Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин сафари Пелосӣ ба Тайванро "бисёр хатарнок" хонд ва сафири Амрикоро даъват кард


Чанд соат пас аз ворид шудани Ненси Пелосӣ, раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико ба Тайван дар рӯзи сешанбе, Вазорати корҳои хориҷии Чин сафири Амрико дар Пекинро ба ин вазорат даъват кард. Чин эътирози худро ба ин сафари хонум Пелосӣ ба Тайван ба сафири ИМА расонидааст. Чин мегӯяд, сафари Ненси Пелосӣ ба Тайван "бисёр хатарнок" аст.

Дар ҳамин ҳол, раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико рӯзи чаҳоршанбе бо раиси ҷумҳур ва намояндагони порлумони Тайван мулоқот кард. Пелосӣ баландпоятарин мансабдори амрикоӣ аст, ки дар 25 соли гузашта ба Тайван сафар мекунад. Вай таъкид кардаст, ки бояд ба озодиҳои Тайван эҳтиром гузошта шавад.

Ин сафар дар ҳоле анҷом мешавад, ки артиши Чин рӯзи сешанбе гуфт, дар вокуниш ба сафари раиси Маҷлиси намояндагони Амрико ба Тайван, "бо иқдомҳои низомии ҳадафманд" вокуниш нишон медиҳад.

Ҷон Карбӣ, ҳамоҳангкунандаи робитаҳои стратегии Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед рӯзи сешанбе дар вокуниш ба интиқодҳои Чин ба сафари Ненси Пелосӣ гуфт, ки раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико аз ҳаққи худ барои сафар ба Тайван истифода кардааст. Вай сипас таъкид кард, ки сафари хонум Пелоси нақзи сиёсати "Чини ягона"-и Амрико нест.

Ҳукумати Амрико бар асоси сиёсати "Чини ягона" танҳо як кишвар, яъне Чинро ба расмият мешиносад, ки Тайван бахше аз ин кишвари ягон ба шумор меравад. Аммо ҳокимияти Чин бар Тайванро ба расмият намешиносад ва мухолифи ҳар гуна таҳдид алайҳи Тайван аст. Тибқи қонунҳои қабулкардаи Конгресс, ҳукумати Амрико вазифадор аст ҳама имкониятҳои лозим, аз ҷумла аслиҳаро барои дифоъ дар ихтиёри Тайван қарор диҳад.

Раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико рӯзи чаҳоршанбе дар мулоқот бо президенти Тайван гуфт, ин кишвар намунае аз "муқовимат" барои ояндаи рӯшан аст. Ӯ бо ишора ба ин набарди кунунӣ дар ҷаҳон байни демократия ва истибдод, бар азми Амрико барои ҳифз ва дифоъ аз демократия дар Тайван, таъкид кардааст.

Ӯ ҳамчунин дар мулоқот бо вакилони порлумони Тайван гуфтааст, ки мехоҳад робитаҳои байнипорлумонӣ миёни ИМА ва Тайван тақвият ёбад. Раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико ҳамчунин Тайванро "яке аз озодтарин кишварҳои ҷаҳон" хондааст.

Суханронии Пелосӣ дар маҷлисгоҳи порлумон баргузор нашуд, балки ӯ бо намояндагони порлумон аз ҳизбҳои мухталифи Тайванд суҳбат кард. Гуфта мешавад, ба сабаби ин, ки намояндагони порлумони Тайван дар рухсатии тобистона ба сар мебаранд, ҳама намояндагон дар ин мулоқот ҳузур надоштанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG