хатлон низ гуфта буд, ки дар манзили Кароматулло Мирзоев "сими барқ сӯхтааст".

"Бухориро дар барқ монда, хоб рафтаанд. Болопӯш ба бухорӣ часпида, аз дуди ғализи он аъзои хонавода ба ҳалокат расиданд. Оташ аланга намегирад, аммо дуд хонаро фаро мегирад,” -- гуфт яке аз манбаъҳо.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, ҳамсояҳо баъд аз ду рӯз аз ҳодиса дарак ёфтаанд: “Онҳо барои табрики ид ба хонаи Кароматулло рафта, аз ҳодиса хабардор мешаванд. Дар як хона ҷасадҳо хобида, дар хонаи дигар дасторхони идона ороста будааст."

Санҷиши тиббӣ ҳам маълум кардааст, ки ин хонавода "ҳангоми хоб будан аз дуди ғализи ашё, ба мисли кӯрпаву қолин, ба ҳалокат расидаанд".

Ҷасади чор нафарро рӯзи 25-уми март дар зодгоҳашон дафн карданд.

Яке аз ҳамдеҳаҳои Кароматулло Мирзоев ба Радиои Озодӣ гуфт, вай ятими кул буд ва ба наздикӣ хона сохт.

Соли гузашта марги чанд сокини Тоҷикистон, аз ҷумла ду наврас дар ноҳияи Восеъ ва як зану шавҳари ҷавон дар ноҳияи Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуд расонаӣ гашта буд.

Боздошти ду духтари ноболиғ бо гумони ҳамла ба ронанда

Пулиси шаҳри Душанбе ду духтари 15-соларо бо иттиҳоми ҳамла ба як ронандаи таксӣ ва ҳамчунин истифодаи маводи мухаддири навъи "метамфетамин" ё кристал дастгир кардааст.

Ба таври мустақилона тасдиқ кардани ин маълумот мушкил аст. Навори ҷанҷоли ин духтарон бо ронандаи таксӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд ва вокунишҳои зиёдро ба миён овард.

Раёсати корҳои дохилии Душанбе 25-уми март дар хабарномае навишт, онҳо 23-юми март телефони ронандаи таксӣ Маҳмадёр Отаевро рабуда, гӯшашро газидаву ба ӯ осеб расондаанд.

Ба хотири ноболиғ буданашон исми ин духтаронро пахш намекунем. Назари онҳо ва наздиконашон ба иттиҳом маълум нест. Талошҳои мо барои ёфтани волидони духтарони наврас то ин дам бенатиҷа буд. Дар Раёсати корҳои дохилии Душанбе гуфтанд, тафтиши қазия идома дорад.

Расонаҳо: Эрон пешниҳоди Амрикоро барои хатми ҷанг қабул накард

Як расонаи давлатии Эрон гузориш додааст, ки Ҷумҳурии исломӣ ба пешниҳоди Амрико барои поён додан ба ҷанг посухи манфӣ додааст.

Парс тудей, шабакаи инглисзабони Садо ва симо рӯзи 25-уми март аз қавли як “мақоми аршади сиёсӣ-амниятӣ” навишт, “Эрон замоне ба ҷанг поён хоҳад дод, ки хостаҳояш бароварда шавад”.

Чанд дақиқа пас аз нашри ин хабар, як мақоми аршади эронӣ ба хабаргузории Ройтерз гуфт, ки посухи аввалии Эрон ба пешниҳоди Амрико барои поён додан ба ҷанг “мусбат” набуд, аммо Теҳрон ҳамчунон дар ҳоли баррасии он аст.

Ба гуфтаи ин мақомдорӣ эронӣ, Теҳрон посухашро ба Покистон фиристодааст то аз ин тариқ ба Амрико фиристода шавад. Парс тудей, расонаи давлатии Эрон навиштааст, ин кишвар барои хатми ҷанг панҷ шартро пешниҳод кардааст, ки онҳо “қатъи таҷовуз ва террор, кафолати онки ҷанг дубора оғоз намешавад, пардохти хисорот, поёни ҷанг дар ҳамаи минтақа, эътирофи назорати комили Эрон бар тангаи Ҳурмуз ва ваъдаи иҷро шудани ваъдаҳои тарафи дигар”.

