Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасмими Узбекистон баҳсҳоро дар Қароқалпоқистон ба бор овард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Тарҳи ислоҳҳо ба Конститутсияи Узбекистон, ки рӯзи 26-уми июн ба муҳокимаи умум гузошта шуд, миёни сокинони Қароқалпоқистон баҳсҳоеро ба вуҷуд овардааст.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоиро дар Қароқалпоқистон тасмими берун кардани мафҳуми “истиқлол”-и ин ҷумҳурии мухтор аз Конститутсияи Узбекистон нигарон кардааст.

Ба як саҳифаи Telegram, ки таҳти номи "Конститутсия Қароқалпоқистон" рӯзи 26-уми июн таъсис шуд, якбора 100 ҳазор корбар обуна шудаанд. Ин обуначиҳо ба эътироз даъват доранд. Субҳи 27-уми июн дастрасӣ ба Интернет дар шаҳри Нуқус, маркази маъмурии Қароқалпоқистон маҳдуд шудааст.

Дар Конститутсияи амалкунандаи Узбекистон Қароқалпоқистон ҳамчун ҷумҳурии мухтор нишон дода шудааст, ки истиқлолаш аз сӯи Узбекистон муҳофизат мешавад. Ба илова, тибқи Конститутсияи амалкунанда, Қароқалпоқистон ҳақ дорад, аз ҳайати Узбекистон хориҷ шавад. Дар матни нави Конститутсия пешниҳод доранд, Қароқалпоқистон аз ин ҳақ маҳрум гардад.

Нашрияҳои Узбекистон бо такя ба кумисюни ислоҳи Конститутсия менависанд, ин пешниҳод аз сӯи вакилони порлумони Қароқалпоқистон таҳия шудааст.

Тарҳи ислоҳҳо ба Конститутсияи Узбекистон рӯзи 25-уми июн ба муҳокимаи умум гузошта шуд. Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон моҳи декабри соли 2021 пешниҳод кард, ки ба Конститутсияи он кишвар тағйиру иловаҳо ворид карда шавад.

Дар тарҳи тағйиру иловаҳо ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки муҳлати президентӣ аз 5 соли кунунӣ ба 7 сол дароз шавад. Инчунин, ду давраи роҳбарии президенти ҳозира "ба сифр" баробар гардад. Ин маънои онро дорид, ки Мирзиёев бори дигар метавонад, номзадиашро ба мақоми президентӣ пешбарӣ кунад.

Қароқалпоқистон аз се як қисми Узбекистонро ташкил медиҳад. Вилояти мухтори Қароқалпоқистон соли 1930 аз ҳайати Қазоқистони Шӯравӣ берун шуда, мустақим ба итоати Иттиҳоди Шӯравӣ шомил гардид. Аз соли 1936 то соли 1990 дар ҳайати Узбекистони Шӯравӣ буд.

Соли 1990 порлумони ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистон дар ҳайати Узбекистон эъломияи давлати мустақилро қабул кард. Ҳукумати Узбекистон дар соли 1993 бо Қароқалпоқистон шартномаи 20-солаи байнидавлатӣ баст ва ин кишварро шомили Узбекистон кард.

Дар соли 2013, вақте ки муҳлати шартнома ба поён расид, онро фаромӯш карда буданд. Аъзои ҳаракати "Алға, Қароқалпоқистон", ки ин масъала бардоштанд, ҳоло фирорӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG