Ҳукумати Амрико кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро ба рӯйхати давлатҳое дохил кард, ки эҳтимол ба давр задани таҳримҳои Ғарб ба Русия ва Беларус мадад кунанд. Ин феҳрастро шабакаи мубориза бо ҷиноятҳои молӣ ва идораи саноату бехатарии Вазорати молияи Амрико таҳия кардааст. Ҳарду ниҳод аз сохторҳои молӣ хостаанд, назоратро ҷиддӣ кунанд.
Зери заррабин
Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳоло расман зери заррабини ҳукумати Амрико ҳастанд. Акнун тамоми молу маҳсулоте, ки аз ин минтақа ба Русия ё Беларус содирот мешаванд, ҷиддан санҷида хоҳанд шуд. Маводи мавриди таваҷҷуҳи хос таҷҳизотест, ки ба ҳадафи низомӣ истифода мешаванд, аз ҷумла қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймо, системаҳои гидроакустикӣ, GPS, моҳвора ва таҷҳизот барои кони нафт.
"Ин тасмим бахше аз кӯшишҳои ҳамоҳангшудаи байнулмилалӣ барои фишори иқтисодӣ ба Русия ва Беларус аст. Ҳадаф ҳам суст кардани иқтидори низомии Русия аст, ки дар ҷанг бо Украина истифода мешавад. Дастрасии Русия ба маҳсулоти муҳим барои пойгоҳи низомию саноатӣ ва ҳарбиву иктишофӣ ин кишвар бояд маҳдуд карда шавад," -- гуфта шудааст дар эъломияи расмии Амрико.
Дар баробари Тоҷикистону ҳамсояҳояш ба ин феҳраст номи Чин, Ҳиндустон, Тайван ва Имороти Муттаҳидаи Арабро ҳам шомил кардаанд.
"Қоидаи таҳримро вайрон намекунем"
Пештар президенти Қазоқистон, Қосимҷомарт Тоқаев, дар бораи кумак ба Русия барои давр задани таҳримҳо изҳори назар карда буд. Ӯ ҳангоми суҳбат дар телевизиони давлатии "Россия 24" гуфт: "Таҳрим, таҳрим аст. Мо набояд онро вайрон кунем. Гузашта аз ин, огоҳнома гирифтаем, ки дар сурати нақзи таҳримҳо, иқтисоди кишварҳои мо ҳам аз сӯйи Ғарб таҳрим хоҳад шуд. Ин хеле кори мураккаб ва ҳассос аст. Ин ҳолат ба он монанд аст, ки дар байни обу оташ қарор бигирӣ."
Ба андешаи иқтисодшинос, Ҳайдар Алибоев, шомил шудани Қазоқистон ва кишварҳои дигар ба рӯйхати Амрико ҷойи нигаронии зиёд надорад. Ӯ бовар дорад, дар сурати содироти молу маҳсулоти таҳримшуда аз сӯйи ширкатҳои алоҳида, фақат худи ин ширкатҳо таҳрим мешаванд.
"Фикр намекунам, барои ин тамоми Қазоқистон таҳрим шавад. Чаро? Аввал ин ки ба назари ман чунин ҳолатҳо чандон зиёд нахоҳанд буд ва масъалаи то дараҷаи таҳримсозии тамоми кишвар намерасад. Дувум, вақте чандин ҳолат ошкор мешавад, ин метавонад чашми дигаронро тарсонад, то такрор накунанд,” – шарҳ дод ӯ.
Таҳрими як ширкати узбекистонӣ
То ҳоло ширкати узбекистонии "Промкомплектлогистик" барои ёрӣ ба Русия таҳрим шуд. Ҳукумати Амрико ширкатро ба ҳамкорӣ бо корхонаи "Радиавтоматик"-и Русия ва дастрас кардани таҷҳизоти электронӣ ба сохторҳои ҳарбии Русия гунаҳкор кард.
Ҳукумати Қазоқистон аллакай аз соҳибкоронаш даъват кардааст, дар масъалаи содирот ба Русия бодиққат бошанд. Дар ин кишвар як хадамоти махсуси тафтишу ҷустуҷӯи маводи таҳримшударо роҳандозӣ кардаанд.
Дар феҳрасти Амрико ҷой гирифтан ҳанӯз ба ин маънӣ нест, ки ин кишварҳо ҷонибдори сиёсати таҷовузкоронаи Русия ҳастанд. Сиёсатшиноси қазоқ Газиз Абишев мегӯяд, дар феҳраст дар қатори кишварҳои шарики Маскав, шарикони деринаи Амрико – Тайван, Исроил ва Имороти Муттаҳидаи Араб – ҳам ворид шудаанд.
Ба таъкиди сиёсатшинос, Вашингтон фақат мехоҳад, то ҳадди имкон кори Русияро дар дастрасии таҷҳизоти зарурӣ барои идомаи ҷанг мушкил кунад.
"Иқтисоди Русияро нафасгир карданианд"
Ӯ афзуд: "Зоҳиран Амрико фазоеро, ки тавассути он ба иқтисоди Русия кислород ворид мешавад, тангтар мекунад. Фаъолияти сафорати Амрико дар Қазоқистон беҳуда нест. Онҷо одамони оқиле ҳастанд, ки медонанд, Қазоқистон таҳти фишори шадиди иқтисодӣ, ҳарбӣ-сиёсӣ ва иттилоотии Русия қарор дорад. Ба фикрам, агар мо барои таъмини Русия бо маводи мавриди ниёзаш ба шаҳри бедарвоза табдил наёбем, Қазоқистонро ҳеч хатаре таҳдид намекунад.”
Дар ҳар сурат, ба андешаи коршинос эҳтимол Қазоқистон ва кишварҳои дигар мавриди таҳрим қарор гиранд. Агар, албатта, ягон ширкати вобаста ба давлат ҳангоми таҳвили маҳсулоти зери таҳрим боздошт ва ошкор карда шавад.
Газиз Абишев, сиёсатшиноси қазоқ, мегӯяд: "Агар ягон ширкати қазоқистонӣ, ки 100 дарсад шахсӣ ё бо сармоягузории хориҷӣ, масалан русӣ ё чиниву узбекӣ аст ва молу маводи таҳримшударо аз сӯйи Амрико интиқол диҳад, ҳукумати Қазоқистон хоҳад гуфт, мо ягон рабте надорем. Дар ин ҳолат, ҳукумати Амрико нисбати ширкат таҳрим ҷорӣ мекунад, на давлат. Вале агар даст доштани давлат дар чунин амале исбот ё маълум шавад, масъала дигар мешавад. Дар чунин ҳолат Амрико метавонад, фишорро рӯи Қазоқистон сахт кунад.2
Тоҷикистон, ки номаш дар рӯйхати Амрико шомил шудааст ва эҳтимол ба давр задани таҳримҳои Ғарб зидди Русия ва Беларус ширкат кунад, ҳоло дар ин бора расман мавқеашро нагуфтааст.