Пештар рӯзномаи "Ню-Йорк Таймз" хабар дод, ки Амрико як тарҳи иборат аз 15 бандро барои поён додан ба ҷанг ба Эрон ироа кардааст. Бар асоси ин гузориш, ду манбаъ ба "Ню-Йорк Таймз" гуфтаанд, ки Амрико хоҳони таътил шудани таъсисоти Натанз, Форду ва маркази фанновариҳои уранюми Исфаҳон аст. Ин тарҳ ба барномаҳои мушаки баллистикӣ ва масирҳои баҳриро низ мавриди баҳс қарор медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистон меравад

Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон
Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо сафари давлатӣ ба Узбекистон меравад.

Вазорати корҳои хориҷӣ гуфт, ин сафар рӯзҳои 26-27-уми март анҷом хоҳад гирифт.

Ба иттилои манбаъ, дар сафар “маҷмӯи масъалаҳои таҳким ва густариши муносибатҳои ду кишвар баррасӣ мегардад”. Дар хабарномаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бе овардани ҷузъиёти бештар танҳо навишта шудааст, ки имзои чанд санад дар назар ҳаст.

Тошканду Душанбе солҳои зиёд, дар замони ҳукумати Ислом Каримов, раисҷумҳури собиқи Узбекистон, бар сари истифодаи обу сохтмони нерӯгоҳ тақрибан дар ҳолати ҷанги сард қарор доштанд.

Пас аз ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 ин равобит ба гармӣ гароид. Раводид миёни ду кишвар бекор ва додугирифт зиёд шуд. Феълан Узбекистон яке аз панҷ шарики иқтисодии Тоҷикистон аст.

Поинравии нархи тило бозори ҷавоҳиротро дар Ҳинд гарм кард

Афтидани нархи тило бозори ҷавоҳиротро гарм кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:14 0:00

Нархи тилову нуқра, ки дар Тоҷикистон ҳам талабгорони зиёд дорад, рӯзҳои охир дар ҷаҳон пойин омадааст. Ҳоло дар Тоҷикистон расман истироҳат асту вазъи дӯконҳои тилофурӯшӣ ва баҳои расмии тило дар вебсайти Бонки Миллӣ маълум нест. Вале фурӯшгоҳҳои маснуоти заргарӣ дар Ҳиндустон рӯзи 23-юми март шоҳиди муштарии зиёд буданд.

Мардуми муштоқи ин филизи гаронбаҳо дар Ҳиндустон гуфтанд, бо истифода аз фурсат ангуштарӣ ва дастпонаву гӯшвор ё гарданбанди тило мехаранд, то дар оянда аз он истифода кунанд. Чи барои зебу зиннат ва чи барои фурӯхтану фоида гирифтан.

"Ин вазъ барои мо хуб аст, чун кумак мекунад, ки миқдоре тило харем. Пештар нархи он ҳатто то 1,7 лак рупия ё 1823 доллар расида буд. Он замон харидани тило барои мо воқеан фоида надошт. Ҳоло мардум умед доранд, ки метавонанд барои истифода дар оянда каме тило бихаранд," – гуфт яке аз муштариён.

Аз шурӯи даргирӣ дар Ховари Миёна арзиши тило қариб 22 дарсад коҳиш ёфт. Дар муқоиса ба нархи рекордии он ки ҳар унсаш дар охири моҳи январи имсол ба тақрибан 5 ҳазору 600 доллар расида буд, ҳудуди 25 дарсад поин омадааст.

Ашвини Ҷавдекар дар Ҳиндустон ин вазъро имконияте барои сармоягузорӣ медонад: "Бале, нарх бисёр поин омад... ҳам нархи тило ва ҳам нархи нуқра. Бинобар ин, эҳсос мекунем, ки бояд ҳарчи зуд сармоягузорӣ кунем. Ин фурсати хуб аст, зеро агар нарх дар оянда боз боло равад, дигар чунин имкон нахоҳем дошт."

Як таҳлилгар ба хабаргузории “Рейтерс” гуфтааст, идомаи низоъ дар Ховари Миёна ва пойин наомадани нархи баҳра (фоиз) ҷаззобияти тилоро камтар кард.

Вирен Чокси гуфт, “қарор буд, ки Бонки Марказии Амрико нархи баҳра ё фоизро кам кунад ва бар асоси он интизор мерафт, тило то ҳадде ҳимоят шавад. Аммо Иёлоти Муттаҳида нархи баҳраро коҳиш надод... Ҳамин боис гашт, ки арзиши тило боло наравад, балки пойин биояд."

Арзиши нуқра ҳам зиёда аз шаш дарсад поин рафтааст.

Шояд ин вазъ барои иддае хушоянд нест, аммо харидорони сершумор дар Ҳиндустон онро фурсати бисёр муносиб ҳам барои зеб додани дасту гардану гӯш ва ҳам сармоягузорӣ барои оянда медонанд.

Арманистон Асомуддин Раҷабовро ба Тоҷикистон таслим накардааст

Асомуддин Раҷабов
Асомуддин Раҷабов

Мақомоти Арманистон шаҳрванди 46-солаи Тоҷикистон Асомуддин Раҷабовро, ки бо дархости Душанбе дар марзи ин кишвар дастгир шуда буд, раҳо кардаанд. Вай аз Гурҷистон меомад.

Асомуддин Раҷабов 25-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло ният дорад бо ёрии созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ба кишвари севум биравад. Дар Арманистон ба ӯ гуфтаанд, ки дар Тоҷикистон ба “тундгароӣ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ” муттаҳам аст.

“Ду рӯз пеш маро боздошт карда, гуфтанд, ба тундгароӣ гумонбар ҳастӣ ва дар пайгард қарор дорӣ. Ҳеч умед надоштам, ки озод мекунанд. Дар боздоштгоҳ муомилаи хуб доштанд. Дертар гуфтанд, озод ҳастӣ ва ҳар куҷое мехоҳӣ, зиндагӣ кун,” – гуфт Раҷабов.

Ҷустуҷӯйи Радиои Озодӣ нишон дод, ки Асомуддин Раҷабов дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо имзои мустаор матлабҳои танқидӣ нашр кардааст.

Вай аз 2009 то 2012 дар дастаи зудамали таъйиноти махсус ё ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хидмат карда, сипас ба Русия ва аз онҷо ба Туркия ва Гурҷистон рафтааст.

Сабаби аз мақомоти интизомии Тоҷикистон канор рафтан ва ба нашри матлабҳои танқидӣ шуруъ кардани Асомуддин Раҷабов маълум нест.

Дар як соли охир дастикам панҷ шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Арманистон боздошт ва то кунун се нафари онҳо раҳо карда шудаанд.

Сӯхтор дар фурудгоҳи Кувайт пас аз ҳамлаи паҳподӣ

Фурудгоҳи байнулмилалии Кувайт пас аз ҳамлаи паҳбодӣ
Фурудгоҳи байнулмилалии Кувайт пас аз ҳамлаи паҳбодӣ

Мақомоти Кувайт эълон карданд, ки бар асари бархӯрди як паҳпод ба анбори сӯхт дар Фурудгоҳи байнулмилалии ин кишвар сӯхтор сар зада, аммо талафоти ҷонӣ надоштааст.

Ба гузориши хабаргузории "Франс Пресс", Идораи умумии ҳавопаймоии Кувайт эълон кард, "зарар маҳдуд буда", нерӯҳои имдодрасон фавран барои хомӯш кардани оташ вориди амал шуданд.

Ин зарбаи севум ба фурудгоҳи Кувайт аз оғози ҳамлаҳои Исроилу Амрико ба Эрон ва посухҳои Ҷумҳурии Исломӣ ба кишварҳои атроф аст. Пештар низ ҳамлаҳое ба анбори сӯхт ва сомонаи радарии ин фурудгоҳ гузориш шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, фаъолияти ин фурудгоҳ аз оғози даргириҳо қатъ шуда, парвозҳо ба фурудгоҳҳои Арабистони Саудӣ, аз ҷумла Дамом анҷом мешаванд.

Мақомҳои кувайтӣ ҳамчунин эълон карданд дар мавҷи нави ҳамлаҳо, 13 паҳпод ва шаш мушак раҳгирӣ шуд ва бонги хатар зиёда аз 10 бор дар тӯли шаб садо дод.

Раҳимзода хост, аз "ифротӣ" шудани муҳоҷирон пешгирӣ кунанд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз роҳбарони диаспораҳои тоҷикон дар хориҷи кишвар, бавижа дар Русия дархост кардааст, ки аз гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав пешгирӣ кунанд.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, дидори вазир бо роҳбарони диаспораҳо 19-уми март дар Душанбе баргузор шуд.

Ба иттилои манбаъ, Рамазон Раҳимзода ба роҳбарони диаспораҳои тоҷикон гуфтааст, сиёсати ҳукумати Тоҷикистонро дар миёни муҳоҷирон "дуруст фаҳмонанд".

Дар вохӯрии вазири корҳои дохилӣ бо намояндагони диаспораҳо хабарнигорони мустақил ширкат надоштанд ва барои ҳамин рӯшан нест, ки дар ин нишаст вазъи муҳоҷирон баррасӣ шудааст ё не.

Ин дар ҳолест, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия борҳо аз бетаваҷҷуҳии ҳукумат ба вазъи онҳо шикоят карда буданд.

Ҳар сол ҳудуди як миллион тоҷикистонӣ барои кор ба хориҷ махсусан ба Русия мераванд.

Ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад 25%-и мансабҳоро ба занон диҳад

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад ҳузури занонро дар корҳои давлатӣ бештар кунад.

Дар як барномаи ҳукуматӣ, ки Радиои Озодӣ нусхаашро 25-уми март дид, омадааст, феълан фақат 19 дарсади роҳбарони мақомот занон ҳастанд, ки нокофӣ мебошад.

Бар пояи ин санад, то соли 2030 бояд 25 дарсади вазифаҳои роҳбарӣ дар идораҳои давлатӣ ба занон ихтисос дода шавад. Дар барнома гуфта нашудааст, ки мақомот аз кадом роҳ мехоҳанд ин корро иҷро кунанд.

Ба гуфтаи мақомот, давоми чор соли оянда ҳиссаи занон дар корҳои давлатӣ аз 25 дарсади ҳозира бояд ба 30 дарсад зиёд карда шавад.

Тасмими ҳукумат барои бештар ҷалб кардани занон ба корҳои давлатӣ дар ҳолест, ки пештар мақомот пешниҳоди вакилонро дар ин бора рад карда буданд.

Соли 2019 як гурӯҳ аз вакилони порлумон ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод карда буданд, ки ҳангоми ислоҳи қонун дар бораи хидмати давлатӣ то 40 дарсади мансабҳои давлатӣ ба занон дода шавад.

Намояндагони ҳукумат бо радди ин пешниҳод гуфта буданд, ки масъалаи қабули занон ба кор дар идораҳои давлатӣ дар қонунҳои дигар ҳал шудааст.

Феълан аз 21 узви ҳукумат чанд вазир, аз ҷумла, вазири меҳнат ва вазири фарҳанг занон ҳастанд.

Рӯи фарши сарду холӣ. Азоби мусофирон дар як фурудгоҳи Русия

Фурудгоҳи "Пулково". Ин акс аз 23-юми августи соли 2023
Фурудгоҳи "Пулково". Ин акс аз 23-юми августи соли 2023

Мусофирони фурудгоҳи “Пулково” дар шаҳри Санкт-Петербург рӯзҳои 22 ва 23-юми март маҷбур шудаанд, ки дар рӯйи фарши сарду холӣ бихобанд. Дар ду рӯз беш аз 100 парвози ҳавопаймо дар ин фурудгоҳи Русия боздошта шуд.

Мақомот гуфтанд, сабаби таъхир дар парвозҳо таҳдиди паҳпод ё ҳавопаймоҳои бесарнишини украинӣ ба фурудгоҳ будааст.

Александр Дрозденко, волии Ленинград, гуфт, низоми дифои ҳавоӣ ва воҳидҳои муборизаи радиоэлектронӣ беш аз 70 дронро нобуд карданд. Дар бораи талафоти эҳтимолӣ хабаре нашр нашудааст.

Дрозденко гуфт, дар шаҳри соҳилии Приморск баъди ба зарфи сӯзишворӣ расидани паҳподе оташнишонҳо дар ҷои ҳодиса кор мекунанд. Дар ноҳияи Виборги вилояти Ленинград як сутуни барқ осеб дидааст.

Приморск ва Уст-Луга дар соҳили баҳри Балтика ҷойгир буда, нуқтаи муҳими содироти маводи сӯхт дониста мешаванд. Рӯзи яшканбе дар паи ҳамлаи паҳподҳо содироти нафти хом ва дигар сӯзишворӣ аз ин ҷо боздошта шуд.

Навор дар инҷост:

Шабгузаронӣ рӯйи бетони фурудгоҳи "Пулково"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:26 0:00

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG